Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    Пешниҳодҳои нархҳо барои хизматрасониҳо дар гузаронидани семинарҳо 09.03.2022

    Пешниҳодҳои нархҳо барои хизматрасониҳо дар гузаронидани семинарҳо

    Пешниҳодҳои нархҳо барои хизматрасониҳо дар гузаронидани семинарҳо

    Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ (ФА) маблағгузорӣ мегардад.                                                                                                                                        

    Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар рух медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад. 

    Лоиҳа ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои расонидани хизматрасониҳо дар гузаронидани семинарҳо ва хизматрасониҳои логистикӣ даъват менамояд.

    Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:

    Пешниҳодҳо бояд дар лифофаҳои мӯҳршуда, тавассути хаткашон (курьер) ё шахсан на дертар аз 23.03.2022  соати 17:00 ба суроғаи зерин дастрас карда шаванд:

    кӯчаи Шамсӣ 5/1

    ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»

    Таъминкунанда бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад

    ·        Ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ширкат/иқтибос аз андоз

    ·        РМА

    ·        Шаҳодатномаи пайдоиш ва мутобиқати мол ба талаботи давлат (аз мақомоти дахлдори давлатӣ)

    ·        Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ

    Интизор меравад, ки таъминкунандагон ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.

    Кушодани пешниҳодҳо

    Лифофаҳо дар ҳузури аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида ва ёвари бахши хариди Лоиҳа кушода мешаванд.

    Баҳогузорӣ

    Лоиҳа ӯҳдадор нест, ки ҳамаи молҳои иловагии дар варақаи мушаххасот номбаршударо қабул кунад.

       

    Пешниҳодҳо аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:

    ·         Нархи умумӣ барои ташкили 2 маротиба қаҳванӯшӣ ва 1 маротиба хӯроки нисфирӯзӣ дар ҳудуди то 20 нафар дар                        ноҳияҳои Шаҳритус, Қабодиён, Носири Хусрав, Варзоб, Ваҳдат ва Файзобод

    ·         Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа

    ·         Имконияти ташкил намудани семинару вохӯриҳо дар ҷойҳои лозима


    Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо

                       Нархи пешниҳод бояд тамоми андозҳоро дар бар гирад.

      • Пардохт танҳо тавассути интиқоли бонк анҷом дода мешавад.
      • Нишон додани муҳлати иҷрои фармоиш.
               Лутфан дар болои лифофа: Пешниҳоди тиҷоратӣ барои гузаронидани семинарҳо ва хизматрасониҳои логистикӣ                 навишта шавад.

    ТАЛАБОТ НИСБАТИ ПЕШНИҲОДИ ТИҶОРАТӢ

    • Пешниҳоди тиҷоратӣ бояд тамоми арзишҳоро дар бар гирад

    ШАКЛ ВА МУҲЛАТИ ПЕШНИҲОД

    Пешниҳоди тиҷоратӣ бояд ба Лоиҳа, воқеъ дар КҲМЗ  кӯчаи Шамсӣ 5/1 фиристода шавад.

    Пешниҳодҳо на дертар аз 23/03/2022 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.

    • Пешниҳодҳое, ки пас аз ин сана ва вақт пешниҳод мегарданд, қабул карда намешаванд.
    • Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба телефони (+992) 94 9999180 ё почтаи электронии nurkhon.nazarov@undp.org дар тамос шавед.

    Пардохт:

    Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби хизматрасон тавассути бонк гузаронида мешаванд. Пардохтҳо пас аз қабули хизматрасонӣ аз ҷониби намояндагони Лоиҳа ва ҳангоми гирифтани варақаи аслӣ ва ҳисобнома-фактура анҷом дода мешаванд.

     


    Бозгашт