|
Эълон барои ишғоли вазифаи мушовир оиди масъалаҳои гендерӣ
Ташкилот: БРСММ/КҲМЗ
Вазифа: Мушовир оиди масъалаҳои гендерӣ (Реҷа: рӯзи кории нопурра)
Рамзи мушаххаси Лоиҳа: 111538
Соҳаи амалия – Тавсифи кор: Муҳити зист ва коҳиши офатҳои табиӣ - ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, КОҲИШИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ, ЭНЕРГЕТИКА ВА МУҲИТИ ЗИСТ
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост: 23.03.2022 (чоршанбе, соати 17:00-и вақти маҳаллӣ, Тоҷикистон)
Навъи шартнома: Инфиродӣ
Муҳлати амали шартнома: 3 моҳ бо имконияти тамдиди он
Маълумоти умумӣ
Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) дар шароити дар пешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар руҳ медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад.
Мушовир оиди масъалаҳои гендерӣ мустақиман ба менеҷери Лоиҳа (МЛ) ҳисобот медиҳад ва таҳти роҳбарии умумии Роҳбари гурӯҳи БРСММ/ тағйирёбии иқлим, коҳиши офатҳои табиӣ, энергетика ва муҳити зист кор мекунад. Ӯ барои ноил шудан ба натиҷаҳои пешбинишудаи Лоиҳа ва чорабиниҳое, ки дар нақшаи кории солона муайян карда шудаанд, мувофиқи муносибатҳои шарикона, меъёрҳои сифат, сатҳи буҷет ва муҳлатҳои дар ҳуҷҷатҳои Лоиҳа пешбинишуда, ба МЛ кӯмак менамояд.
Уҳдадориҳо ва масъулиятҳо
Таҳти назорат ва роҳнамоии умумии МЛ, мушовир оид ба масъалаҳои гендерӣ барои татбиқи нақшаи амал оид ба масъалаҳои гендерӣ масъул хоҳад буд. Мушовир оид ба масъалаҳои гендерӣ бо корманди масъули мониторинг ва арзёбӣ, корманди масъули муҳофизат ва кормандони масъул оид ба алоқа дар бораи ҷанбаҳои вобаста ба татбиқи Лоиҳа, гузоришдиҳӣ, мониторинг, арзёбӣ ва коммуникатсия ҳамкорӣ хоҳад кард. Масъулиятҳои мушаххас масъалаҳои зеринро дар бар мегиранд:
· Таҳияи нақшаи амал оид ба масъалаҳои гендерӣ дар чорчӯби Лоиҳа ҷиҳати таъмини иҷрои пурраи ҳадафҳо ва иҷрои талаботҳои гузоришдиҳӣ;
· Назорат/таҳия/ҳамоҳангсозии татбиқи тамоми корҳои вобаста ба масъалаҳои гендерӣ;
· Бознигарӣ намудани нақшаи амал оид ба масъалаҳои гендерӣ ва дар сурати зарурат таҷдид ва аз назар гузаронидани нақшаҳои дахлдори идоракунӣ;
· Кор бо корманди масъули мониторинг ва арзёбӣ, корманди масъули муҳофизат барои таъмин намудани оне, ки дар гузоришдиҳӣ, мониторинг ва арзёбӣ масъалаҳои гендерии Лоиҳа комилан дар назар гирифта шаванд;
· Иҷрои дигар вазифаҳо ва фаъолиятҳо аз рӯи зарурат ва ғайра.
Салоҳиятҳо
Таҳсилот:
- Маълумоти олӣ дар соҳаи таҳқиқоти гендерӣ, гендер ва рушд, муҳити зист, рушди устувор ё соҳаи ба ин наздик;
Таҷрибаи корӣ:
- Ҳадди ақал 5 сол таҷрибаи амалии корӣ оид ба баҳисобгирии омилҳои гендерӣ, тавонмандсозии занон ва рушди устувор дар кишвар/минтақа/соҳаи кори дахлдор;
- Фаҳмиши робитаи байни рушди устувор, масъалаҳои иҷтимоӣ ва гендерӣ;
- Таҷрибаи таҳияи лоиҳа ва методологияҳои идоракунии ба натиҷаҳо асосёфта талаб карда мешавад;
- Малакаҳои олии таҳлилӣ, навиштани гузоришҳо, ташвиқу тарғиб (эдвокасӣ), таҳияи презентатсияи ва коммуникатсия.
Таҷрибаи қаблӣ бо лоиҳаҳои СММ арзиши бештар дорад;
Талаботҳои вобаста ба забондонӣ:
- Ба таври равон ва комил донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ – ба донистани забони англисӣ афзалият дода мешавад
Талаботҳои дигар:
- Малакаҳои қавии байнишахсӣ, махсусан, сифатҳои дидашавандаи роҳбарии даста ва малакаҳои хуби муоширати шифоҳӣ.
- Дараҷаи баланди банақшагирӣ, малакаҳои ташкилӣ ва идоракунии вақт, аз ҷумла тағйирпазирӣ, таваҷҷуҳ ба ҷузъиёт ва қобилияти кор кардан дар зери фишор барои иҷро кардани кор дар муҳлатҳои маҳдуд.
- Қобилияти зуд мутобиқ шудан ба тағйирот ва ором нигоҳ доштани худ дар зери фишор;
- Доштани ҳисси қавии мустақил ва поквиҷдон будан муҳим аст;
- Маҳорати муошират ва гузоришдиҳӣ ва қобилияти кор кардан дар даста.
Маҳорату малака дар соҳаи ТИ (IT):
-Таҷриба дар истифодаи компютер ва бастаҳои нармафзори дафтари корӣ (MS Word, Excel ва ғайра), инчунин дониши амиқи ҷадвалҳои электронӣ ва бастаҳои додапойгоҳ;
-Ба доштани таҷриба дар системаҳои идоракунии ба веб асосёфта бартарӣ дода мешавад
Пешниҳоди дархостҳо
Номзадҳои баландихтисос метавонанд бастаи дархости худро (ариза, тарҷумаи ҳол ва нусхаи дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда) бо забонҳои тоҷикӣ/русӣ ва англисӣ тавассути почтаи электронӣ бо возеҳ нишон додани вазифа дар сатри "Мавзӯъ" пешниҳод намоянд.
Шахси тамос дар Лоиҳа: Нурхон Назаров;
Почтаи электронӣ: nurkhon.nazarov@undp.org
Телефон: +992 949999180
Ҳамчунин, бастаи дархости чопшударо дар лифофа бо нишон додани вазифаи холӣ ба суроғаи зерин пешниҳод кардан мумкин аст: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1, Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон».
Эзоҳ: Ба номзадҳои занони баландихтисос пешниҳод намудани дархостҳо ба ин вазифа бо таъкиди қавӣ тавсия дода мешавад.