Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    Эълон барои пешниҳоди хизматрасониҳои машваратии муҳандисӣ 09.03.2022

    Эълон барои пешниҳоди хизматрасониҳои машваратии муҳандисӣ

    Эълон барои пешниҳоди хизматрасониҳои машваратии муҳандисӣ

    Ташкилот: БРСММ/КҲМЗ

    Вазифа: Муҳандис барои ҳисобкунии хароҷоти фаъолиятҳои пилотӣ (Реҷа: рӯзи кории нопурра)

    Рамзи мушаххаси Лоиҳа: 111538

    Соҳаи амалия – Тавсифи кор:  Муҳити зист ва коҳиши офатҳои табиӣ - ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, КОҲИШИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ, ЭНЕРГЕТИКА ВА МУҲИТИ ЗИСТ

    Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост: 223.03.2022  (чоршанбе, соати 17:00-и вақти маҳаллӣ, Тоҷикистон)

    Навъи шартнома: Инфиродӣ

    Муҳлати амали шартнома: 3 моҳ бо имконияти тамдиди он    

    Маълумоти умумӣ

    Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ  маблағгузорӣ мегардад. 

    Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) дар шароити дар пешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар руҳ медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад.

    Муҳандис  тавассути менеҷери Лоиҳа (МЛ) ба Директори миллии Лоиҳа ҳисобот медиҳад ва таҳти роҳбарии умумии Сармушовири техникӣ кор мекунад. Ӯ барои ноил шудан ба натиҷаҳои пешбинишудаи Лоиҳа ва чорабиниҳое, ки дар нақшаи кории солона муайян карда шудаанд, мувофиқи муносибатҳои шарикона, меъёрҳои сифат, сатҳи буҷет ва муҳлатҳои дар ҳуҷҷатҳои Лоиҳа пешбинишуда, ба МЛ кӯмак менамояд.

    Уҳдадориҳо ва масъулиятҳо

    Зери назорат ва роҳнамоии умумии МЛ, мушовир аслан вазифадор аст, ки корҳои зеринро омода созад ва қисми назоратро иҷро кунад ва барои корҳои зерин масъул аст:

    ·         Тарҳи муфассал, нақшаҳо, сметаи хароҷот, ҳуҷҷатҳои тендериро омода месозад, ба Фармоишгар дар раванди харид ва               бастани шартнома барои банақшагирӣ ва татбиқи Лоиҳа кӯмак мерасонад.

    ·         Назорат аз болои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва риояи стандартҳои лоиҳакашӣ.

    ·         Назорат/санҷиши корҳо дар давраи бартараф кардани камбудиҳо.

    Иҷрои ҳама гуна уҳдадориҳо ва вазифаҳое, ки фармоиш дода мешаванд ва ғайра.

    Салоҳиятҳо

    Таҳсилот:                                                                                                                                                                                                            

    -      - Дараҷаи бакалавр дар муҳандисӣ/меъморӣ ё тахассуси касби баробар бо он.

    Таҷрибаи корӣ:

    -     Ҳадди ақал 5 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи муҳандисӣ/меъморӣ, бо тахассус дар лоиҳакашӣ, идоракунии лоиҳа ва ғайра.

    -     Таҷрибаи корӣ ба ҳайси муҳандис/меъмори дипломдор ақаллан дар як лоиҳаи монанд

                                                                                                                                                                                     

    Талаботҳои вобаста ба забондонӣ:                

    - Ба таври равон ва комил донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ – ба донистани забони англисӣ афзалият дода мешавад

    Дигар:

    -      Малакаҳои қавии байнишахсӣ, махсусан, сифатҳои дидашавандаи роҳбарии даста ва малакаҳои хуби муоширати шифоҳӣ.

    -      Нишон додани ҳассосият ва қобилияти мутобиқшавии ба хусусиятҳои фарҳангӣ, гендерӣ, нажодӣ, миллат ва синну сол.

    -      Малакаҳои баланди банақшагирӣ, созмонӣ ва идоракунии вақт, аз ҷумла тағйирпазирӣ, таваҷҷуҳ ба ҷузъиёт ва қобилияти кор кардан таҳти мамониятҳо барои анҷоми корҳо дар муҳлатҳои пешбинишуда.

    -      Қобилияти зуд мутобиқ шудан ба тағйиротҳо ва ором будан ҳангоми рӯ ба рӯ шудан ба мамониятҳо;

    Маҳорату малака дар соҳаи ТИ (IT):                         

    -Таҷриба дар истифодаи компютер ва бастаҳои нармафзори дафтари корӣ (MS Word, Excel ва ғайра), инчунин дониши амиқи ҷадвалҳои электронӣ ва бастаҳои додапойгоҳ;

        -Ба доштани таҷриба дар системаҳои идоракунии ба веб асосёфта бартарӣ дода мешавад

    Пешниҳоди дархостҳо

    Номзадҳои баландихтисос метавонанд бастаи дархости худро (ариза, тарҷумаи ҳол ва нусхаи дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда) бо забонҳои тоҷикӣ/русӣ ва англисӣ тавассути почтаи электронӣ бо возеҳ нишон додани вазифа дар сатри "Мавзӯъ" пешниҳод намоянд.

    Шахси тамос дар Лоиҳа: Нурхон Назаров;

    Почтаи электронӣ: nurkhon.nazarov@undp.org

    Телефон: +992 949999180

    Ҳамчунин, бастаи дархости чопшударо дар лифофа бо нишон додани вазифаи холӣ ба суроғаи зерин пешниҳод кардан мумкин аст: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1, Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон».

    Эзоҳ:  Ба номзадҳои занони баландихтисос пешниҳод намудани дархостҳо ба ин вазифа бо таъкиди қавӣ тавсия дода мешавад.

    Бозгашт