|
Эълон барои пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ
Ташкилот: БРСММ/КҲМЗ
Вазифа: Мушовири пешбари миллӣ оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои зерҳавзаи обҷамъшавӣ дар ҷамоатҳои зерҳадафи ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) (Реҷа: рӯзи кории нопурра) -1 нафар;
Мушовири миллӣ оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои зерҳавзаи обҷамъшавӣ дар ҷамоатҳои зерҳадафи ҷанубӣ ҲДК (Реҷа: рӯзи кории нопурра) -1 нафар; ва
Мушовири миллӣ оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои зерҳавзаи обҷамъшавӣ дар ҷамоатҳои зерҳадафи шимолӣ ҲДК (Реҷа: рӯзи кории нопурра) -1 нафар;
Рамзи мушаххаси Лоиҳа: 111538
Соҳаи амалия – Тавсифи кор: Муҳити зист ва коҳиши офатҳои табиӣ - ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, КОҲИШИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ, ЭНЕРГЕТИКА ВА МУҲИТИ ЗИСТ
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост: 28.04.2022 (панҷшанбе, соати 17:00-и вақти маҳаллӣ )
Навъи шартнома: Инфиродӣ
Муҳлати амали шартнома: 3 моҳ бо имконияти тамдиди он
Маълумоти умумӣ
Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) дар шароити дар пешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар руҳ медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад.
Мушовирони миллӣ таҳти роҳбарии умумии Директори миллии Лоиҳа, сармушовири техникӣ тавассути Менеҷери Лоиҳа (МЛ) кору фаъолият мекунанд. Онҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳои пешбинишудаи Лоиҳа ва чорабиниҳое, ки дар нақшаи кории солона муайян карда шудаанд, мувофиқи муносибатҳои шарикона, меъёрҳои сифат, сатҳи буҷет ва мӯҳлатҳои дар ҳуҷҷатҳои Лоиҳа пешбинишуда, ба МЛ кӯмак менамоянд
Уҳдадориҳо ва масъулиятҳо
Мушовирон таҳти роҳбарии умумии Директори миллии Лоиҳа, сармушовири техникӣ, тавассути МЛ, мушовирони миллӣ миллӣ вазифаҳо ва масъулиятҳои зеринро иҷро мекунанд:
• Таҳияи нақшаҳои чорабиниҳои зерҳавзаи обҷамъкунӣ барои ҷамоатҳои осебпазири зерҳадаф;
• Мутобиқ намудани нақшаҳои амали зерҳавзаи обҷамъшавӣ бо стратегияи идоракунии ҳамгирошудаи ҳавза;
• Дар таҳияи нақшаҳою чорабиниҳои муштараки зерҳавзаи обҷамъкунӣ ҷалб намудани намояндагони
ноҳияҳо аз КҲМЗ ва мақомоти сатҳи ҷамоатҳо ва иҷрои дигар ӯҳдадориҳое, ки аз ҷониби роҳбарият ва ё
МЛ муайян ва ё пешниҳод мегарданд.
Салоҳиятҳо
Таҳсилот:
- Ҳадди ақал таҳсилоти олӣ дар соҳаҳои муҳити зист, иқтисод, захираҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқуллода, энергетика ва ё соҳаи ба он наздик.
Таҷрибаи корӣ:
- Ҳадди ақал аз 3 то 5 сол таҷрибаи кории мувофиқ дар соҳаҳои муҳити зист, иқтисод, захираҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқуллода ва ё энергетика дар амалигардонии лоиҳаҳои монанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Талаботҳои вобаста ба забондонӣ:
- Ба таври равон ва комил донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ – ба донистани забони англисӣ афзалият дода мешавад
Дигар:
- Малакаҳои қавии байнишахсӣ, махсусан, сифатҳои дидашавандаи роҳбарии даста ва малакаҳои хуби муоширати шифоҳӣ.
- Нишон додани ҳассосият ва қобилияти мутобиқшавии ба хусусиятҳои фарҳангӣ, гендерӣ, нажодӣ, миллат ва синну сол.
- Малакаҳои баланди банақшагирӣ, созмонӣ ва идоракунии вақт, аз ҷумла тағйирпазирӣ, таваҷҷуҳ ба ҷузъиёт ва қобилияти кор кардан таҳти мамониятҳо барои анҷоми корҳо дар муҳлатҳои пешбинишуда.
- Қобилияти зуд мутобиқ шудан ба тағйиротҳо ва ором будан ҳангоми рӯ ба рӯ шудан ба мамониятҳо;
Маҳорату малака дар соҳаи ТИ (IT):
-Таҷриба дар истифодаи компютер ва бастаҳои нармафзори дафтари корӣ (MS Word, Excel ва ғайра), инчунин дониши амиқи ҷадвалҳои электронӣ ва бастаҳои додапойгоҳ;
-Ба доштани таҷриба дар системаҳои идоракунии ба веб асосёфта бартарӣ дода мешавад
Пешниҳоди дархостҳо
Номзадҳои баландихтисос метавонанд бастаи дархости худро (ариза, тарҷумаи ҳол ва нусхаи дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда) бо забонҳои тоҷикӣ/русӣ ва англисӣ тавассути почтаи электронӣ бо возеҳ нишон додани вазифа дар сатри "Мавзӯъ" пешниҳод намоянд.
Шахси тамос дар Лоиҳа: Нурхон Назаров;
Почтаи электронӣ: nurkhon.nazarov@undp.org
Телефон: +992 949999180
Ҳамчунин, бастаи дархости чопшударо дар лифофа бо нишон додани вазифаи холӣ ба суроғаи зерин пешниҳод кардан мумкин аст: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1, Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон».
Эзоҳ: Ба номзадҳои занони баландихтисос пешниҳод намудани дархостҳо ба ин вазифа бо таъкиди қавӣ тавсия дода мешавад.