|
Эълон барои пешниҳоди хизматрасониҳо дар гузаронидани омӯзишҳо
Ташкилот: БРСММ/КҲМЗ
Вазифа: Коршиноси пешбари миллӣ барои гузаронидани омӯзишҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва иқтидор барои мақомотҳои интихобгардида дар ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Шаҳритус, Қабодиён, Носири Хусрав ва ш. Ваҳдат (Реҷа: рӯзи кории нопурра) -1 нафар ва Ёвари миллӣ барои дастгирии гузаронидани тренингҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва рушди иқтидор барои мақомотҳои интихобгардида дар ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Шаҳритус, Қабодиён, Носири Хусрав ва ш. Ваҳдат (Реҷа: рӯзи кории нопурра) -1 нафар
Рамзи мушаххаси Лоиҳа: 111538
Соҳаи амалия – Тавсифи кор: Муҳити зист ва коҳиши офатҳои табиӣ - ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, КОҲИШИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ, ЭНЕРГЕТИКА ВА МУҲИТИ ЗИСТ
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост: 27.04.2022 (чоршанбе, соати 17:00-и вақти маҳаллӣ)
Навъи шартнома: Инфиродӣ
Муҳлати амали шартнома: 3 моҳ бо имконияти тамдиди он
Маълумоти умумӣ
Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) дар шароити дар пешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар руҳ медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад.
Уҳдадориҳо ва масъулиятҳо
Таҳти роҳбарии умумии Директори миллии лоиҳа (ДМЛ) ва Сармушовири техникӣ (СТ), инчунин Менеҷери Лоиҳа (МЛ), Коршиноси пешбари миллӣ ва Ёвари миллӣ масъулияти умумӣ барои расонидани дастгирии моддию техникӣ ва кӯмак дар гузаронидани як қатор омӯзишҳо оиди баланд бардоштани огоҳӣ ва иқтидор аз рӯйи Стратегияи идоракунии ҳамгироишудаи ҳавза барои ҷонибҳои асосии манфиатдор ва ҷамоатҳои деҳоти ҳавзаи дарёи Кофарниҳонро ба душ хоҳанд дошт. Инчунин таҳти роҳбарии умумии ДМЛ, СТ, тавассути МЛ, Коршиноси пешбари миллӣ ва Ёвари миллӣ барои гузаронидани омӯзишҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва иқтидор барои мақомотҳою ниҳодҳои интихобгардидаи ҲДК дар ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Шаҳритус, Қабодиён ва Носири Хусрав ва ш. Ваҳдат барои мавридҳои зерин масъул хоҳанд буд:
· Омода намудани нақшаи муфассали корӣ, аз ҷумла методология ва усулҳои таълим, инчунин ҷадвали муфассали иҷрои супоришҳо, пешниҳодҳо ва муҳокима намудани онҳо бо дастаи Лоиҳа ва дар ҳолати зарурӣ инъикос кардани тағйиротҳои мувофиқашуда.
· Гузаронидани семинарҳо оид ба баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи татбиқи таҷрибаи беҳтарини ҳам миллию ва ҳам байналмилалӣ барои ҳамгироии хатарҳои иқлимӣ дар идоракунии ҳамгироишудаи ҲДК.
· Роҳбарӣ/Расонидани кӯмакҳои рӯзмарра дар гузаронидани омӯзишҳои алоқаманд ба баланд бардоштани иқтидор барои ниҳодҳои давлатӣ дар сатҳи ноҳияҳо ва ҷамоатҳо оид ба идоракунии ҳамгироишудаи ҳавза ва муайян кардани хатарҳои иқлим, ки чунин усули идоракуниро талаб мекунанд.
Иҷрои ҳама гуна вазифаҳои дигари марбут ба омӯзишҳо, баланд бардоштани иқтидор, банақшагирӣ ва татбиқи чораҳо оиди устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва ғайра фаъолиятҳои монанд, ки аз ҷониби МЛ вогузор мегарданд.
Салоҳиятҳо
Таҳсилот:
· Ҳадди ақал таҳсилоти олӣ дар иқтисодиёти муҳити зист, идоракунии захираҳои табиӣ ё соҳаи дахлдор.
· Таҳсилоти баъдидипломӣ (магистри илм) афзалият хоҳад дошт.
Таҷрибаи корӣ:
· Ҳадди ақал 3 сол таҷрибаи пайваста ва дониши қавӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва идоракунии захираҳои табиӣ, аз ҷумла таҷриба дар лоиҳаҳо оид ба устуворӣ ба тағйирёбии иқлим.
· Ҳадди ақал 3 сол таҷриба ва дониши дахлдор дар гузаронидани чорабиниҳои баланд бардоштани иқтидор ва огоҳӣ оид ба таҳқими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим.
· Таҷрибаи қаблии собитшуда дар пешниҳоди хидматрасонии машваратӣ ба ниҳодҳои давлатӣ ё шарики рушд бо таҷрибаи мушаххаси гузаронидани омӯзишҳо.
· Таҷрибаи корӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, давлатӣ ва донистани сиёсати Фонди мутобиқшавӣ ва БРСММ ва дорои таҷрибаи корӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон.
Талаботҳои вобаста ба забондонӣ:
- Ба таври равон ва комил донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ – ба донистани забони англисӣ афзалият дода мешавад.
Дигар:
- Малакаҳои қавии байнишахсӣ, махсусан, сифатҳои дидашавандаи роҳбарии даста ва малакаҳои хуби муоширати шифоҳӣ.
- Нишон додани ҳассосият ва қобилияти мутобиқшавии ба хусусиятҳои фарҳангӣ, гендерӣ, нажодӣ, миллат ва синну сол.
- Малакаҳои баланди банақшагирӣ ва идоракунии вақт, аз ҷумла тағйирпазирӣ, таваҷҷуҳ ба ҷузъиёт ва қобилияти кор кардан таҳти мамониятҳо барои анҷоми корҳо дар мӯҳлатҳои пешбинишуда.
Маҳорату малака дар соҳаи ТИ (IT):
-Таҷриба дар истифодаи компютер ва бастаҳои нармафзори дафтари корӣ (MS Word, Excel ва ғайра),
инчунин дониши амиқи ҷадвалҳои электронӣ ва бастаҳои додапойгоҳ;
-Ба доштани таҷриба дар системаҳои идоракунии ба веб асосёфта бартарӣ дода мешавад.
Пешниҳоди дархостҳо
Номзадҳои баландихтисос метавонанд бастаи дархостҳои худро (ариза, тарҷумаи ҳол (CV) ва нусхаи дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда) бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, тавассути почтаи электронӣ бо возеҳ нишон додани вазифа дар сатри "Мавзӯъ" пешниҳод намоянд.
Шахси тамос дар Лоиҳа: Назаров Нурхон
Почтаи электронӣ: nurkhon.nazarov@undp.org
Телефон: +992 949999180
Ҳамчунин, бастаи дархостҳои чопкардашударо дар лифофа бо нишон додани вазифаи холӣ ба суроғаи зерин пешниҳод кардан мумкин аст: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1, Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон».
Эзоҳ: Ба номзадҳои занони баландихтисос пешниҳод намудани дархостҳо барои ишғоли вазифаҳои
мазкур бо таъкиди қавӣ тавсия дода мешавад.