Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    Эълон барои пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ 02.03.2022

    Эълон барои пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ

    Эълон барои пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ

    Ташкилот: БРСММ/КҲМЗ

    Вазифа: Мушовири миллӣ оид ба дастгирии гузаронидани арзёбии хатарҳои чандгонаи вобаста ба хавфи иқлим дар ҳавзаҳои обҷамъшавии осебпазири ҳавзаи дарёи Кофарниҳон барои ноҳияҳои Варзоб, Файзобод ва ш. Ваҳдат (Реҷа: рӯзи кории нопурра) -1 нафар ва Мушовири миллӣ оид ба дастгирии гузаронидани арзёбии хатарҳои чандгонаи вобаста ба хавфи иқлим дар ҳавзаҳои обҷамъшавии осебпазири ҳавзаи дарёи Кофарниҳон барои ноҳияҳои Шаҳритуз, Қабодиён ва Носири Хусрав -1 нафар

    Рамзи мушаххаси Лоиҳа: 111538

    Соҳаи амалия – Тавсифи кор:  Муҳити зист ва коҳиши офатҳои табиӣ - ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, КОҲИШИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ, ЭНЕРГЕТИКА ВА МУҲИТИ ЗИСТ

    Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост: 16.03.2022  (чоршанбе, соати 17:00-и вақти маҳаллӣ, Тоҷикистон)

    Навъи шартнома: Инфиродӣ

    Муҳлати амали шартнома: 3 моҳ бо имконияти тамдиди он    

    Маълумоти умумӣ

    Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ  маблағгузорӣ мегардад. 

    Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) дар шароити дар пешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар руҳ медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад.

    Мутахассис оид ба робитаҳои беруна татбиқи Стратегияи идоракунии коммуникатсия ва донишҳои Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро дастгирӣ намуда, дар робита бо ҳама ҷузъҳои Лоиҳа кӯмаки баландсифат ва техникӣ мерасонад.Ӯ тавассути менеҷери Лоиҳа (МЛ)  ба директори миллии Лоиҳа ҳисобот медиҳад ва таҳти роҳбарии умумии сармушовири техникӣ кор хоҳад кард. Ӯ барои ноил шудан ба натиҷаҳои пешбинишудаи Лоиҳа ва чорабиниҳое, ки дар нақшаи кории солона муайян карда шудаанд, мувофиқи муносибатҳои шарикона, меъёрҳои сифат, сатҳи буҷет ва муҳлатҳои дар ҳуҷҷатҳои Лоиҳа пешбинишуда, ба МЛ кӯмак менамояд.

    Уҳдадориҳо ва масъулиятҳо

    Таҳти роҳбарии умумии директори миллии Лоиҳа, сармушовири техникӣ, тавассути МЛ, мушовири миллӣ (харитасозии хатарҳо) ҷиҳати дастгирии мушовири байналмилалӣ оид ба таҳияи Моделҳои бисёрхатарии вобаста ба хавфи иқлим барои ҳавзаҳои осебпазири ҲДК барои мавридҳои зерин масъул хоҳад буд:

    ·        Бознигарии фаврии таҷрибаи вуҷуддоштаи миллӣ ва намунаҳои харитасозӣ ва моделсозии хатарҳои чандгонаи вобаста ба хавфи иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардани сабақҳои асосиии омӯхташуда дар гузашта дар робита ба иҷрои чунин моделсозӣ (методологияҳо, манбаъҳои маълумот, таҷрибаи техникии вуҷуддоштаи дар кишвар ва ғайра) ва ҳамчунин чӣ гуна натиҷаҳо ба таври муфид истифода ва татбиқ карда шудаанд (дар сатҳи миллӣ ё маҳаллӣ).

    ·        Таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии мушовири байналмилалӣ, ҷамъоварии маълумоти зарурӣ барои таҳия намудани рӯйхати мухтасар ва интихоби шумораи имконпазири ҳавзаҳои обҷамъшавии осебпазир дар ҲДК ҷиҳати дар онҳо гузаронидани машқҳои харитасозӣ ва моделсозии хатарҳои чандгонаи вобаста ба хавфи иқлим.

    ·        Аз рӯи зарурат, дастгирӣ намудани мушовири байналмилалӣ барои омода кардани методологияи муфассал ва нақшаи иҷро ҷиҳати таҳияи харита ва моделҳои бисёрхатарии вобаста ба хавфи иқлим дар ҳавзаҳои обҷамъшавии осебпазири интихобшуда.

    ·        Таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии мушовири байналмилалӣ, баргузор намудани таҳлилҳо ва муқоисаи фаврии маълумотҳо ва иттилооти мувофиқ, ки ҷиҳати амалан таҳия кардани харитаҳо ва моделҳои бисёрхатарии вобаста ба хавфи иқлим барои ҳавзаҳои обҷамъшавии осебпазири интихобшуда.

    ·        Расонидани кӯмак ба мушовири байналмилалӣ дар муайян кардани оне, ки кадом идораҳои миллӣ ва маҳаллӣ дар доираи ҲДК метавонанд аз маълумотҳо ва натиҷаҳое, ки аз харитаҳо ва моделҳои бисёрхатарии вобаста ба хавфи иқлим ба даст оварда шудаанд ва чӣ гуна беҳтар паҳн кардани чунин маълумотҳо манфиат дарёфт намоянд.

    ·        Дастгирии ташкил намудани семинарҳои миллӣ (рӯ ба рӯ ё ба таври маҷозӣ) дар кишвар, ки аз ҷониби мушовири байналмилалӣ роҳбарӣ карда мешавад, аз ҷумла: дастгирӣ барои муайян кардани шахсони/созмонҳои мушаххас, ки бояд ба семинарҳо даъват карда шаванд, ҷанбаҳои таъминоти моддию техникӣ (логистикӣ) ва таҷҳизот, омода кардани маводҳо барои паҳнсозӣ ва мусоидат дар раванди презентатсияҳо ва муҳокимаҳои мавзӯъҳои семинарҳо.

    Аз рӯи зарурат, расонидани кӯмак ба мушовири байналмиллалӣ дар таҳия ва анҷом додани гузориши ҷамъбастии ниҳоӣ оид ба машқҳои харитасозӣ ва моделсозии хатарҳои чандгонаи вобаста ба хавфи иқлим дар ҳавзаҳои обҷамъшавии осебпазир.

    Салоҳиятҳо

    Таҳсилот:                                                                                                                                                                                                            

    -      Ҳадди ақал таҳсилоти олӣ дар бахши харитасозӣ ва моделсозии захираҳои табиӣ ё соҳаи ба он наздик. Таҳсилоти баъдидипломӣ (магистри илм) афзалият хоҳад дошт.

    Таҷрибаи корӣ:

    -      Ҳадди ақал 5 сол таҷрибаи кории мувофиқ дар моделсозии равандҳои захираҳои табиӣ бо таҷрибаи мустақим оид ба Моделҳои бисёрхатарии вобаста ба хавфи иқлим бартарии бисёр назаррас аст.

    -      На камтар аз 5 сол таҷрибаи корӣ ва таҳияи чунин моделҳо ва татбиқи амалии онҳо дар кишварҳои монанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

                                                                                                                                                                                        

    Талаботҳои вобаста ба забондонӣ:                

    - Ба таври равон ва комил донистани забони англисӣ дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ – донистани забони русӣ ва/ё тоҷикӣ афзалияти муҳим хоҳад дошт.

    Дигар:

    -      Малакаҳои қавии байнишахсӣ, махсусан, сифатҳои дидашавандаи роҳбарии даста ва малакаҳои хуби муоширати шифоҳӣ.

    -      Нишон додани ҳассосият ва қобилияти мутобиқшавии ба хусусиятҳои фарҳангӣ, гендерӣ, нажодӣ, миллат ва синну сол.

    -      Малакаҳои баланди банақшагирӣ, созмонӣ ва идоракунии вақт, аз ҷумла тағйирпазирӣ, таваҷҷуҳ ба ҷузъиёт ва қобилияти кор кардан таҳти мамониятҳо барои анҷоми корҳо дар муҳлатҳои пешбинишуда.

    -      Қобилияти зуд мутобиқ шудан ба тағйиротҳо ва ором будан ҳангоми рӯ ба рӯ шудан ба мамониятҳо;

    Маҳорату малака дар соҳаи ТИ (IT):                         

    -Таҷриба дар истифодаи компютер ва бастаҳои нармафзори дафтари корӣ (MS Word, Excel ва ғайра), инчунин дониши амиқи ҷадвалҳои электронӣ ва бастаҳои додапойгоҳ;

        -Ба доштани таҷриба дар системаҳои идоракунии ба веб асосёфта бартарӣ дода мешавад

    Пешниҳоди дархостҳо

    Номзадҳои баландихтисос метавонанд бастаи дархости худро (ариза, тарҷумаи ҳол ва нусхаи дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда) бо забонҳои тоҷикӣ/русӣ ва англисӣ тавассути почтаи электронӣ бо возеҳ нишон додани вазифа дар сатри "Мавзӯъ" пешниҳод намоянд.

    Шахси тамос дар Лоиҳа: Нурхон Назаров;

    Почтаи электронӣ: nurkhon.nazarov@undp.org

    Телефон: +992 949999180

    Ҳамчунин, бастаи дархости чопшударо дар лифофа бо нишон додани вазифаи холӣ ба суроғаи зерин пешниҳод кардан мумкин аст: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1, Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон».

    Эзоҳ:  Ба номзадҳои занони баландихтисос пешниҳод намудани дархостҳо ба ин вазифа бо таъкиди қавӣ тавсия дода мешавад.

    Бозгашт