Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    Эълон барои пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ 02.03.2022

    Эълон барои пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ

    Эълон барои пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ

    Ташкилот: БРСММ/КҲМЗ

    Вазифа: Мушовири миллӣ барои гузаронидани арзёбии умумии ислоҳоти соҳаи об (Реҷа: рӯзи кории нопурра)

    Рамзи мушаххаси Лоиҳа: 111538

    Соҳаи амалия – Тавсифи кор:  Муҳити зист ва коҳиши офатҳои табиӣ - ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, КОҲИШИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ, ЭНЕРГЕТИКА ВА МУҲИТИ ЗИСТ

    Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост: 16.03.2022  (чоршанбе, соати 17:00-и вақти маҳаллӣ, Тоҷикистон)

    Навъи шартнома: Инфиродӣ

    Муҳлати амали шартнома: 3 моҳ бо имконияти тамдиди он    

    Маълумоти умумӣ

    Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ  маблағгузорӣ мегардад. 

    Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) дар шароити дар пешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар руҳ медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад.

    Мутахассис оид ба робитаҳои беруна татбиқи Стратегияи идоракунии коммуникатсия ва донишҳои Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро дастгирӣ намуда, дар робита бо ҳама ҷузъҳои Лоиҳа кӯмаки баландсифат ва техникӣ мерасонад.Ӯ тавассути менеҷери Лоиҳа (МЛ)  ба директори миллии Лоиҳа ҳисобот медиҳад ва таҳти роҳбарии умумии сармушовири техникӣ кор хоҳад кард. Ӯ барои ноил шудан ба натиҷаҳои пешбинишудаи Лоиҳа ва чорабиниҳое, ки дар нақшаи кории солона муайян карда шудаанд, мувофиқи муносибатҳои шарикона, меъёрҳои сифат, сатҳи буҷет ва муҳлатҳои дар ҳуҷҷатҳои Лоиҳа пешбинишуда, ба МЛ кӯмак менамояд.

    Уҳдадориҳо ва масъулиятҳо

    Таҳти назорат ва роҳбарии умумии МЛ, мушовир уҳдадориҳои зеринро дорад:

    ·        Баррасии ҷамъбастии Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025;

    ·        Баррасии фарзияҳое, ки дар ҳуҷҷати лоиҳавии Фонди Адаптатсионӣ оид ба пешрафти ислоҳоти бахши об, ки дар ҲДК баён шудаанд

    Пешниҳоди тавсияҳои мушаххас оид ба тадбирҳои афзалиятнок, ки ба Лоиҳа барои пур кардани камбудиҳои ҷойдошта дар раванди мавҷудаи барномаи ислоҳоти бахши об барои солҳои 2016-25 дар ҲДК заруранд ва барои фароҳам овардани муҳити мусоид ҷиҳати таъсири устувори Лоиҳа муҳиманд.

    Салоҳиятҳо

    Таҳсилот:                                                                                                                                                                                 

    - Ҳадди ақал доштани таҳсилоти олӣ дар соҳаи экология, ҷангал, тағирёбии иқлим, ҳифзи табиат, иқтисоди захираҳои табиӣ, иқтисоди рушд, молия ё соҳаҳои ба он наздик. Ба дараҷаи баъдидипломӣ (дараҷаи магистр) бартарӣ дода мешавад.

    Таҷрибаи корӣ:                                                                                                                                                                                            

          - Ҳадди ақал 5 соли таҷрибаи дахлдор дар баррасӣ ва арзёбии идоракунии захираҳои табиӣ   

           (ИЗТ) вобаста ба сиёсатҳои соҳавӣ, стратегияҳо, коммуникатсияҳои миллӣ ва соҳаи монанд;

    -Таҷрибаи 5 соли собитшудаи кор бо муассисаҳои миллии муҳити зист ва ИЗТ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон.

    Талаботҳои вобаста ба забондонӣ

         -Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳам хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ. Ба донистани забони англисӣ

          бартарӣ дода мешавад.

    Маҳорату малака дар соҳаи ТИ (IT):

        -Таҷриба дар истифодаи компютер ва бастаҳои нармафзори дафтари корӣ (MS Word, Excel ва ғайра), инчунин дониши амиқи ҷадвалҳои электронӣ ва бастаҳои додапойгоҳ;

        -Доштани таҷриба дар идоракунии вебнизомҳо бартарӣ хоҳад дошт.

    Пешниҳоди дархостҳо

    Номзадҳои баландихтисос метавонанд бастаи дархости худро (ариза, тарҷумаи ҳол ва нусхаи дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда) бо забонҳои тоҷикӣ/русӣ ва англисӣ тавассути почтаи электронӣ бо возеҳ нишон додани вазифа дар сатри "Мавзӯъ" пешниҳод намоянд.

    Шахси тамос дар Лоиҳа: Нурхон Назаров;

    Почтаи электронӣ: nurkhon.nazarov@undp.org

    Телефон: +992 949999180

    Ҳамчунин, бастаи дархости чопшударо дар лифофа бо нишон додани вазифаи холӣ ба суроғаи зерин пешниҳод кардан мумкин аст: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1, Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон».

    Эзоҳ:  Ба номзадҳои занони баландихтисос пешниҳод намудани дархостҳо ба ин вазифа бо таъкиди қавӣ тавсия дода мешавад.

    Бозгашт