Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    Эълон барои ишғоли вазифаи тарҷумони хаттӣ ва шифоҳии Лоиҳа 03.03.2022

    Эълон барои ишғоли вазифаи тарҷумони хаттӣ ва шифоҳии Лоиҳа

    Эълон барои ишғоли вазифаи тарҷумони хаттӣ ва шифоҳии Лоиҳа

    Ташкилот: БРСММ/КҲМЗ

    Вазифа: Тарҷумони хаттӣ ва шифоҳии Лоиҳа (Реҷа: рӯзи кории нопурра дар асоси шартнома)

    Рамзи мушаххаси Лоиҳа: 111538

    Соҳаи амалия – Тавсифи кор:  Муҳити зист ва коҳиши офатҳои табиӣ - ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, КОҲИШИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ, ЭНЕРГЕТИКА ВА МУҲИТИ ЗИСТ

    Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост: 16.03.2022  (чоршанбе, соати 17:00-и вақти маҳаллӣ, Тоҷикистон)

    Навъи шартнома: Инфиродӣ

    Муҳлати амали шартнома: 3 моҳ бо имконияти тамдиди он    

    Маълумоти умумӣ

    Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ  маблағгузорӣ мегардад. 

    Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) дар шароити дар пешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар руҳ медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад.

    Мутахассис оид ба робитаҳои беруна татбиқи Стратегияи идоракунии коммуникатсия ва донишҳои Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро дастгирӣ намуда, дар робита бо ҳама ҷузъҳои Лоиҳа кӯмаки баландсифат ва техникӣ мерасонад.Ӯ тавассути менеҷери Лоиҳа (МЛ)  ба директори миллии Лоиҳа ҳисобот медиҳад ва таҳти роҳбарии умумии сармушовири техникӣ кор хоҳад кард. Ӯ барои ноил шудан ба натиҷаҳои пешбинишудаи Лоиҳа ва чорабиниҳое, ки дар нақшаи кории солона муайян карда шудаанд, мувофиқи муносибатҳои шарикона, меъёрҳои сифат, сатҳи буҷет ва муҳлатҳои дар ҳуҷҷатҳои Лоиҳа пешбинишуда, ба МЛ кӯмак менамояд.

    Уҳдадориҳо ва масъулиятҳо:

    Таҳти назорат ва роҳбарии умумии МЛ тарҷумони Лоиҳа масъул аст, ки фаъолиятҳои Лоиҳаи вобаста ба муҳити зистро дар вақти таъйиншуда иҷро намояд.  Тарҷумони хаттӣ ва шифоҳии Лоиҳа бо кормандони Лоиҳа (МЛ, корманди масъули масоили харид, корманди масъули маъмуриву молиявӣ, корманди масъули мониторинг ва арзёбӣ, аз ҷумла кормандони техникии дар маҳалҳо ба кор гирифташуда, вобаста ба ҷанбаҳои фаъолияти Лоиҳа аз наздик кор мекунад. Масъулиятҳои махсус мавридҳои зеринро дар бар мегиранд:

    ·        Тарҷумаи саривақтӣ ва босифати ҳуҷҷатҳои марбут ба ҳуҷҷатҳо ва гузоришҳои расмии гуногун;

    ·        Тарҷумаи шифоҳии вохӯриҳо, музокираҳо, машғулиятҳо, инчунин тарҷумаи хаттии маводҳои семинар ва ғайра;

    ·        Ҳангоми зарурат сафар кардан ба маҳалҳо барои тарҷума дар вохӯриҳо ва фаъолиятҳои монанд ба инҳо;

    ·        Пешбарии кор барои яксонсозии истилоҳот, инкишоф додани таърифи тарҷума;

    ·        Тарҷума кардани мақолаҳо ва маводҳои махсуси дарёфтшуда аз БРСММ, КҲМЗ, маъмурияти Фонди Адаптатсионӣ, Маркази Идоракунии Лоиҳаҳо;

    ·        Барои вазифаҳои дар боло зикршуда масъулияти шахсӣ дорад.

    Дигар уҳдадориҳо ва вазифаҳое, ки аз ҷониби роҳбарияти Лоиҳа дархост карда мешаванд ва ғайра.

    Салоҳиятҳо

    Таҳсилот:                                                                                                                                                                                 

    - Таҳсилоти олӣ дар соҳаи забонҳои хориҷӣ; ё ҳадди ақал 3 соли таҷрибаи корӣ дар тарҷумаи хаттӣ ва шифоҳӣ (ҳамзамон).

    Таҷрибаи корӣ:                                                                                                                                                                                             

    - Ҳадди ақал 3 сол таҷрибаи кории дахлдор дар тарҷумаи хаттӣ ва шифоҳӣ (ҳамзамон) барои татбиқи лоиҳа ё барнома, ба таври идеалӣ бо ҷалби донорҳои байналмилалӣ;

    - Таҷрибаи қаблии маъмурӣ дар таҳия ва татбиқи стратегияҳои лоиҳаҳои экологӣ барои ташкилотҳо ё лоиҳаҳо;

    - Малакаҳои хеле хуби байнишахсӣ;

    - Ба таҷрибаи қаблӣ бо лоиҳаҳои СММ афзалият дода мешавад.

    Талаботҳои вобаста ба забондонӣ

    - Равон ва комил донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ аст.

    Талаботҳои дигар:

    - Малакаҳои қавии байнишахсӣ, махсусан, сифатҳои назарраси роҳбарии даста ва малакаҳои  

       хуби муоширати шифоҳӣ.

    - Дараҷаи баланди банақшагирӣ, малакаҳои ташкилӣ ва идоракунии вақт, аз ҷумла тағйирпазирӣ,

      таваҷҷуҳ ба ҷузъиёт ва қобилияти кор кардан дар зери фишор барои иҷро кардани кор дар

      муҳлатҳои маҳдуд.

    - Қобилияти зуд мутобиқ шудан ба тағйирот ва ором нигоҳ доштани худ дар зери фишор;

    - Доштани ҳисси қавии мустақил ва поквиҷдон будан сифатҳои муҳим ба шумор мераванд;

    - Маҳорати муошират ва гузоришдиҳӣ ва қобилияти кор кардан дар даста.

    Маҳорату малака дар соҳаи ТИ (IT):                                                                                                                     

        -Таҷриба дар истифодаи компютерҳо ва бастаҳои нармафзори дафтари корӣ (MS Word, Excel ва ғайра), инчунин дониши амиқи ҷадвалҳои электронӣ ва бастаҳои додапойгоҳ;

        -Ба доштани таҷриба дар системаҳои идоракунии ба веб асосёфта бартарӣ дода мешавад.

    Пешниҳоди дархостҳо

    Номзадҳои баландихтисос метавонанд бастаи дархости худро (ариза, тарҷумаи ҳол ва нусхаи дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда) бо забонҳои тоҷикӣ/русӣ ва англисӣ тавассути почтаи электронӣ бо возеҳ нишон додани вазифа дар сатри "Мавзӯъ" пешниҳод намоянд.

    Шахси тамос дар Лоиҳа: Нурхон Назаров;

    Почтаи электронӣ: nurkhon.nazarov@undp.org

    Телефон: +992 949999180

    Ҳамчунин, бастаи дархости чопшударо дар лифофа бо нишон додани вазифаи холӣ ба суроғаи зерин пешниҳод кардан мумкин аст: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1, Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон».

    Эзоҳ:  Ба номзадҳои занони баландихтисос пешниҳод намудани дархостҳо ба ин вазифа бо таъкиди қавӣ тавсия дода мешавад.

    Бозгашт