Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    Ёвари Лоиҳа (рӯзи кории пурра) 03.03.2022

    Ёвари Лоиҳа (рӯзи кории пурра)

    Эълон барои ишғоли вазифаи ёвари Лоиҳа

    Ташкилот:                                     БРСММ/КҲМЗ

    Вазифа:                                         Ёвари Лоиҳа (рӯзи кории пурра)

    Рамзи мушаххаси Лоиҳа:             111538

    Соҳаи амалия – Тавсифи кор:     Муҳити зист ва коҳиши офатҳои табиӣ - ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, КОҲИШИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ, ЭНЕРГЕТИКА ВА МУҲИТИ ЗИСТ

    Муҳлати ниҳоии

    пешниҳоди дархост:                    16.03.2022  (чоршанбе, соати 17:00-и вақти маҳаллӣ, Тоҷикистон)

    Навъи шартнома:                         Инфиродӣ (IC)  

    Муҳлати амали шартнома:          3 моҳ бо имконияти тамдиди он

    Маълумоти умумӣ

    Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.

    Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) дар шароити дар пешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар рух медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад. Таъсири иҷтимоию иқтисодии ин дигаргуниҳо назаррасанд: воситаҳои зиндагӣ, ҳосилнокии кишоварзӣ, мавҷуд будани об ва истеҳсоли барқи обӣ ҳама таҳти таъсир қарор мегиранд. 

    Ёвари Лоиҳа таҳти назорати менеҷери Лоиҳа (МЛ) барои дастгирии Лоиҳаи КҲМЗ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Ӯ барои ноил шудан ба натиҷаҳои пешбинишудаи Лоиҳа ва чорабиниҳое, ки дар Нақшаи кории солона муайян карда шудаанд, мувофиқи муносибатҳои шарикӣ, меъёрҳои таъмини сифат, сатҳи буҷет ва мӯҳлатҳои дар ҳуҷҷатҳои Лоиҳа пешбинишуда ба МЛ кӯмак менамояд.

    Интизор меравад, ки шахси дархосткунанда қоидаҳои барномавӣ ва маъмурӣ, муқаррарот, сиёсатҳо ва стратегияҳои КҲМЗ/БРСММ-ро комилан риоя менамояд.

    Уҳдадориҳо ва масъулиятҳо

    Таҳти назорат ва роҳбарии умумии МЛ, ёвари лоиҳа масъул аст, ки фаъолиятҳои Лоиҳаи вобаста ба муҳити зистро дар вақти таъйиншуда иҷро намояд. Ёвари Лоиҳа бо кормандони Лоиҳа (менеҷери Лоиҳа, корманди масъули харидҳо, корманди масъули маъмуриву молиявӣ, корманди масъули мониторинг ва арзёбӣ, аз ҷумла кормандони техникии дар маҳал ба кор гирифташуда вобаста ба ҷанбаҳои фаъолияти Лоиҳа аз наздик кор мекунад. Масъулиятҳои махсус мавридҳои зеринро дар бар мегиранд:

    ·        Расонидани кӯмак ба МЛ дар таҳияи нақшаи мавзӯъҳои вобаста ба фаъолиятҳои Лоиҳа, аз ҷумла: таҳлили воситаҳои молиявӣ, иқтисодӣ, пешниҳоди иттилооти зарурӣ ва машваратҳои дахлдор;

    ·        Рушди устувори минтақаҳои мавриди ҳадаф аз нуқтаи назари масъалаҳои вобаста ба коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим;

    ·        Андешидани тадбирҳо барои арзёбии татбиқи Лоиҳа дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла дар маконҳои Лоиҳа;

                Таҳияи назарҳо ва хулосаҳо оид ба:

    ·        Меъёрҳои татбиқи Лоиҳа;

    ·        Ҷузъҳои (компонентҳои) Лоиҳа;

    ·        Устувории Лоиҳа;

    ·        Ҷамъоварии иттилоот дар бораи фаъолиятҳои Лоиҳа ва пешниҳоди назарҳо оид ба истифодаи дурусти маблағҳо, камбудиҳо ва хатоҳои мақомоти масъул;

                Ҷамъоварӣ, таҳлили маълумот ва омӯзишҳо вобаста ба:

    ·          Таҳқиқи мушкили асосии деҳқонон/аҳолӣ;

    ·          Бознигарии назарҳои Гурӯҳи мустақил оид ба фаъолиятҳои Лоиҳа барои истифодаи шахсони мансабдори Шуъба;

    ·          Мушоҳида, ки барои омӯзиши механизми идоракунии молиявии лоиҳаҳо пешбинӣ шудааст;

    ·          Шарҳу тавзеҳ додани механизми ҳаракати маблағҳо ҷиҳати таъмини самарабахшии фаъолияти як қатор идораҳое, ки дар татбиқи Лоиҳа иштирок менамоянд;

    ·          Иҷрои дигар вазифаҳо ва фаъолиятҳо аз рӯи зарурат ва ғайра.

    Салоҳиятҳо

    Таҳсилот:

    -      Таҳсилоти олӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ, иқтисод ё дигар бахшҳои дахлдор, ба доштани дараҷаи илмӣ афзалият дода мешавад;

        

    Таҷрибаи корӣ:

    -      Ҳадди ақал 5 сол тақрибаи корӣ дар соҳаҳои дахлдор (экология/муҳити зист/иҷтимоӣ);

    -      Малакаҳои идоракунии барномаҳо, аз ҷумла банақшагирӣ ва мониторинг;

    -      Малакаҳои/таҷрибаи навиштани гузоришҳо;

    -      Қобилияти мушоҳида ва таҳлили нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ;

    -      Малакаҳои олии муошират ва кори гурӯҳӣ, таҷриба дар таҳияи гузоришҳо, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот ва ғайра;

    -      Ба таҷрибаи қаблӣ бо лоиҳаҳои СММ афзалият дода мешавад;

    Талаботҳои вобаста ба забондонӣ

    -        Равон ва комил донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ аст.

    Талаботҳои дигар:

    - Малакаҳои қавии байнишахсӣ, махсусан, сифатҳои дидашавандаи роҳбарии даста ва малакаҳои хуби муоширати шифоҳӣ.

    - Дараҷаи баланди банақшагирӣ, малакаҳои ташкилӣ ва идоракунии вақт, аз ҷумла тағйирпазирӣ, таваҷҷуҳ ба ҷузъиёт ва қобилияти кор кардан дар зери фишор барои иҷро кардани кор дар мӯҳлатҳои маҳдуд.

    - Қобилияти зуд мутобиқ шудан ба тағйирот ва ором нигоҳ доштани худ дар зери фишор;

    - Доштани ҳисси қавии мустақил ва поквиҷдон будан муҳим аст;

    - Маҳорати муошират ва гузоришдиҳӣ ва қобилияти кор кардан дар даста.

    Маҳорату малака дар соҳаи ТИ (IT):

        -Таҷриба дар истифодаи компютер ва бастаҳои нармафзори дафтари корӣ (MS Word, Excel ва ғайра), инчунин дониши амиқи ҷадвалҳои электронӣ ва бастаҳои додапойгоҳ;

        -Ба доштани таҷриба дар системаҳои идоракунии ба веб асосёфта бартарӣ дода мешавад.

    Пешниҳоди дархостҳо

    Номзадҳои баландихтисос метавонанд бастаи дархости худро (ариза, тарҷумаи ҳол (CV) ва нусхаи дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда) бо забонҳои тоҷикӣ/русӣ ва англисӣ тавассути почтаи электронӣ бо возеҳ нишон додани вазифа дар сатри "Мавзӯъ" пешниҳод намоянд.

    Шахси тамос дар Лоиҳа: Нурхон Назаров  

    Почтаи электронӣ:nurkhon.nazarov@undp.org

    Телефон: +992 949999180

    Ҳамчунин, бастаи дархостҳои чопкардашударо дар лифофаи мӯҳрдор бо нишон додани вазифаи холӣ ба суроғаи зерин пешниҳод кардан мумкин аст: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1, Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон».

    Эзоҳ:  Ба номзадҳои зани баландихтисос пешниҳод намудани дархостҳо ба ин вазифа бо таъкиди қавӣ тавсия дода мешавад.  



    Бозгашт