|
Пешниҳоди нархҳо барои дастраскунии таҷҳизотҳои технологияи иттилоотӣ
Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ (ФА) маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар рух медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад. Таъсири иҷтимоию иқтисодии ин дигаргуниҳо назаррасанд: воситаҳои зиндагӣ, ҳосилнокии кишоварзӣ, мавҷуд будани об ва истеҳсоли барқи обӣ ҳама таҳти таъсир қарор мегиранд.
Лоиҳа ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои дастраскунии таҷҳизотҳои технологияи иттилоотӣ даъват менамояд.
Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо:
Пешниҳодҳо бояд дар лифофаҳои мӯҳршуда, тавассути хаткашон (курьер) ё шахсан на дертар аз 16.03.2022 чоршанбе соати 17:00 ба суроғаи зерин дастрас карда шаванд:
кӯчаи Шамсӣ 5/1
ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»
Таъминкунанда бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад
· Ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ширкат/литсензияи андоз
· РМА
· Шаҳодатномаи пайдоиш ва мутобиқати мол ба талаботи давлат (аз мақомоти дахлдори давлатӣ)
· Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ
Интизор меравад, ки таъминкунандагон ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.
Кушодани пешниҳодҳо
Лифофаҳо дар ҳузури аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида ва ёвари бахши хариди Лоиҳа кушода мешаванд.
Баҳогузорӣ
Лоиҳа ӯҳдадор нест, ки ҳамаи молҳои иловагии дар варақаи мушаххасот номбаршударо қабул кунад.
Пешниҳодҳо аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:
· Нархи умумӣ
· Сифати мол
· Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа
· Имконияти расонидани мол то ҷойи лозима
№ |
Номгӯ |
Миқдор |
Нарх барои 1 дона |
Барои сервер |
|||
1 |
UPS C 3000VA 230V |
1 дона |
|
2 |
Кондитсионер |
1 дона |
|
3 |
Васлак |
10 дона |
|
4 |
Қуттӣ (короб) |
10 м |
|
Барои кормандон |
|||
5 |
Компютер |
6 дона |
|
6 |
Принтери бисёрфунксионалӣ |
1 дона |
|
7 |
Флеш карта 32GB USB 3.0 |
40 дона |
|
8 |
Гӯшмонак |
10 дона |
|
9 |
Компютери алоҳида |
1 дона |
|
10 |
Муши бесим |
10 дона |
|
11 |
Монитор |
2 дона |
|
Барои ҳуҷраи сервер ва кормандони Лоиҳа |
|||
12 |
Кабели TWT UTP CAT6 ё оптика |
150 м |
|
13 |
Коммутатори MikroTik (Switch Microtik) |
1 дона |
|
Барои монтажи офиси Лоиҳа |
|||
14 |
Кабели ТРП |
50 м |
|
15 |
Кабели ЮТП |
100 |
|
16 |
Васлак |
8 дона |
|
17 |
Свичи оҳанин 24 |
1 |
|
Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо
ТАЛАБОТ НИСБАТИ ДАСТРАСКУНӢ
ШАКЛ ВА МУҲЛАТИ ПЕШНИҲОД
Пешниҳодҳо на дертар аз 16/03/2022 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.
Пардохт:
Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби молрасон тавассути бонк гузаронида мешаванд. Пардохтҳо пас аз қабули таҷҳизот аз ҷониби намояндагони Лоиҳа ва ҳангоми гирифтани варақаи аслӣ ва ҳисобнома-фактура анҷом дода мешаванд.
Дастраскунӣ ва тафтиши мол
Намояндагони Лоиҳа таҷҳизотҳои технологияи иттилоотиро баррасӣ мекунад. Таҷҳизотҳои технологияи иттилоотӣ дар макони интиқоли таъиншудаи Лоиҳа баррасӣ мешавад. Намояндаи Лоиҳа ҳама гуна шарҳҳо медиҳад ё номувофиқатиро дар таҷҳизотҳои технологияи иттилоотии таъминкунанда нишон медиҳад. Агар ҳангоми тафтиши таҷҳизот муайян карда шавад, ки таҷҳизотҳои технологияи иттилоотии расонидашуда, ба талаботи шартнома мувофиқат мекунад, Лоиҳа таҷҳизотҳоро қабул мекунад.