Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    Мушовири хизматрасонии кӯтоҳмуддат оид ба таҳияи стратегияи роҳнамо барои  татбиқи Лоиҳа 04.11.2021

    Мушовири хизматрасонии кӯтоҳмуддат оид ба таҳияи стратегияи роҳнамо барои татбиқи Лоиҳа

    Агентӣ:

    БРСММ / КҲМЗ

    Вазифа:

    Мушовири хизматрасонии кӯтоҳмуддат оид ба таҳияи стратегияи роҳнамо барои татбиқи Лоиҳаи «Усули ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон» (Қарордод оид ба хизматрасониҳои машваратӣ)

    Рамзи мушаххаси Лоиҳа:

    111538

    Соҳаи амалия – Тавсифи кор

    Муҳити зист ва коҳиши офатҳои табиӣ - ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, КОҲИШИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ, ЭНЕРГЕТИКА ВА МУҲИТИ ЗИСТ

    Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост:

    17.11.2021 сол (чоршанбе, соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ, Тоҷикистон)

    Ҷойи кор:

    Рӯзи нопурраи корӣ

     

    Маълумот ва таҷрибаи корӣ:

    Маълумоти олӣ дар соҳаи мавзӯъи дахлдор, беҳтараш дар соҳаи рушди ҷомеа ё идоракунии захираҳои табиӣ / идоракунии муҳити зист - таҷрибаи кории 3 сола; Маълумоти олӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал, тағирёбии иқлим, ҳифз, иқтисодиёти захираҳои табиӣ, иқтисодиёт, молия ё соҳаи марбута. Ба дараҷаи баъди дипломӣ (MSc) бартарият дода мешавад - таҷрибаи дахлдори 7 сола

     

    Донистани забонҳо:

     

    Донистани забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ

    Навъи вазифаи холӣ:

    Қарордоди инфиродӣ (IC)

    Мӯҳлати амали қарордод:

    1 моҳ бо имконияти тамдиди он


    Муқаддима

    Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) лоиҳаи азими «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон» -ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди мутобиқшавӣ (ФМ) маблағгузорӣ мегардад.

    Ҳадафи лоиҳа ин беҳтар намудани сатҳи зиндагии хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) дар шароити тағирёбии иқлим дар оянда мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддиро ба монанди боришоти шадид, баландшавии ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷаи он офатҳои табии гидрометеорологӣ, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ, сел ва ярч бештар рух медиҳанд ва суръати бодлесии хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад. Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии ин тағиротҳо назаррасанд: воситаҳои зиндагӣ, маҳсулнокии кишоварзӣ, дастрасӣ ба об ва истеҳсоли гидроэнергетика дар хатар мебошанд.

    Усули умумии Лоиҳа истифодаи усулҳои ҳамгирошудаи идоракунии ҳавзаро дар доираи ҲДК дар бар мегирад. Бо ин мақсад, барои ҳавза стратегияи идоракунии ҳавзаи ба иқлим тобовар таҳия карда мешавад, ки ба банақшагирони миллӣ оид ба рушди маҳалли деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимият ва ҷомеаҳои маҳаллӣ имкон медиҳад, ки хавфҳои иқлимро дар доираи васеъ идора намоянд. Се натиҷаҳои ба ҳам алоқаманд дар доираи Лоиҳа барои ноилшавӣ ба ин ҳадаф мусоидат хоҳанд намуд, аз ҷумла: (i) стратегияи идоракунии ҳавза барои идоракунии хавфи иқлим, ки дар сатҳи ноҳияҳо ва ҷамоатҳои ҲДК амал менамояд; б) Усулҳои ҳамгироишудаи манзараҳои агроэкологӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар сатҳи деҳот; ва iii) барномаҳои амалиётии мавҷудаи идоракунии донишҳо барои идоракунии ҳамгирошудаи ҳавза ва мутобиқсозии он, ки дар асоси низоми экологӣ дастгирӣ карда мешаванд.

    Лоиҳа дар сатҳи миллӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии БРСММ тибқи Созишномаи стандартӣ оид ба расонидани кумаки асосӣ (SBAA, 1993), Барномаи чорчӯбавии БРСММ оид ба расонидани кӯмак бо мақсади рушд (UNDAF) барои солҳои 2016 -2021, ки байни СММ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст ва Ҳуҷҷат оид ба барномаи намояндагии БРСММ барои солҳои 2016-2021 байни БРСММ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, татбиқ карда мешавад.

    Мушовир бевосита ба Роҳбари Лоиҳа (РЛ) ҳисобот медиҳад ва таҳти роҳбарии умумии МКТ кор хоҳад кард. Ӯ барои ноил шудан ба натиҷаҳои пешбинишудаи Лоиҳа ва чорабиниҳое, ки дар нақшаи кории солона муайян карда шудаанд, мувофиқи муносибатҳои шарикона, меъёрҳои сифат, сатҳи буҷет ва мӯҳлатҳои дар ҳуҷҷатҳои Лоиҳа пешбинишуда, ба РГ кӯмак менамояд.

    Мушовир бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар якҷоягӣ бо Барномаи БРСММ, Гурӯҳи амалиётӣ ва иртиботӣ ва дигар гурӯҳҳои Лоиҳа дар дафтари намояндагии (ДН) БРСММ барои самаранок ноил шудан ба натиҷаҳо, пешгӯӣ ва ҳал намудани мушкилоти мураккаби марбут ба Лоиҳа ҳамкории зич хоҳад дошт. Интизор меравад, ки ин корманд қоидаҳои барномавӣ ва маъмурӣ, муқаррарот, сиёсат ва стратегияҳои БРСММ-ро пурра риоя менамояд. 

    Ӯҳдадориҳо ва масъулият

    ·        Баррасии ҳуҷҷатҳои марбутаи лоиҳа, аз ҷумла нақшаҳои кории лоиҳа, мониторинг ва арзёбии сохторӣ ва ҳисоботи ибтидоӣ

    ·        Омода намудани супоришҳои техникӣ барои мушовирони байналмилалӣ ва миллӣ оид ба таҳияи модели бисёрхатарии хатари иқлим ва дастгирии стансияҳои обуҳавошиносии мукаммалшуда дар ҷойҳои ҳавзаи дарёи Кофарниҳон, инчунин чаҳорчӯби арзёбии таъсир, ки барои идоракунии самараноки мутобиқшавии фаъолиятҳои мутобиқшавӣ дар асоси экосистема таъсис дода шуда.

    ·        Таҳияи воситаҳои роҳнамо барои сурат бахшидан ба татбиқи лоиҳа, аз қабили баррасӣ ва бознигарӣ, мониторинги нишондиҳандаҳо, хатарҳо ва фарзияҳои дар ҳуҷҷати лоиҳа муайяншуда

    ·        Мусоидат дар таҳияи нақшаи хариди лоиҳа

    ·        Таҳияи чаҳорчӯбаи кафолати сифат барои лоиҳа, ки дар Атлас истифода мешавад

    ·        Нигоҳ доштани муносибатҳои созанда бо ҷонибҳои манфиатдори лоиҳа, аз ҷумла муассисаҳои давлатӣ, донорҳо ва шарикони ҒДМ, огоҳ кардани онҳо ва машварат бо онҳо дар мавриди қарорҳои стратегии лоиҳа тавассути муҳокимарониҳо бо мушовирони техникии байналмилалӣ ва миллӣ, мусоидат намудан ба иштироки мутавозини ҳукуматҳои маҳаллӣ, субъектҳо дар фаъолият ва манфиатҳои лоиҳа

    ·        Мусоидат намудан дар ба итмом раслнидани ҳисобот оид ба рафти лоиҳаи Фонди мутобиқшавӣ барои давраи июли 2020 - июли 2021

    ·        Мусоидат дар таҳияи асосноккунии аутсорсинг барои таъсиси RBO ва RBCs, WUA, PUU ва ғ. мувофиқи натиҷаҳои лоиҳа

    • Дар зарурият иҷро намудани дигар ӯҳдадориҳо ва фаъолиятҳои марбута ва ғайра
    Таҷриба ва малакаҳои зарурӣ

    Маълумот:

    Маълумоти олӣ дар соҳаи мавзӯъи дахлдор, беҳтараш дар соҳаи рушди ҷомеа ё идоракунии захираҳои табиӣ / идоракунии муҳити зист - таҷрибаи кории 3 сола; Маълумоти олӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал, тағирёбии иқлим, ҳифз, иқтисодиёти захираҳои табиӣ, иқтисодиёт, молия ё соҳаи марбута. Ба дараҷаи баъди дипломӣ (MSc) бартарият дода мешавад - таҷрибаи дахлдори 7 сола.

    Таҷриба:

    ·        Ҳадди аққал 3 сол дар соҳаи иртибот барои татбиқи лоиҳа ё барнома, ки бо ҷалби донорҳои байналмилалӣ;

    ·        Ҳадди ақал 7 сол таҷрибаи корӣ дар таҳияи сиёсатҳо, стратегияҳои марбут ба иқлим, коммуникатсияҳои миллӣ, гузоришҳои навсозии дусола ва ғайра.

    ·        Таҷрибаи 5-солаи собитшудаи кор дар муҳити миллӣ ва тағирёбии иқлим дар муассисахои Тоҷикистон.

    Талабот ба забон:

    Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмист.

    Маҳорат дар соҳаи ТИ:

    Таҷриба дар истифодаи компютерҳо ва бастаҳои нармафзори дафтари корӣ (MS Word, Excel ва ғайра), инчунин дониши амиқи ҷадвалҳои электронӣ ва бастаҳои додапойгоҳ. Ба таҷрибаи кор бо идоракунии вебнизомҳо бартарии зиёд дода мешавад.

    Дигар:

    • Ҳисси қавии тақсимнопазирӣ муҳим аст;
    • Малакаҳои қавии муошират ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин қобилияти кор дар гурӯҳ.
    Дархостҳо:

    Ҳамаи номзадҳои боихтисос метавонанд бастаи дархости худро бо забонҳои тоҷикӣ / русӣ ва англисӣ тавассути почтаи электронӣ бо возеҳ нишон додани вазифа дар сатри "Мавзӯъ" пешниҳод намоянд.

    Шахси тамос дар Лоиҳа:

    Ному насаб: Нурхон Назаров

    Почтаи электронӣ:nurkhon.nazarov@undp.org

    Телефони мобилӣ: +992 949999180

    Ҳамчунин, бастаи дархости чопнамударо дар лифофаи мӯҳрдор бо нишон додани вазифаи холӣ бо суроғаи зерин пешниҳод кардан мумкин аст: шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамси 5/1, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон», утоқи №29.

    Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди дархостҳо: 17.11.2021 сол (чоршанбе, соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ, Тоҷикистон)

    Эзоҳи муҳим:

    Ба занони довталаб пешниҳод намудани дархостҳо ба ин вазифаи мазкур суботкорона тавсия дода мешавад.





    Бозгашт