Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    25.04.2019

    Ба таваҷҷӯҳи кормандони воситаҳои ахбори умум!

    Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ташвиқу тарқиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028″,  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» байни журналистон дар мавзӯи «Ҳифзи муҳити зист-омили ҷалби сайёҳон ва рушди деҳот» озмун эълон менамояд.

    Ба озмун маводҳои телевизионӣ, радиоӣ ва матбуотӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ қабул карда мешаванд. Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълумотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот дар бораи дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, пешниҳод  бояд намояд.

    Ба маълумотнома нусхаи мақола, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бо диск ва анотатсияи мавод ба шакли чопӣ дар формати А4, шрифти Times New Roman Tj 14 замима карда мешавад. Нусхаи электронии маводҳо ба суроғаи электронии Ibodullo-1984@mail. ru ирсол карда шавад.

    Давраи баргузории озмун аз 1 апрел то 20 августи соли 2019 муқаррар шуда, дар арафаи иди  Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст мегардад. Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ ва Ифтихорномаи Кумита сарфароз гардонида мешаванд. Мукофотҳо ба ғолибон дар ҷаласаи комиссияи озмун аз тарафи роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 10 рӯз баъд аз эълони натиҷаҳои озмун супорида мешаванд.

            

             Телефон барои тамос: 235-44-30

    Бозгашт