20.05.2020
Озмуни ҷумҳумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳифзи табиат –асоси рушди сайёҳӣ» моҳи сентябри соли 2020 ҷамъбаст мегардад
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, омодагӣ ҷиҳати ташвиқу тарғиби Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мавзӯи «Муҳити зисти солим-асоси рушди солимии ҷомеа» озмун эълон намуда буд. Дар ин бора фармоиши Раиси Кумита аз 5 феврали соли 2020, №19 ҷиҳати дарёфти Дипломи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони синфҳои 1-4, 5-8, 9-11 дар 6 номинатсия (расми беҳтарин, шеъри беҳтарин, ҳикояи беҳтарин, сурати беҳтарин, видеоролики беҳтарин, кори меъмории беҳтарин) ба имзо расидааст.
Озмунҳои эҷодӣ байни хонандагон ҳамасола то Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист 5-июн ҷамъбаст гардида, ба ғолибон диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ дар чорабинии тантанавӣ супорида мешуданд.
Аммо бо сабаби хуруҷи бемории вируси нави COVID-19 ҷиҳати ҳифзи саломатии аҳолӣ, маҳдуд гардидани чорабиниҳои оммавӣ ва ба таътил фаро гирифтани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбасти озмуни мазкур то моҳи сентябри соли 2020, тамдид карда мешавад.
Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ:
235-44-30, 777-16-22-75