|
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Tcell озмуни эҷодии экологиро бо номи «ЭКО патрул» эълон менамояд. Навори худро дар хусуси чи гуна дар бораи муҳити зист ғамхорӣ мекунед пешниҳод намуда, соҳиби планшет, роутер, Samrt-соат ва You Tube-и бемеъёр гардед.
Озмун 5 июн-дар Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист оғоз гашта то 5 июл давом мекунад. Озмун мақсад дорад, ки барои ҷалби диққати ҳамватанони мо ба нигоҳдории муҳити зист солим ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мусоидат намояд.
Онлайн-озмун дар саҳифаҳои Facebook ва You Tube-и Кумита гузаронида мешавад. Барои иштирок дар озмун дӯстдорони табиат метавонанд видеонаворҳо оид ба мавзӯҳои экологӣ, Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайвоноти нодир, флора ва фауна, мушкилоти экологии ҷойдошта, ҳуҷатҳои муҳими байналмилалӣ, аз қабили конвенцияи Стокголм, Созишномаи Париж, ё фаъолияти табиатдӯстонаи худ пешниҳод намоед.
Асосаш ин ки, қоидаҳои эҳтиётӣ ва пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус бояд риоя гарданд.
Маводро ба нишонаи Viber, Telegram, Imo и WhatsApp бо рақами +992 777 16 22 75 ирсол намоед.
Баъд аз ҷамъбасти натиҷаҳои озмун, комиссияи Tcell ва Кумита 3 ғолиби озмунро интихоб мекунанд, ки онҳо аз ҳама ҷолиб ва рангин ғамхории худро дар бораи табиати Ватани азизамон инъикос кардаанд.
Ба ғолиби сазовори ҷои якум планшет, барои ҷои дуюм-роутер бо интернет барои 6 моҳ ва барои ҷои сеюм рақами ҷолиби YouTube белимит барои 3 моҳ супорида мешаванд.