30.11.2020
БАРНОМАИ РУШДИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Лоиҳаи «Усули ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон», барои иштирок дар озмуни хариди хизматрасониҳо тариқи иштироки бемаҳдуд, ҳамаи шахсони воқеии хоҳишмандро барои ишғоли вазифаҳои дар поён овардашуда, ки аз ҷониби Фонди Атаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад, даъват менамояд.
- Коршиноси миллии пешбарбарои гузаронидани таҳлилҳои норасоӣ оид ба маълумоти мавҷудаи хатарҳо дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон. (Реҷа: Рӯзҳои пурраи корӣ)
- Коршиносони миллӣбарои ёрӣ расонидан ба Коршиноси миллии пешбар дар гузаронидани таҳлилҳои норасоӣ оид ба маълумоти мавҷудаи хатарҳо дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (Реҷа: Мутаносибан рӯзҳои пурра ва нопурраи корӣ)
- Мушовири маҳаллӣбарои кӯмак расонидан ба Мушовири байналмиллалӣ дар таҳияи модулҳо ва таҳлилҳои техникӣ барои стансияҳои автоматикии (таҷҳизотҳои) обу ҳавошиносӣ дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон насб шаванда (Реҷа: Рӯзҳои нопурраи корӣ)
- Мушовири маҳаллӣоид ба омӯзиши имкониятҳои ташкили хизматрасониҳои SMS-паём (Реҷа: Рӯзҳои пурраи корӣ)
- Ду Мушовири маҳаллӣбарои дастгирӣ дар омода намудан ва гузаронидани омӯзишҳо барои кормандони давлатӣ ва техникӣ (Реҷа: Яке рӯзҳои пурра ва дигаре рӯзҳои нопурраи корӣ)
- Мушовирони миллӣ — иқтисодчии бахши экология барои омода намудани таҳлилҳо ва тавсияҳо барои баррасии механизмҳои мавҷуда дар идоракунии обпартовҳо дар сатҳи ноҳия ва ҷамоат (Реҷа: Рӯзҳои нопурраи корӣ)
- Мушовиронимиллӣ оид ба сиёсати экологӣ барои омодасозии таҳлилҳо ва тавсияҳо барои баррасии механизмҳои мавҷуда дар идоракунии обпартовҳо дар сатҳи ноҳия ва ҷамоат (Реҷа: Рӯзҳои нопурраи корӣ)
- Мушовири миллӣ — иқтисодчии бахши экология барои гузаронидани асосноккунии техникии пардохт марбут ба хизматрасониҳои экосистемавӣ (ПХЭ) бо мақсади муайян намудани хизматрасониҳои мушаххаси экосистемавӣ (Реҷа: Рӯзҳои пурраи корӣ)
- Коршиносони миллӣбарои харитасозии шароитҳои идоракунии захираҳои табиӣ дар сатҳи обпартовҳо тавассути гузаронидани машваратҳо ва мулоқотҳо бо ҷомеаи маҳаллӣ (Реҷа: Рӯзҳои пурраи корӣ)
ДАРХОСТҲО:
Коршиносони воқеии ҳавсманд даъват мегарданд, ки бастаи пурраи дархостро мутобиқи намунаи стандартии дастрас дар сомонаи www.tajnature.tj пешниҳод намоянд.
Ҳамаи номзадҳои салоҳиятнок метавонанд, бастаи дархостҳояшонро ба забонҳои тоҷикӣ/русӣ ва ё англисӣ тавассути почтаи электронӣ дар мавзӯъ ба таври возеъ овардани вазифа + реҷаи корӣ пешниҳод намоянд.
Шахси масъули Лоиҳа барои тамос:
Ном: Нурхон Назаров
Почтаи электронӣ: nurkhon.nazarov@undp.org
Ва ё нусхаи коғазии бастаи ҳуҷҷатҳои дархостӣ метавонад дар лифофаи пӯшида бо ишораи ишғоли вазифа + реҷаи корӣ дар болои он ба суроғаи: ш. Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷӯи Лоиҳаи «Усули ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон» пешниҳод карда шавад.
Мӯҳлати охирони пешниҳоди дархостҳо: рӯзи Панҷшанбе, 10 декабри соли 2020, соати 17:00вақти маҳаллӣ.
Эзоҳ:
Аз бонувони босалоҳият эҳтиромона дархост карда мешавад, ки барои ишғоли вазифаҳои марбута дархостҳояшонро ирсол намоянд.
- Мӯҳлати эътибори пешниҳодҳо аз санаи охирони пешниҳоди дархостҳо 30 рӯзро дар бар мегирад. Дар ин мӯҳлат Мушовир бояд ба шарту шароити пешниҳоди ибтидоии худ ягон тағйироту иловаҳо надарорад.
- Интихоби номзадҳо танҳо аз рӯи пешниҳодҳои қаблӣ ирсол гардида, дар асоси талаботҳои пешниҳод ва меъёрҳои дар огоҳиномаи харид овардашуда сурат мегирад. Мушовири аз ҳама баланд баҳогузошта барои гуфтушуниди қарордод, бо шарти мавҷуд будани маблағ даъват карда мешавад.
- Азнавсозӣ ва ё тавзеҳот дар огоҳинома оид ба харид тариқи даровардини тағйирот ба роҳ монда мешавад. Дар сурати ворид намудани тағйирот ба мушовирон зарур аст, ки шакли навсозӣ карда шударо аз сомона дарёфт намоянд. Мушовирон вазифа доранд, ки мунтазам даровардани тағйиротҳои даровардашударо пайгирӣ намоянд. Дар сурати ба инобат нагирифтани тағйиротҳои азнав кардашуда ҳангоми пешкаш намудани пешниҳодҳо метавонад ба бе эътибор дониста шудан ва ё паст кардани баҳогузории номзадҳо оварда расонад.