- Хабарҳо

Мизи мудаввар бахшида ба «Рӯзи байналмилалии об» дар ноҳияи Рӯдакӣ

22 март Рӯзи байналмилалии об буда, мақсади дар тақвими ҷаҳонӣ ворид гардидани санаи мазкур ин таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли масъалаҳои об, ки яке аз  муҳимтарин омили  мавҷудияти олами ҳастӣ дар радифи оташ, ҳаво ва хок  қарор мегирад, ҷалб кардан мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон  яке аз ташаббускорони пешсаф дар ҳалли масоили об дар ҷаҳон шинохта шудааст. Дар доираи пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», махсусан дар Рӯзи байналмилалии об чорабиниҳои зиёди машваратию илмӣ ва корҳои амалӣ дар самти ҳифзи манбаъҳои обӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Мизи мудавар бахшида ба «Рузи байналмиллалии об»  санаи 18 марти соли 2020 дар коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ доир гардид, масъалаҳои таъмини аҳолии ноҳия ба оби нӯшокии аз ҷиҳати экологӣ тоза мавриди баррасии масъулони соҳавӣ қарор дода шуд.

Ин гуна машваратҳо ва рӯйнамоҳо, ки ҷанбаи таблиғотӣ ҳам доранд, маърифати экологии аҳолиро нисбат ба масоили об баланд бардошта, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва таъминоти аҳолӣ  ба об мусоидат менамояд.

Иловаи шарҳ