- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар шаҳри Кӯлоб

Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон санаи 14 марти соли ҷорӣ дар қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҳашари умумии ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ, нармкунии бехи дарахтон ва тозакунии гирду атрофи боғҳо аз сангу алафҳои бегонаро гузаронид. Дар ҳашари мазкур кормандони Бозрасӣ, шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб ва дигар ташкилоту маассисаҳои шаҳрию минтақавии вобасташуда иштирок намуданд.

Аз тарафи Агентии шуғли аҳолӣ ва Бонки миллӣ ниҳолҳои ҳамешасабз аз қабили туя 229 бех, санавбар 17 бех, сарви хиробон 44 бех ва Ели кабуд 12 бех шинонида шуд. Кормандони Бозрасӣ, шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб ба нарм кардани бехи дарахтони боғҳои нок ва олу, чидани сангу партовҳо ва алафҳои бегона машғул шуданд. Дигар ташкилоту муассисаҳо низ дар мавзъҳои вобасташудаи худ корҳои тозагию ободонӣ гузарониданд.

Иловаи шарҳ