- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон

Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон корҳои ободонию созандагӣ, тоза намудани маҳаллаҳои аҳолинишин, назди корхонаю ташкилотҳо бомаром идома доранд.

Дар доираи ин чорабиниҳо санаи 15 марти соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Истиқлол ва ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳия аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд, ки дар он 200 нафар сокинон иштирок намуданд. Дар рафти баргузории аксия ба миқдори 3м3 партовҳо бароварда ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуд.

Иловаи шарҳ