- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Шанбегии умумишаҳрӣ дар шаҳри Истаравшан

Санаи 14 марти соли ҷорӣ  бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 1450 нафар донишҷӯён, мактаббачагон коргарони корхонаю ташкилотҳо иштирок карда, зиёда аз 35,5 тонна партовҳо ҷамъоварӣ гардида ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.

Инчунин бо ҳашари дастаҷамъона замини зери дарахтон нарм ва сафед карда шуда, дар кӯчаҳои протоколии шаҳр гулҳои гуногун шинонида шуд. Чунин корҳои ободу бунёдкорӣ дар шаҳр бо маром идома дорад.

Иловаи шарҳ