- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Ошкор гардидани сӯзонидани партов дар партовгоҳ

Тибқи нақшаи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиётҳои фаврӣ дар Корхонаи  воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» аз ҷониби нозирони Раёсати ҳифзи муҳити зисти сӯзонидани партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба ҳавои атмосфера ошкор гардид. Нисбати сардори корхонаи мазкур Раҳимов Ф. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 231 тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд фиристода шуд.

Иловаи шарҳ