- Хабарҳо, Ҳавои атмосферӣ

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозон оид ба ҳифзи қабати озон

Рӯзи 30 январи соли ҷорӣ дар бинои Барномаи рушди Созмони миллали муттаҳид ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозон оид ба татбиқи лоиҳаи “Баровардани пурраи ГХФК аз муомилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ворид кардани технологияҳои бе қобилияти вайрон кардани қабати озон (ОРП) ва дорои қобилияти пасти мусоидат ба гармшавии глобалӣ (ПГП)” доир гардид, ки дар он муовини Намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон Кристофорос Политис, эксперти байналмилалӣ Надежда Петровна Доценко, намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Гумрук, Тоҷикстандарт ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Дар вохӯрии мазкур натиҷаҳои амалишавии лоиҳаи зикршуда дар соли 2019 муҳокима гардида, вазифаҳо барои соли 2020 муайян карда шуданд.

Баромадкунандагон қайд намуданд, ки масъалаи ҳифзи қабати озон дар қатори дигар масъалаҳои экологӣ ташвишовар буда, аз таъсири антропогении инсон ба вайроншавии таркиб ва қабати он таҳдидҳо вуҷуд дорад, ки ҳалли ин масъала таваҷҷуҳи ташкилотҳои байналмилалиро ҷалб намудааст.

Дар охир Нақшаи татбиқи лоиҳа барои соли 2020 аз тарафи аъзоҳои Шӯрои ҳамоҳангсоз тасдиқ гардид.

Иловаи шарҳ