- Муомилот бо партов, Обуҳавошиносӣ

Баргузории аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» дар шаҳри Ҳисор

Тибқи фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 24 январи соли 2019, №07 ва 10 феврали соли 2019, №10 аксияҳои  «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар 2 марҳила гузаронида мешавад. То инҷониб дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар ва Наврӯзи байналмилалӣ 5 маротиба аксияи «Тозагии маҳал», бо иштироки 1641 нафар истиқоматкунандагон ва ҷалби 9 адад техникаи борбардору боркаш гузаронида шуд. Дар натиҷа зиёда аз 36 м3 партовҳо аз маҳаллаҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи расмии шаҳр интиқол дода шуд.

Аксияи «Тозагии соҳил» бошад 3 маротиба, бо иштироки 660 нафар шаҳрвандон бо ҷалби 5 адад техникаҳои зарурӣ, гузаронида шуд, ки дар натиҷа 3750 метр  соҳили  дарёву каналҳои ҳудуди шаҳр аз ҳар гуна партовҳо тоза гардида, ба миқдори 17,5 м3 партовҳо ба партовгоҳи расмии шаҳр интиқол дода шуд. 

 

Иловаи шарҳ