- Хабарҳо

Баргузории семинарии машваратӣ дар мавзӯи «Арзёбии талафот вобаста ба таназзули экологӣ дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон»

Рӯзи 17 декабри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалӣ оид ба тадқиқоти кишоварзӣ дар минтақаҳои хушкзамин – ИКАРДА  семинари машваратӣ дар мавзӯи «Арзёбии талафот вобаста ба таназзули экологӣ дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон» баргузор гардид.

Мақсади асосии семинари мазкур пешниҳод кардани натиҷаҳои арзёбии зарар аз таназзули муҳити зист ба заминҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо, ҷангалҳо ва инфрасохтор дар Тоҷикистон мебошад.

Дар семинар мутахассисон аз вазорату кумитаҳои дахлдор иштирок намуданд.

Баромадкунандагон масъалаҳои вобаста ба таназзулёбии муҳити зист, ҳолати заминҳои кишоварзӣ ва инфрасохторро бо назардошти талаботҳои экологӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иштироккунандагони семинар оид ба масъалаҳои мавриди назар табодули афкор намуда, барои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар  рушди фаъолияти бехатари соҳаҳои дахлдор, ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта  дар ин самт ба мувофиқа расиданд.

Иловаи шарҳ