- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Вохӯрии Раиси Кумита бо Сафири Финляндия

Рӯзи 8 ноябри соли ҷорӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Сафири Финляндия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мария Лиивала мулоқот намуд.

Раиси Кумита  ба Сафир барои тавваҷуҳи ҷониби Финляндия дар ҳалли проблемаҳои муҳити зисти Тоҷикистон аз ҷумла дар самти муайян намудани  сифати обҳои рӯи заминӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Ҷонибҳо ба масъалаҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, пешгирии паёмадҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. 

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда Раиси Кумита таваҷҷӯҳи Сафирро ба вазифаҳои дарпешистодаи Кумита вобаста ба амалишавии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ҷалб намуд.

Хонум Мария Лиивала омодагии кишварашро барои ҳамкорӣ дар самти омӯзиши пиряхҳо, коркард ва ҷойгиронии партовҳо, мукаммалсозии ташхисгоҳҳои Кумита ва Агентии обуҳавошиносӣ иброз намуд.

Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, тарафҳо роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои мавриди назар ба мувофиқа расиданд.

Иловаи шарҳ