- Муомилот бо партов, Хабарҳо

1300 рӯзи меҳнати зарбдор дар шаҳри Истиқлол

Ҳафтаи сипаригашта дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд дар доираи эълон гардидани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи «Тозаги маҳал», бо иштироки кормандони шуъбаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 2 ва 6 баргузор гардид, ки  иштирокдорони чорабинӣ дар маҷмуъ 170 нафарро дашкил дод.

Дар рафти аксия дар кӯчаи Меҳнатободи шаҳр, зиёда аз 1,5 км қад-қади кӯчаҳои нақлиётгард аз партов ва алафҳои бегона тоза карда шуд. Ҳамзамон 15 тонна партовҳо ба партовгоҳҳо бароварда шудаанд.

Иловаи шарҳ