- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Дар шаҳри Душанбе партовҳо безарар гардонида мешаванд

Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Тартиби ҷамъоварӣ, баровардан, коркард ва безарар гардонидани партовҳои сахти маишӣ дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» назорати давлатӣ пурзӯр гардида, тибқи талаботи қарори марбутаи шаҳрдорӣ реҷаи баровардани партов аз нуқтаҳои партовҷамъкунӣ як шабонарӯз муайян ва ҷойгир намудани партов аз соати 17 00 то 23 00 муқаррар гаштааст.

Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ барои вайрон намудани қонунгузориҳо дар самти ҳифзи муҳити зист 662 нафар шахсони воқеӣ ва мансабдор тибқи муқаррароти қонунгузории ҷорӣ ҷарима баста шуданд.

Мутобиқи маълумоти мавҷуда дар шаҳри Душанбе 1529 адад нуқтаҳои партовҷамъкунӣ мавҷуд аст, ки   аз ин шумор 606 адад дар шаҳраку маҳаллаҳо, 369 адад дар корхонаҳо ва 554 ададро дар шахтаҳо мавҷуд мебошад.

Ҳар рӯз ба Корхонаи воҳиди давлатии «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» ба ҳисоби миёна аз корхонаҳои партовкашонӣ  ба ҳисоби миёна 650-750 тонна партов бароварда мешавад. Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ҳаҷми 223290, 94 тоннаро ташкил додааст.

Ҷиҳати сари вақт набаровардани партовҳо нисбат ба 439 нафар шахсони воқеӣ ва мансабдор протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 51700 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Дар ин зимн, иттилоъ медиҳем, ки партовҳо тавассути техникаҳои махсус кашонида шуда, дар  Корхонаи воҳиди давлатии «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» безарар гардонида мешаванд. Воситаҳои техникии нақлиётҳои партовкашони корхонаҳои воҳиди давлатӣ пас аз бозгашт аз партовгоҳ  тибқи меъёри муайяншуда аз тарафи муассисаи дезинфексионии (таъмизии) «Фавз» безарар гардонида мешаванд. Чунин тарзи фаъолият имкон медиҳад, ки нақлиётҳои махсуси партовкашон безарар ва дар ҳолати хуби санитарӣ қарор дошта бошанд.

 

Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе

Иловаи шарҳ