- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

АМБЛИТЕСПИСИ МИШЕНКО

Amblythespis mistshenkoi (Lindt)

Қатори Гаҳвораҷунбонҳо. Mantoptera

Оилаи Гаҳвораҷунбонҳо. Manteidae

 

Мақоми ҳифз

Намуде,  ки  дар  зери  таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.

Паҳншавӣ

Дар  туғайзори  поёноби  дарёҳои Вахш  (мамнуъгоҳи  «Бешаи палангон») ва Қизилсу вомехӯрад.

Муҳити сукунат

Гаҳвораҷунбони  ҷавон  асосан дар  анбӯҳи  буттаи  газ  ва гаҳвораҷунбонҳои  болиғ  бошанд, дар  танаи  ҷигда  (санҷид) вомехӯранд.

Саршумор

Соли  1951  дар  мамнуъгоҳи «Бешаи  палангон»  дар  1  га  50–200 то  кирмина  ва  1–5  фарди гаҳвораҷунбон  ба  қайд  гирифта шуда буд. Дар мавзеъи Бошишгоҳи Кӯҳра  («Бешаи  палангон»)  вай тамоман  нест  шудааст.  Дар  дигар мавзеъҳои  сукунати  қаблӣ  низ  дар ҳадди нестшавӣ қарор дорад.

Хусусиятҳои биологӣ

Дар  фасли  тобистон  ду  маротиба (аввали  март  ва  нимаи  дуюми июл–ноябр)  афзоиш  мекунад. Кирминаҳо  ширинчаву  дуболаҳои хурд  ва  гаҳвораҷунбонҳои  болиғ бошанд,  дуболҳову  шапалакҳоро мехӯранд. Дар як пилла аз 14 то 22 тухм  инкишоф  меёбад.  Модинааш то 13 пилла метанад, ки дар онҳо то 260 тухм ба назар мерасанд.

Омилҳои маҳдудкунанда

Сабаби  асосии  нест  шудани  ин намуди  гаҳвораҷунбон  буридани туғайзор  ва  сӯхтор  ба  шумор меравад.  Дар  натиҷаи  буриши ҷангалҳои поёноби дарёи Қизилсуи ноҳияи  Фархор  ва  сӯхтори  ноҳияи Ҷилликӯл намуд пурра нест гардид.

Тадбирҳои ҳифз

Барои  ҳифз  ва  барқарор  кардани ин  намуди  гаҳвораҷунбон  пурзӯр намудани  фаъолияти  мамнуъгоҳи «Бешаи  палангон»зарур  дониста мешавад.

 

Иловаи шарҳ