- Хабарҳо

Маҷлиси назоратӣ дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо иштироки муовини Раиси Кумита Зарина Назарзода

Санаи 11 сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо иштироки муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Назарзода маҷлиси назоратӣ доир гардид. Дар маҷлис бо иштироки сардорони мақомоти зерсохтори Раёсат рафти иҷрои қарори ҷаласаи мушовараи Кумита аз 6 июли соли 2019, № 8 «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита  ва мақомоти зерсохтори он дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019»  мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифт.

Қайд карда шуд, ки аз 24 банди қарори ҷаласаи Мушовара оид ба бандҳои 4,13,18 ва 20 маълумот пешниҳод нагардидааст, хамчунин доир ба супоришҳое, ки дар маҷлисҳои ҳафтаинаи Раиси Кумита дода мешаванд, маълумотҳои муфассал пешниҳод карда шавад. Тибқи супоришҳое, ки дар протоколи №2 маҷлиси назоратии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 4.09.2019 қайд гардидааст, барои иҷрои пурраи қарори маҷлиси мазкур чораҳои иловагӣ андешида шуда, то 25 сентябри соли равон ба Кумита маълумоти хаттӣ  пешниҳод карда шавад.

Дар маҷлиси назоратӣ муовини Раиси Кумита Назарзода З. М.  баромад карда, оид ба мустаҳкам намудани  интизоми иҷроия супоришҳои мушаххас дод.

Иловаи шарҳ