- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Саҳми сокинони пойтахт дар тозагию ободонии он

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонӣ, тоза намудани кӯчаву хиёбон ва таъмини беҳдошти муҳити зист дар шаҳраку маҳаллаҳо, ташкилоту муассисаҳо пайваста хашарҳои умумишаҳрӣ роҳандозӣ мегардад.

Ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати санитарию экологии минтақаҳои ноҳияҳои пойтахт аҳли ҷамоатчигӣ ба ҳашар баромада, дар тоза намудани назди корхонаву муассисаҳо аз партовҳо,  бартараф намудани ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо аз алафҳои бегона, покиза намудани гирду атроф аз гулхорҳо ва батартибдарории кӯчаву роҳравҳо саҳми худро гузоштанд ва як қатор корҳои ободониро дастҷамъона ба сомон расониданд.

Дар ҳашари ҳафтаи пеш баргузоргашта 10679 нафар сокинони пойтахт  927085 м2 гирду атрофи биноҳо ва роҳравҳо рубучин гашта, 19147 метри тулонӣ ҷӯйбору обравҳо тоза карда шуд. Ҷиҳати сари вақт баровардани партовҳо 52 адад техника ва механизмҳо сафарбар шуда, аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ба миқдори 62,9 тонна партовҳои сахти маишӣ ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.

Бояд қайд намуд, ки аз аввали мавсим то инҷониб дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе зиёда аз 9 млн дона гулҳои мавсимӣ шинонида шуд, ки ҳолати экологии пойтахтро ба маротиб хубтару беҳтар мегардонад.

Бо мақсади пешгирии ифлоскунии кӯчаву хиёбон, роҳравҳо ва боғҳо бо зарфҳои пластикӣ, донаҳои офтобпараст бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ва кормандони як қатор ташкилоту муассисаҳо  ҷиҳати иҷрои муқаррароти қарорҳои дахлдори  самти муҳити зист суҳбату вохӯриҳо анҷом дода шуд.

Иловаи шарҳ