- Хабарҳо

Семинари навбатии бозомӯзӣ дар Кумита

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои семинарҳои бозомӯзии Кумита дар нимсолаи дуюми соли 2019  баҳри тақвият бахшидани такмили донишҳои соҳавии кормандон бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказии Кумита семинари бозомӯзӣ дар мавзӯи “Оид ба амалишавии Конвенсияи стокголм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гашт.

Ҳамоҳангсози Конвенсияи мазкур дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Хайруллоев мавзӯъро равшану возеҳ ва  бо истифода аз рӯйнамоҳо шарҳу тавзеҳ дод. Дар муҳтавои  шарҳи мавзӯъ  қайд карда шуд, солњои ќаблї, алалхусус давраи солњои 70-80 – уми асри гузашта, Осиёи Марказї яке аз марказњои асосии рушди соњаи кишоварзї, аз ҷумла пахта ба шумор мерафт. Бо мақсади аз ҳашароту касалиҳои гуногун ҳифз намудани зироат  ба ҷумҳурӣ  миқдори муайяни зањрхимикатњо ва пеститсидњои дорои моддањои устувори органикї ворид гардида буд. Акнун муњлати истифодаи аксарияти пеститсидњо ва зањрхимикатњои овардашуда гузашта, онҳо ба партовњои бенињоят хатарнок мубадал шуданд. Ҳоло баҳри таъмини амнияти экологии аҳолӣ аз ҷониби мақомоди  ваколатдори  давлатӣ дар ин самт  чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Иштирокдорони семинари бозомӯзӣ дар баррасии мавзӯи матраҳгашта иштирок намуда, ба саволҳои сершумори худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Иловаи шарҳ