- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Ҳисор

Бахшида ба таҷлили сазовори 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатитии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор аксияи навбатии  «Тозагии маҳал» баргузор карда шуд. Баргузории аксияи мазкур дар ҷамоатҳои деҳоти Мирзо Турсунзода ва Деҳқонободи шаҳр сурат гирифт, ки 90 нафар сокинон иштирок намуда, ба корҳои ободонию тозанамоии муҳити зист машғул шуданд. Дар натиҷа 4 метри кубӣ партовҳои ҷамъовардашуда  ба воситаи ду адад техникаи боркаш ба партовгоҳӣ шаҳрӣ бароварда шуд.

Корҳои ободонию солимгардонии муҳити зист дар дигар ҷамоати деҳоти ноҳия низ дар назар дошта шудааст.

Иловаи шарҳ