- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Баргузории аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истаравшан

Дар шаҳри Истаравшан бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зисти  ҳудуди ноҳия санаи 3 агусти соли 2019 аксияи «Тозагии маҳл» доир гардид.

Тибқи маълумати Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан дар аксияи мазкур 450 нафар кормандони корхонаву идораҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва  соҳибкорони инфиродӣ иштиров карда, дар натиҷа ду тарафти ҷӯйбори обгузари дохили шаҳр ба масофаи 6, 5 км, инчунин атрофи ташкилоту муассисаҳо аз партовҳо таза карда шуд.

Корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар ҷамоати деҳоти «Зарҳалоли»-и шаҳри Истаравшан вусъат гирифта, то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаҳои ду тарафи даромадгоҳи шаҳр пурра рангпошӣ карда шуда, дар қитъачаҳои мавзеи мазкур корҳои кабудизоркунию гулшинонӣ анҷом дода мешавад.  

Иловаи шарҳ