- Муомилот бо партов, Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Тадбирҳо оид ба солимнигоҳдории муҳити зист дар шаҳри Истаравшан

Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан санаи 27 июли соли ҷорӣ бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо, марказҳои маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил»-ро дар ҳудуди шаҳр бо иштироки доираи васеи аҳолӣ баргузор намуд. Дар чорабинии навбатӣ 830 кормандони ташкилоту муассисаҳо, кормандони беморхонаи марказӣ, сокинони  маҳаллаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ фаъолона иштирок намуданд.  Дар натиҷа ду канори ҷӯйбори обгузари дохили шаҳр, ба масофаи 6,5 км ва саҳни корхонаву ташкилотҳо аз партов ва алафҳои печида тоза карда шуд.

Ҳамзамон аз тарафти Идораи давлатии беҳдошти замин  ва обёрии Зарринрӯд тоза намудани дохили сойи шаҳр ба масоҳати  13 км ба нақша гирифта шуда, ҳоло бошад 5 км он пурра аз партов ва ботлоқ тоза гардида, корҳо оид ба беҳдошти экологию санитарии сойи мазкур бомаром идома дорад.

Иловаи шарҳ