- Муомилот бо партов, Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар шаҳри Ҳисор

Ба истиқболи ҷашни миллии Наврӯз, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар шаҳри Ҳисор шанбегии оммавӣ идома дорад.

Аз ҷумла, дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амри Раиси шаҳри Ҳисор оид ба гузаронидани аксияҳои «Тозагии маҳал ва соҳил» санаи 13 феврали соли равон дар ҳудуди ҳамаи ҷамоатҳои шаҳр бо иштироки зиёда аз 1000 нафар сокинони ҷамоатҳо, кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор ва намояндагони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.

Дар рафти аксия қадди роҳҳо, ҷўйҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, бо истифодаи 7 техникаҳои борбардору боркаш ба партовгоҳи расмии шаҳр 15 м3 партов бароварда шуданд.

Иловаи шарҳ