- Хабарҳо

Бунёди гулгашти замонавӣ дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои шаҳри Душанбе, дар асоси Нақшаи чорабиниҳо, ки бо Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2018, №98-ф тасдиқ гашта, барои ободонӣ ва кабудизоркунии гулгашт, воқеъ дар буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ бо кӯчаи Неъмат  Қарабоев то кӯчаи Мушфиқии ноҳияи Фирдавсӣ ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста карда шудааст, корҳои муайян ба сомон расонида шуданд.

Лоиҳаи корҳои  ободонӣ, кабудизоркунӣ ва чароғонкунии  гулгашти  зикргардида аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи  илмӣ ва лоиҳакашии  «Душанбероҳсоз» таҳия гардида, тиббқи лоиҳаи мазкур масоҳати  умумии  гулгашт 82000 м2, аз ҷумла масоҳати роҳраву гузаргоҳҳо 150 м2 ва майдони кабудизоркунӣ 8150 м2-ро ташкил медиҳад.

Корҳои тоза намудани  ҷойи гулгашт аз сангу шағал ва алафҳои бегона, ҳамвор кардани замин барои  кишти алафҳои  ҳамешасабз (газон), шинонидани ниҳолҳои ороишӣ ба таври ҳашар аз ҷониби кормандони Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти зерсохтори Кумита ба анҷом расонида шуданд.

Ниҳолҳои дарахтони ороишӣ ба миқдори 172 адад арчаи навъи межовелник аз хориҷи кишвар ва тақрибан 10 000 адад ниҳолҳои арчаи  навъи тӯяи шарқӣ аз хоҷагии деҳқонии ниҳолпарварии «Беҳрӯз»-и шаҳри Ваҳдат  дастрас гашта, сари вақт шинонида шуданд.

Дар асоси шартномаи дутарафа байни Кумита ва Корхонаи таъмиру  сохтмони ноҳияи Фирдавсӣ корҳо дар самти хобонидани қубурҳои  обгузар  барои обёрии  гулгашт ба анҷом расонида шуда, корҳои тайёр ва васл  намудани панҷараҳои  ороишӣ, ободонӣ ва чароғонкунии гузаргоҳҳои пиёдагузар  идома доранд.  

Дигар корҳои сохтмонию кабудизоркунӣ дар мавзеи мазкур тибқи нақша амалӣ гашта истодааст.

Иловаи шарҳ