- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Давраи тухмгузории моҳӣ дар вилояти Суғд

Дар асоси фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 20 марти соли 2019, №21 «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2019» аз 1 апрел то 15 июни соли ҷорӣ дар ҳавзаи дарёи Сир ва дигар дарёҳо, обанборҳо, сойҳо ва кӯлҳои ҳудуди вилоят сайди моҳӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқию воқеӣ манъ карда шуд. Барои амалӣ гаштани нақшаи чорабиниҳо ситод дар ҳайати 16 нафар бо роҳбарии сардори раёсат ташкил карда шудааст.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ баҳри ҳифзи захираҳои моҳӣ, ба танзим даровардани моҳидорӣ ва истифодабарии самараноки захираҳои  моҳии обанбори «Баҳри Тоҷик» ва ҳавзаи Сирдарё аз ҷониби нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист 52 маротиба амалиёти фаврӣ гузаронида, 35 санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуд. Ҳамчунин, нисбат ба қонунвайронкуниҳои ошкоргардида 7 адад мавод тартиб ва барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор супорида шуд. Дар натиҷа нисбат ба 4 нафар сокинони шаҳри Конибодом ва 1 нафар сокини ноҳияи Бобољон Ғафуров парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 230-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Ҳамзамон, аз қӯруқшиканон 1 адад қайиқи резинӣ ва 3 адад қайиқи оҳанин, 2,5 ҳазор метр тӯри моҳидорӣ муваққатан боздошт гардида, 79 адад тўрҳои моҳидории бесоҳиб нобуд карда шуд.

Барои иҷрои фармоиши сардори раёсат 26 адад эълон ва ба ташкилоту идораҳо, бозору нуқтаҳои савдо ва пухтупази моҳӣ 42 адад амрнома оид ба манъи сайди моҳӣ пешниҳод гардид.

Инчунин, дар байни аҳолӣ 35 маротиба сӯҳбат, 6 маротиба эълон дар рӯзномаҳо, 5 барнома дар садо ва симои вилоятӣ ва маҳаллӣ оид ба масъалаи мазкур ташкил ва амалӣ  карда  шуд.

Иловаи шарҳ