- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе дар бораи ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти азизамон Душанбешаҳр ҳамовозӣ пайдо намуд

Имрӯз, 21 ноябр Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А., муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Т., директори Ҷамъияти  Олмонӣ оид ба корҳои байналмилалӣ дар  Тоҷикистон (GIZ) хонум Сабин Олтхоф дар баргузории шанбегӣ оид ба тозагӣ ва ниҳолшинонӣ, ки дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Хайёми шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуданд.

Иқдоми мазкур дар заминаи ташаббусу дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи кабудизоркунӣ ва ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти азизамон шаҳри  Душанбе пеш гирифта шуд. 

Ҳамзамон, дар рафти корҳои тозагии муҳити зист ва сабзгардонии мавзеи мазкур иштирокчиён ва ғолибони чорабиниҳои онлайнии дар доираи «Моҳи амал оид ба иқлими сабз» баргузоргардида пайваста, дар ҳифзи муҳити зист саҳми худро гузоштанд. Дар интиҳои чорабинии мазкур ба онҳо барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи муҳити зист  ва ғолиб омадан дар чорабиниҳои онлайнӣ дар мавзӯъҳои вобаста ба иқлими сабз туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Дар чорабинӣ, ҳамчунин  намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,   Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти  Олмонӣ оид ба корҳои байналмилӣ дар  Тоҷикистон (GIZ)  ва сокинони пойтахт низ фаъолона  ширкат намуда, дар натиҷа 100 адад ниҳоли навъи кипариси баландқомати орододашуда шинонида шуд.

Иловаи шарҳ