- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита

16 ноябри соли ҷорӣ маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи Раиси Кумитаи  ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар он фаъолияти раёсату шуъбаҳо, марказҳо, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита дар ҳафтаи аз 9 то 13 ноябри соли равон ва вазифаҳо барои ҳафтаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маҷлис таҳти раёсати муовини Раиси Кумита Қиёмзода З. С. доир гардида,   ҳисоботи таҳлилии масъули Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Қосимова Г. ва ҳисоботи сардорони сохторҳои Кумита оид ба фаъолияти сомтҳояшон шунида шуд.

Сипас, муовини Раиси Кумита Қиёмзода З. С. оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти соҳавӣ изҳори андеша намуда, барои беҳтар намудани кори ҳаррӯзаашон тавсияву супоришҳо дод.

Бо назардошти пурсишу пешниҳодҳо ва супоришҳои аз ҷониби муовини Раиси Кумита додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.

Иловаи шарҳ