- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Дар ноҳияи Нуробод бурриши ғайриқонунӣ ошкор карда шуд

Аз бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Нуробод иттилоъ доданд, ки санаи 4 ноябри соли ҷорӣ дар деҳаи Туғаки ҷамоати деҳоти Комсомолободи ноҳия буриши ғайриқонунии дарахти чормағз ошкор карда шуд. Як сокини ҷамоати номбурда, талаботи моддаи 45-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»-ро вайрон намудааст. Дар натиҷа  нисбат ба ин амали шаҳрванд  аз ҷониби Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Нуробод протоколи қонунвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, тибқи тартиби муқарраршудаи қонунгузорӣ баррасӣ гашта истодааст.

Иловаи шарҳ