- Хабарҳо

Аксияи «Тозагии роҳ» дар шаҳри Хуҷанд

Дар минтақаи шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд, кўчаи Ҷавонӣ, аксияи «Тозагии роҳ» ва шинонидани ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз амалӣ гардид. Дар рафти чорабинӣ кормандони муассисаи ободонии шаҳр, истифода ва таъмири роҳ, мақомоти ҳифзи муҳити зист ва сокинони кўчаи мазкур дар маҷмўъ, зиёда аз 100 нафар иштирок кардаанд. Дар натиҷа беш аз 4 км қади роҳ аз партовҳо тоза гардида, 905 беҳ ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд. Ҳамчунин, 2 км роҳи нақлиётгард азнав мумфарш гардид.

Иловаи шарҳ