- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Аксияи “Тозагии маҳал”дар ноҳияи Кушониён

Рӯзи 20 июни соли 2020 бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Кушониён дар сарҳади муҳофизатии заҳбури деҳаи Бофандаи ҷамоати деҳоти Сарвати истиқлоли ноҳияи Кушониён бо иштироки зиёда аз 100 нафар истиқоматкунандагони деҳа ва бо 2 адад автомашинаҳои боркаш аксияи “Тозагии маҳал”  гузаронида шуда зиёда аз 200 тонна партовҳо иборат аз партовҳои маишӣ ва сохтмонӣ тоза кардашуда, ба воситаи автомашинаҳо ба партовгоҳи расмии ноҳия бароварда шуд. Ҷойи аз партовҳо тоза карда шуда бо воситаи дорупошаки муҳаррикӣ маҳлули хлор пошида безарар гардонида шуд.

Иловаи шарҳ