- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Бо мақсади амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  дар  сатҳи  зарурӣ  пешвоз гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ корҳои ободониву тозагии муҳити зист бомаром идома дорад. Дар маркази ноҳия бо ҷалби васеи аҳолӣ аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуда, майдону ҷуйборҳо  аз алафҳои бегона тоза карда шуда, гулҳои ороишӣ  шинонида шуд.     

Ҳамчунин дар деҳаи Ғузнии ноҳия бо иштироки сокинони деҳа  ҳашар гузаронида шуда, барои таъмини аҳолӣ бо оби хушсифати нӯшокӣ ва полезӣ таъмири ҷории ҷуйбор ба дарозии 350 м  гузаронида шуд.

Иловаи шарҳ