- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

17 июн Рӯзи мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва хушксолӣ

Соли равон Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва хушксолӣ, ки ҳамасола 17 июн ҷашн гирифта мешавад, ба тағйирёбии муносибати ҷомеа ба омили асосии ба биёбоншавӣ ва таназзули замин — афзоиши устувори истеҳсол ва истеъмоли захираҳо бахшида мешавад.

Биёбоншавӣ яке аз проблемаҳои асосии имрӯзаи олам ба шумор меравад, ки ба худ хусусияти ҷаҳонӣ гирифтааст. Сабабҳои асосии барангезандаи унсурҳои биёбоншавӣ – ин истифодаи бесарусомони заминҳои таъиноти кишоварзӣ, истифодаи нодурусти шабакаҳои обёрӣ ва чаронидани бенизоми чорво дар чарогоҳҳо, тағйирёбии иқлим ва хушксолиҳои пайдарпай мебошанд. Биёбоншавӣ ба хоҷагии ҳалқи ҷумҳурӣ мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро ба миён овардааст.

Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамоҳангии чорабиниҳои афзалиятнок Барномаи махсуси мубориза бар зидди биёбоншавиро (Конвенсияи СММ МБ) таҳия ва қабул намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1998 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1140 ба он ҳамроҳ шудааст.

Намояндагони давлатҳо, нақшаи нави роҳҳои глобалии мубориза бо таназзули заминро дар Конференсияи 14-и КСММ МБ мувофиқа карданд. Дар заминаи стратегии нави КСММ МБ барои солҳои 2020-2030 ӯҳдадории ҳамаҷонибаи давлатҳои ҷаҳон нисбати ноил шудан ба бартараф намудани таназзули замин, бо мақсади барқарор намудани ҳосилнокии заминҳои азкорбаромада дар минтақаҳои осебпазир муайян карда шуданд.

Рушди соҳаи кишоварзӣ, рушди шаҳрҳо ва тавсеаи инфрасохтор талаботро ба захираҳои замин зиёд мекунад ва рақобатро ба онҳо афзоиш медиҳад. Қариб 75% тамоми заминҳо аз ҳолати табиӣ берун шуда, суръати додани категорияҳои дигар намуди истифодаи замин меафзояд. Ғайр аз он, бад шудани вазъи ҳолати замин ва ҳосилнокии заминҳои корам бо тағирёбии иқлим шиддат меёбад.

Аксарияти хӯрок, либос ва пойафзол аз растаниҳо ва ҳайвонот тайёр карда мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрока, хӯроки чорво (барои ҳайвонот) ва нах (барои либос) барои истифодаи замини кишоварзӣ бо ҳам рақобати зиёд доранд. Талабот аз ҳисоби афзоиши шумораи аҳолии ҷаҳон ва афзоиш ёфтани шумораи табақаи миёнаи аҳолӣ афзоиш меёбад.

Барои пешгирии биёбоншавӣ мо чӣ корда метавонем?

  • Шинонидани дарахтони мевадиҳанда дар саҳни мактабҳо ва боғҳои истироҳатӣ, то ки витаминҳо ҳамеша дастраси мардум бошанд.
  • Парвариши сабзавот дар заминҳои наздиҳавлигӣ.
  • Тайёр намудани компост аз партовҳои истеъмолӣ ва истифодаи он ба ҷойи пеститсидҳо ва нуриҳои минералӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ, боғҳои шахсӣ ё ҷамъиятӣ.
  • Таъмири либосҳо, додани хайрияҳо ба шахсони ниёзманд ва табодули либос, инчунин даст кашидан аз пайи ҳавасҳои мӯд бо мақсади сарфа кардани об ва захираҳои табиӣ аз ифлосшавӣ.
  • Истифода бурдани рӯймолчаҳо ба ҷои дастмолҳои коғазии якмаротибагӣ, тавре ки сафири иродаи неки КСММ МБ оид ба масъалаҳои замин Люу Фанфей дар Хитой пешниҳод кардааст, агар шахсе, ки дар як рӯз ҳашт дастмоли коғазиро истифода мекунад, аз он даст кашад дар тӯли як сол метавонад дарахти бистсоларо ҳезумро аз буридан эмин дорад, ки 60 кг гази оксиди карбон ва 1 тонна оксиген хориҷ мекунанд.

Ин ва чанде дигар аз пешниҳодҳои асоснокшудае ҳастанд, ки бо ба рӯйи даст гирифтани чорабиниҳои мушаххас мебояд бар зидди биёбоншавӣ ва хушксолӣ мубориза бурд.

Иловаи шарҳ