- Муомилот бо партов, Обуҳавошиносӣ

Гузаронидани Аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Шаҳритуз

Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин рӯзи 8 феврали соли 2019, бо ташабуси бевоситаи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуз дар якҷоягӣ бо КДФ “Хоҷагии манзилию коммунали”-и ноҳия ва ҷамоати шаҳраки Шаҳритузи ноҳия, дар ҳудуди ноҳия аксияҳои “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил” бо ҷалби кормандони ташкилоту сохторҳои гуногун, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гашт.

Нахуст назди даромадгоҳи биноҳои маъмурии ташкилоту сохторҳои гуногун аз дарахтони хушкида тоза карда шуда, дар ҷои онҳо ниҳолҳои ҳамешасабзи “Сосна” шинонида шуд.

Инчунин бо иштироки хонандагони муассисањои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аҳолии шаҳраки Шаҳритуз шафати роҳрави пиёдагардони назди биноҳои маъмурӣ нарм карда шуда, барои коштани алафи сабз (газон) омода карда шуд. Ҳамзамон зери дарахтони ҳамешасабзи шинонидашуда нарм карда шуда, барои шинонидани гулҳои мавсимӣ ва доимӣ омода карда шуд.

Бо ташабуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия барои тоза намудани партовгоҳҳои мувақатӣ аз партовҳо, 15 адад техникаҳои пуриқтидор (мехлопата) ва автомашинаҳои Камаз сафарбар карда шуданд.

Бо ёрии техникаҳои мазкур партовҳо аз партовгоҳҳои мувақатии деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Обшорон, деҳаи Қаҳрамони ҷамоати деҳоти ба номи Х.Холматов, кӯчаи Ваҳдат ва И.Сомонии ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз бароварда шуда ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуд.

Партовгоҳҳои мувақатии кӯчаи Гирдо гирди ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз, ки дар шафати соҳили дарёи Кофарниҳон қарор дорад ҳамчунин аз партовҳо тоза карда шуда, партовҳои ҷамовардашуда ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуд.

Бо ёрии техникаҳои пуриқтидор ҳудуди 70-80 куб партовҳо ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуд.

Мақсади гузаронидани аксияҳои мазкур ин баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби корҳои ободонию созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, омодагии сазовор ба ҷашни           30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқу тарғиби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” мебошад.

Иловаи шарҳ