- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Корҳои ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд

Маъракаи кабудизоркунӣ, ободонӣ ва солимгардонии муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст. Бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд 20 майи соли ҷорӣ дар майдону гулгаштҳо, кӯчаҳои Исмоили Сомони ва Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд ҳашарҳои гулшинонӣ, нарм кардани бехи дарахтон ва сафедкунии дарахтон, инчунин аз алафхои бегона тоза намудани гулгаштҳо шуда гузашт, ки дар ҳашари мазкур зиёда аз 80 нафар кормандони Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд иштирок намудаанд.

Иловаи шарҳ