- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Иқдоми наҷиби Кумита баҳри дастгирии кормандони соҳаи тиб

Тибқи  дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии табибоне, ки ба муолиҷаи беморони пандемияи COVID-19 машғул мебошанд, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 112 нафар табибони шифохонаи Қарияи боло дар шаҳри Душанбе кумаки моддӣ ва таҷҳизоти муҳофизатию безараркунанда дастрас намуд.

Кумаки моддӣ маҷмӯан аз 1120 кг орд, 1120 кг шакар, 560 литр равған ва таҷҳизоти тиббӣ бошад аз 1050 дона ниқоб, 1000 ҷуфт дастпӯшак ва 100 адад маҳлули антисептикӣ ва 10 литр спирт иборат мебошад.

Иловаи шарҳ