Тоҷикӣ      Русский      English
“Необходимо, чтобы мы продемонстрировали серьезное ,
отношение к вопросам охраны окружающей среды,
флоры и фауны, экологической ситуации и с этой целью
добились совершенствования законодательства этой области”.
Эмомали Рахмон
Меню
  • ГЛАВНАЯ
  • О КОМИТЕТЕ
  • ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ
  • МЕЖДУНАРОДНОЕ СОТРУДНИЧЕСТВО
  • ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВА
  • НОВОСТИ
  • ОБЪЯВЛЕНИЯ
  • Комитет охраны окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан


    Земельный кодекс Республики Таджикистан


    КОДЕКСИ ЗАМИНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН



    (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, с. 1996, №23, мод. 351; с. 1997, №23-24, мод. 333, фасли IV; с. 1999, №5, мод. 59; с. 2001, №4, мод.176; с. 2004, №2, мод. 55, №3, мод. 190; с. 2006, №7, мод. 347; с. 2008, №1, қ. 2, мод. 22, №6, мод. 463; с. 2011, №3, мод. 171; с. 2012, №4, мод. 269; №8, мод. 828)

    (Қонуни ҶТ аз 12.12.1997 № 498, аз 14.05.1999 № 746, аз 12.05.2001 № 15, аз 28.02.2004 № 23, аз 28.07.2006 № 199, аз 5.01.2008 № 357, аз 18.06.2008 № 405, аз 25.03.2011 № 704, аз

    16.04.2012             № 819, аз 01.08.2012 №891, аз 14.11.2016 № 1363)

    Кодекси мазкур муносибатҳои заминистифодабариро танзим намуда, барои истифода ва ҳифзи замин, ҳосилхез кардани он, ҳифз ва беҳтар намудани муҳити табиат ва инкишофи баробари ҳамаи шаклҳои хоҷагидори шароит фароҳам меоварад.

    БОБИ I. КОИДАҲОИ АСОСИ

    Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумхурии Точикистон дар бораи замин

    (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891)

    Қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи замин ба Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои хуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891, аз 14.11.2016 № 1363).

    Моддаи 1(1). Муносибатҳое, ки қонунгузории замин танзим менамояд

    (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891)

    Қонунгузории замин муносибатҳоро вобаста ба истифодабарй ва ҳифзи замин, инчунин муносибатҳои молумулкиро дар соҳаи заминистифодабарй, ки вобаста ба гирифтани (ба даст овардани) хукуқи бегона намудани хукуқи истифодабарии қитъаи замин ба миён меоянд, ба танзим медарорад.

    Муносибатҳои вобаста ба ҳифз ва истифодабарии захираҳои табий, об, ҷангал, олами ҳайвонот ва дигар боигариҳои табий, ҳифзи муҳити зист, минтақаҳо ва объектҳои табиии махсус






    муҳофизатшаванда, ҳавои атмосфера ва объектҳои махсуси таърихию фарҳангй бо қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд. Меъёрҳои соҳаҳои номбурда вобаста ба муносибатҳои замин дар қисме амал менамоянд, ки агар ин муносибатҳоро қонунгузории замин танзим накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 №891).

    Моддаи 1(2). Мафхумҳои асосӣ

    (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891)

    Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891):

    -     қитъаи замин - қисми замин бо хукукҳои муайян нисбат ба он, ки гурӯҳи муайян ва намуди иҷозатдодашудаи истифодабарӣ, сарҳади муайяншуда, майдон ва ҷойгиршавӣ дорад;

    -     заминистифодабаранда - шахси воқеӣ ё хуқуқӣ, ки қитъаи замин ба ӯ бо хуқуқи бегона намудани хуқуқи истифодабарӣ ё бе хуқуқи бегона намудани хуқуқи истифодабарӣ дода шудааст (ба даст оварда шудааст);

    -     Фонди ягонаи давлатии замин - маҷмӯи қитъаҳои замини дар худуди Ҷумхурии Тоҷикистон воқеъбуда, ки аз гурӯҳи муайяни қитъаҳои замин бо таъиноти муайяни мақсаднок иборат мебошад;

    -     гурӯҳи замин - қисми Фонди ягонаи давлатии замин, ки бо таъиноти асосии мақсаднок қудо карда мешавад ва низоми муайяни хуқуқӣ дорад;

    -     таъиноти мақсадноки замин - истифодабарии қитъаҳои замин бо мақсадҳои дар хуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хуқуқ ба қитъаи замин нишондодашуда;

    -     сервитут - хуқуқи шахс ва (ё) шахсон ба истифодаи маҳдуди қитъаи замини дар истифодаи дигар шахс қарордошта, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайди давлатӣ гирифта шудааст;

    -     хуқуқи истифодабарии қитъаи замин - тибқи Кодекси мазкур ва қонунгузории граждании Ҷумхурии Тоҷикистон хуқуқи бадастовардашавандаи (бадастовардашудаи) истифодабарии бемӯҳлат, мӯҳлатнок ё якумраи меросӣ ё дар асоси шартномаи иҷораи қитъаи замин тибқи Кодекси мазкур додашуда ё хуқуқи






    истифодабарии бемӯҳлат, мӯҳлатнок ё якумраи меросии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудан, ки бо тартиби муқарраргардида аз қайди давлатй гузаштааст (Қонуни ҶТ аз

    01.08.2012               №_891).

    Моддаи 1(3). Принсипқои асосии қонунгузории замин

    (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891)

    Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқи он қабулгардидаи қонунгузории замин ба принсипҳои зайл асос меёбанд (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891):

    -      нигоҳдории Фонди ягонаи давлатии замин, беҳтар намудани сифат ва ҳосилхез кардани замин ҳамчун захираи муҳимтарини табий;

    -      таъмини истифодабарии самараноки замин;

    -      таъмини ҳифзи махсус, васеъ намудан ва истифодабарии қатъии мақсадноки заминҳои кишоварзй;

    -      ташкили бозори хуқуқи истифодабарии замин, фаъолияти самараноки он ва роҳ надодан ба фаъолияти инҳисорй дар бозори хуқуқи истифодабарии замин;

    -      дастгирии давлатй барои амалй намудани чорабиниҳо оид ба ҳосилхез кардани заминҳои кишоварзй, беҳтар намудани ҳолати мелиоративй ва ҳифзи замин;

    -      дахолат накардани мақомоти давлатй ба фаъолияти шахсони воқей ва хукуқй ҷиҳати ба даст овардан, истифода бурдан ва бегона кардани хуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон;

    -      пешгирии зараррасонй ба замин, муҳити зист ва таъмини амнияти экологй;

    -                  гуногуншаклии хоҷагидорй, таъмини баробархуқуқии истифодабарандагони замин, ҳифзи хуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо;

    -                  таъмин намудани баробархуқуқии иштирокчиёни муносибатҳои вобаста ба замин, ҳифзи хуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо;






    -       музднок будани истифодабарии замин;

    -       дастрас будани иттилоот оид ба қитъаҳои замин (Қонуни ҶТ аз

    01.08.2012                № 891).

    Моддаи 2. Моликият ба замин

    Замин дар Ҷумхурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

    Даъвои заминҳои авлоди дар қаламрави Чумҳурии Тоҷикистон эътибор надорад.

    Шахсони воқей ва хукуқии Ҷумхурии Тоҷикистон метавонанд хукуқи истифодабарии қитъаи заминро бо асосҳо, шартҳо ва андозае, ки Кодекси мазкур ва қонунгузории гражданй муқаррар намудааст, бегона намоянд (Қонуни ДТ аз 01.08.2012 № 891).

    Ба шахсони воқей ва хуқуқии хориҷй қитъаҳои замин бе хуқуқи бегона намудани хуқуқи истифодабарии ин қитъаҳои замин дода мешаванд (Қонуни ДТ аз 01.08.2012 № 891).

    Моддаи 2(1). Объекти муносибатҳои вобаста ба замин

    (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891)

    Объектҳои муносибатҳои вобаста ба замин инҳоянд (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891):

    -       замин ҳамчун объекти табий ва захираи табий;

    -       қитъаҳои замин;

    -       хуқуқи гирифтани қитъаи замин ва саҳми замин (Қонуни ҶТ аз

    01.08.2012                № 891).

    Моддаи 2(2). Хуқуқи истифодабарии қитъаи замин ҳамчун объекти хуқуқи гражданй

    (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891)

    Хуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо хуқуқи бегона намудани он объекти махсуси муносибатҳои хуқуқи гражданй буда, метавонад предмети хариду фурӯш, тӯҳфа, иваз, иҷора,






    гарав ва дигар аҳдҳо бошад ва инчунин ба тариқи мерос ва бо тартиби умумии ба даст овардани ҳуқуқ, ки Кодекси мазкур ва қонунгузории гражданй муқаррар намудааст, ба дигар шахс гузарад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    Хуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он ба шахсони воқей ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй ба тариқи бемузд ё музднок дода мешавад.

    Қитъаҳои замине, ки ба бегона намудани ҳуқуқи истифодабариашон ҳуқуқ пайдо кардаанд, танҳо мувофиқи таъиноти мақсадноки онҳо истифода бурда мешаванд.

    Ҳеч, кас, ба ғайр аз асосҳои дар Кодекси мазкур пешбинигардида, аз ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин маҳрум карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    Моддаи 3. Фонди ягонаи давлатии замин

    Тамоми заминҳои Ҷумҳурии Точикистон фонди ягонаи давлатии заминро ташкил медиҳанд ва мутобиқи таъиноти мақсаднок ба гурӯҳҳои зайл тақсим мешаванд (Конун аз 5.01.2008 № 357):

    1)     заминҳои таъиноти кишоварзи;

    2)          заминҳои маҳалҳои аҳолинишин (шаҳрҳо, шаҳракҳо ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот);

    3)      заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, мудофиа ва таъиноти дигар;

    4)                заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардони, рекреатсиони ва таърихию мадани;

    5)      заминҳои фонди давлатии чангал;

    6)      заминҳои фонди давлатии об;

    7)      заминҳои захираи давлати.

    Гурӯҳҳои замин дар ҳуччатҳои зерин нишон дода мешаванд:

    а) дар кадастри давлатии замин;

    б) дар китоби бақайдгирии замин;






    в) дар қарорҳои ҳокимияти иҷроия дар бораи додани замин;

    г) дар ҳучдатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Моддаи 4. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маидиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин

    (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 819)

    1.        Ба салоҳияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин таъсис, барҳам ва тағйир додани ҳудуди воҳидҳои марзиву маъмурӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳотҳо) дохил мешаванд.

    2.              Ба салоҳияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин таъсис додани минтақаҳои дорои низоми махсуси хукуқӣ, муқаррар намудан ва тағйир додани худуди онҳо дохил мешаванд (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 819).

    Моддаи 5. Салоҳияти Хукумати Чумхурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин

    Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин чунин салоҳият дорад:

    а) гирифтан ва додани қитъаҳои замин дар қаламрави Чумхурии Тоҷикистон бо мақсадҳои умумидавлатӣ (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891);

    б) ташкили корҳо ҷиҳати таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатию байнидавлати доир ба истифодаи оқилонаи замин, афзудани маҳсулнокии хок, ҳифзи заминҳо дар маҷмӯъ бо дигар тадбирҳои ҳифзи табиат;

    в) ҳамоҳангсозии кори мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мавриди татбиқи барномаҳои давлати оид ба истифода ва ҳифзи замин (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891);

    г) таъмини маблағгузории тадбирҳо оид ба истифодаю ҳифзи замин дар чараёни таҳияи бучети давлати ва пешниҳоди он ба






    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон (Конуни ЧТ аз 16.04.2012 № 819);



    д) бо ризояти мақомоти дахлдори хркимияти иҷроия дар маҳалҳо муқаррар намудани худуди майдонҳои муҳофизати махсуси табиат;

    е) тасдиқи тартиби муқаррар намудани сервитути оммавй (маҷбурй) ба қитъаҳои замин (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891);

    ж) идоракунии умумии заминсози, муқаррар намудани тартиби ташкил ва гузаронидани кадастри давлатии замин ва мониторинги замин (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23);

    з) тасдиқи ҳучдатҳои заминсозие, ки ба ичрои корҳои дорои аҳамияти давлати алоқаманданд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    и) муқаррар намудани тартиби ба заминистифодабарандагон бемузд ё музднок додани ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин бо ҳуқуқи бегона намудани онҳо, андозаи қитъаҳои замине, ки бемузд ё музднок дода мешаванд, андозаи ҳадди ақалли қитъаи замини тақсимнашаванда, инчунин тартиби додан (ба даст овардан) ва гирифтани қитъаҳои замин (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891);

    к) амалй намудани дигар салоҳияте, ки Кодекси мазкур пешбинй намудааст (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин

    (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891)

    Мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин чунин ваколатҳо дорад (Қонуни ҶТ аз

    01.08.2012               № 891):

    а) гузаронидан ва амали гардонидани корҳои заминсози;

    б) гузаронидани кадастри давлатии замин ва мониторинги замин таҳия ва тасдиқи намунаи китобҳо ва дигар ҳучдатҳои кадастри замин (Конун аз 5.01.2008 № 357);






    в) назоратн давлатии истифода ва ҳифзи замин, пешниҳод намудани талабот оид ба бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоргаштаи қонунгузории замин;

    г) дар доираи қонунгузории амалкунанда такмил додани усулҳои идоракунии захираҳои замин;

    д) таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрни ҳуқуқи оид ба танзими давлатии муносибатҳои вобаста ба замин;

    е) бо тартиби муқарраргардида намояндаги намудани Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилали;

    ж) назорати истифодабарии мақсадноки маблағҳое, ки барои беҳдошти ҳолати заминҳо равона карда шудаанд;

    з) таҳия ва мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати тасдиқ пешниҳод намудани миқдори андози замин, муайян намудани зиёни иқтисоди ва ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин;

    и) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории бақайдгирии давлатии хуқуқи истифодаи қитъаи замин ва дигар хуқуқҳои ба он алоқаманд, инчунин бо тартиби муқарраргардида ба заминистифодабарандагон додани хучдате, ки хуқуқи истифодаи қитъаи заминро тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 01.08.2012 №_891);

    к) боздоштани ҳама гуна сохтмонҳо, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва торф, истифодаи иншоотҳо, иҷрои корҳои мелиоративии ҷангал, интишофи геологй, чустучӯй, геодезй ва манъ кардани фаъолияти заминистифодабарандагоне, ки амалҳояшон хилофи қонунгузории замин мебошад;

    л) ба Хукумати Чумхурии Тоҷикистон, ҳокимияти маҳаллй ва ё суд манзур намудани пешниҳодҳо оид ба бекор намудани санадҳое, ки хилофи қонунгузории замин мебошанд;

    м) боздоштани иҷрои қарорҳо оид ба чудо намудани қитъаҳои замин, ки мухолифи қонунгузории замини Чумхурии Тоҷикистон мебошанд, то қабули қарори мақомоти дахлдор (мақомоти болоии ҳокимияти иҷроия, суд);

    н) ҳал ва шарҳи масъалаҳое, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии хукуқи истифодаи қитъаи замин ва дигар хукуқҳои ба онҳо






    алоқаманд, инчунин дар ҳолати додани ҳучдатҳои дахлдор пайдо мешаванд (Конун аз 5.01.2008 № 357);

    о) ичрои дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23, аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 7. Салоҳиятҳои мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятхр, шаҳрҳо ва ноҳияҳо

    (Конун аз 18.06.2008 № 405)

    Мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин дар худуди маъмуриашон чунин салоҳиятҳо доранд (Конун аз 18.06.2008 № 405):

    а) ташкил ва амали гардонидани заминсози, тасдиқ кардани ҳуччатҳои заминсозии вобаста ба ичрои корҳои дорои аҳамияти минтақави ва дар заминҳои дар ихтиёри онҳо буда гузаронидани кадастри давлатии замин ва мониторинги замин (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23);

    б) додани қитъаҳои замин барои истеҳсолоти кишоварзи;

    в) додану гирифтан ва вобастакунии қитъаҳои замин барои эҳтиёчоти ғайрикишоварзи (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23);

    г) ҳифзи хуқуқи заминистифодабарандагон ва ичоракорон;

    д) қатъ гардонидани хукуқи истифодаи қитъаи замин мутобиқи моддаи 37 Кодекси мазкур (Конун аз 5.01.2008 № 357);

    е) таъмини дастрасии баробари занҳо ва мардҳо ба қитъаҳои замин (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891);

    ж) муқаррар намудани ҳадди ақалли ичорапулй барои истифодабарии қитъаи замин, муқаррар намудани сервитутҳои оммавй (мачбурй) ба қитъаҳои замин (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 №891);

    з) ба шахсони воқей ва хуқуқии Чумхурии Точикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Хукумати Ҷумхурии Точикистон






    бемузд ё музднок додани хукуқи истифодабарии қитъаи замин бо хукуқи бегона намудани он (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    "Қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигй ва заминҳои иловагии ёрирасони шахсй, ки тибқи тартиби муқарраршуда қудо карда шудаанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дода мешаванд (Конун аз 18.06.2008 № 405).

    Моддаи 8. Салоҳиятҳои қамоатҳо

    Ҷамоатҳо дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин дар қаламрави маҳалҳои аҳолинишини деҳот чунин салоҳиятҳо доранд:

    а) ба мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо пешниҳод намудани таклифҳо доир ба чудо намудани қитъаҳои замин (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891);

    б) муқаррар ва тасдиқ намудани андозаи заминҳои наздиҳавлиги дар доираи меъёрҳое, ки дар моддаи 71 ҳамин Кодекс оварда шудаанд (Конун аз 18.06.2008 № 405);

    в) тартиб додани китобҳои хоҷагидорй, бурдани рӯйхати заминистифодабарандагон ва шартномаҳои иҷора, инчунин ба танзим даровардани заминҳои наздиҳавлигй ва заминҳои хоҷагиҳои иловагии ёрирасони шахсй (Конун аз 5.01.2008 № 357, аз 18.06.2008 № 405);

    г) назорати истифода ва ҳифзи заминҳо (Конун аз 5.01.2008 № 357, аз 18.06.2008 №№405);

    Моддаи 8.1 Салоқиятқои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияқое, ки дар қудуди маъмурии шақрҳо ва ҳокимияти маҳаллии шаҳрҳое, ки дар ҳудуди маъмурии ноҳияҳо ҷойгиранд

    (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891)

    Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳое (шаҳрҳое), ки дар ҳудуди маъмурии шаҳрҳо (ноҳияҳо) ҷойгиранд, дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин чунин салоҳиятҳо доранд (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891):






    а) пешниҳод намудани таклифҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар бораи чудо намудани қитъаҳои замин (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891);

    б) вобастакунии қитъаҳои замин мутобиқи моддаи 26 ҳамин Кодекс (Конун аз 5.01.2008 № 357);

    в) назорати истифода ва ҳифзи заминҳо (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23, аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 9. Мансуб донистани заминҳо ба гурӯҳқо ва аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани онҳо

    Мансуб донистани заминҳо ба гурӯҳҳои дар моддаи 3 Кодекси мазкур овардашуда ва аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон иҷро мешавад. (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Риоя накардани қоидаҳои аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар гузаронидани қитъаҳои замини пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқй барои инҳо асос шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891):

    а) беэътибор донистани қарорҳои ҳокимияти иҷроия оиди муносибатҳои вобаста ба замин;

    б) надодани хучдатҳои тасдиқкунандаи хукуқи истифодаи замин ва ба қайд нагирифтани хуқуқи истифодаи қитъаҳои замин.

    Моддаи 9.1. Аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани заминҳо дар дохили заминҳои таъиноти кишоварзй

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Ба намуди ғайрикишоварзии заминҳои таъиноти кишоварзй гузаронидани заминҳои корам, дарахтони бисёрсола, заминҳои алафдарав, чарогоҳҳо ва ба намуди заминҳои алафзор ва чарогоҳҳо гузаронидани заминҳои корам, дарахтони бисёрсола ва инчунин гузаронидани тамоми намуди заминҳои обй ба заминҳои лалмй бо қарори Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон сурат мегирад (Конун аз 5.01.2008 № 357).






    Ба намуди заминҳои корам ва заминҳои дарахтони бисёрсола гузаронидани заминҳои алафзор, чарогоҳҳо, дигар намуди заминҳо, сарфи назар аз масоҳати заминҳо, аз заминҳои корам ба заминҳои дарахтони бисёрсола ва аз заминҳои дарахтони бисёрсола ба заминҳои корам, инчунин гузаронидани тамоми намуди заминҳои лалмй ба заминҳои обй бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) сурат мегирад (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 10. Заминистифодабарандагон

    Дар Ҷумхурии Точқкистон заминистифодабарандагон шахсони воқеи ва хуқуқи мебошанд.

    Шахсони         воқеи        ва       хуқуқи        метавонанд

    заминистифодабарандагони якумдараҷа ва дуюмдараҷа бошанд.

    Заминистифодабарандагони якумдараҷа шахсони воқеи ва хукуқие мебошанд, ки хукуқи истифодаи бемӯҳлат, мӯҳлатнок ва ё якумраи меросии заминро доранд (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Заминистифодабарандагони дуюмдараҷа шахсони воқей ва хуқуқие мебошанд, ки қитъаҳои заминро дар асоси шартномаи иҷора ва ё созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусй истифода мебаранд (Қонуни ДТ аз 14.11.2016 № 1363).

    Шахси воқеие, ки дар якҷоягй бо дигар шахсони воқей хуқуқи истифодабарии қитъаи заминро дорад, пас аз татбиқи хуқуқи худ ба чудо намудани китъаи замин тибқи саҳми замини худ дар маҳал хуқуқи истифодабарандаи заминро соҳиб мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    Ба қитъаи замине, ки ба истифодабарии он аз чониби заминистифодабаранда - шахси воқей ҳангоми дар никоҳ будан бо хуқуқи бегона намудани он хуқуқ пайдо кардаанд, муқаррароти пешбининамудаи қонунгузории гражданй ва оила дар бораи моликияти умумии ҳамсарон татбиқ мегардад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    Моддаи 10(1). Хуқуқи махдуди истифодабарии қитъақои замини дигар заминистифодабарандагон



    (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891)






    Хукуқи махдуди истифодабарии қитъаи замин (минбаъд - сервитут) метавонад бо розигии тарафҳо (минбаъд - сервитути хусусй (ба розигй асосёфта) ё дар мавриди зарурат дар асоси қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо (минбаъд - сервитути оммавй (маҷбурй) муқаррар карда шавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    Сервитути оммавй (маҷбурй) ҳамчунин аз ҷониби суд аз рӯи даъвои шахс дар мавриди ба даст овардани созиш дар бораи муқаррар намудани сервитути хусусй (ба розигй асосёфта) метавонад муқаррар карда шавад.

    Сервитути оммавй (маҷбурй) дар мавридҳое, ки он барои таъмини манфиатҳои давлат ва аҳолии маҳаллй зарур бошад, бе гирифтани қитъаҳои замин муқаррар карда мешавад.

    Сервитути оммавй (маҷбурй) метавонад дар мавридҳои зайл муқаррар карда шавад:

    -      барои гузаштан, аз чумла бо нақлиёт тариқи қитъаи замин ба объектҳои истифодаи умумй, қабристон, мазорҳо ва дигар объектҳои хусусияти мазҳабидошта;

    -      барои истифодабарии муваққатии қисми қитъаи замин бо мақсадҳои таъмир ва хизматрасонии шабакаҳои коммуналй, муҳандисию техникй, барқй, инчунин объектҳои инфрасохтори нақлиётй;

    -      барои дар қитъаи замин чойгир намудани нишонаҳои марзию геодезй ва гузаргоҳ ба онҳо;

    -      барои обгирй ва обдиҳии чорво ва қитъаи замин, аз тариқи қитъаи замин аз як чой ба дигар чой рондани ҳайвонот;

    -      барои истифодабарии қитъаи замин бо мақсадҳои шикор, моҳигирй аз ҳавзҳои воқеи қитъаи замин, чамъоварии растаниҳои худрӯй дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ва бо тартиби муқарраргардида;

    -      барои истифодабарии муваққатии қисми қитъаи замин бо мақсадҳои ичрои корҳои чустучӯй, таҳқиқотй ва дигар корҳо;

    -      барои дастрасии озод ба заминҳои назди соҳил;






    - дар ҳолатҳои дигари ба манфиатҳои давлати ва ҷамъияти алоқамандбуда.

    Сервитути хусусИ (ба розигИ асосёфта) ба қитъаи замин бо розигии тарафҳо, дар мавриди пайдо гардидани баҳс миёни заминистифодабарандагон бошад, дар асоси қарори суд муқаррар карда мешавад. Шакли шартнома оид ба сервитути хусусИ (ба розигИ асосёфта) аз ҷониби Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

    Истифодабарандаи қитъаи замине, ки ба он сервитути хусусИ (ба розигИ асосёфта) ё оммавИ (маҷбурИ) муқаррар карда шудааст, ҳуқуқ дорад аз шахсоне, ки сервитут ба манфиаташон муқаррар гардидааст, пардохти мувофиқро талаб намояд.

    Агар   муқаррар    намудани     сервитути    оммавИ    (маҷбурИ)

    истифодабарии қитъаи         заминро        номумкин   гардонад,

    заминистифодабаранда ҳуқуқ дорад аз ӯ гирифтани қитъаи замин, аз қумла бо роҳи харида гирифтани ҳуқуқи истифодабарии ин қитъаи заминро бо чуброни зарар аз ҷониби мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки сервитути оммавИ                            (мачбурИ)-ро    муқаррар

    намудаанд ё додани қитъаи дигари баробарарзиши заминро бо чуброни товони зарар талаб намояд.

    Агар   муқаррар    намудани     сервитути    оммавИ    (мачбурИ)

    истифодабарии қитъаи         заминро          мушкил   гардонад,

    заминистифодабаранда хукуқ дорад аз мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки сервитути оммавИ (мачбурИ)-ро муқаррар намудаанд, пардохти музди баробарарзишро талаб намояд.

    Дар мавриди бегона намудани хуқуқи истифодабарии қитъаи замини бо сервитут маҳдуд кардашуда ё ба дигар кас ба ичора ё ба гарав додани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин сервитут эътибори худро нигоҳ медорад.

    Сервитуте, ки тибқи шартнома ба вучуд омадааст, метавонад ба мӯҳлати номуайян ё муайян муқаррар карда шавад. Сервитути оммавИ (мачбурИ) метавонад бинобар аз байн рафтани асосҳое, ки тибқи онҳо сервитут муқаррар шуда буд, бо қарори мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо ё суд қатъ карда шавад (Қонуни ДТ аз 01.08.2012 № 891).



    Моддаи 11. Истифодаи бемуҳлати қитъаи замин






    (Конун аз 5.01.2008 № 357)



    Истифодаи қитъаи замини бе муҳлати пешаки муқарраршуда, истифодаи бемӯҳлат эътироф карда мешавад.

    Истифодаи бемӯҳлати қитъаи замин ба шахсони воқеИ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 12. Истифодаи меросии якумра

    Ба истифодаи меросии якумра замин ба шахсони воқеи ва коллективҳои шаҳрвандон барои ташкили хоҷагии деҳқони (фермери) ва касбҳои анъанавии мардуми, инчунин ба шаҳрвандон ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлиги дода мешавад (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Китъаҳои замине, ки бо хукуқи истифодаи якумраи мероси дода шудаанд, ҳангоми маълум гаштани мерос бояд аз нав ба қайд гирифта шаванд (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Ҳангоми гузаштани қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон ба шахсони хуқуқИ, ин қитъаи замин ба истифодабарии бемӯҳлат дода мешавад (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 13. Истифодаи мӯҳлатноки замин

    Ба истифодаи мӯҳлатнок қитъаҳои замин ба шахсони воқеию хуқуқи ба мӯҳлати муайян дода мешаванд.

    Истифодаи мӯҳлатноки замин метавонад кӯтоҳмуддат - то се сол ва дарозмуддат - аз се то ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 01.08.2012 № 891).

    Қисми сеюм хорич, карда шуд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Моддаи 14. Иҷораи замин

    Заминистифодабарандагон метавонанд қитъаҳои заминро дар асоси шартнома ба ичрра диҳанд (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).



    Шартномаи ичораи замин бе тағйир додани таъиноти мақсадноки қитъаи замин баста мешавад.






    Китъаҳои замин ба мӯҳлати то 20 сол ба иҷора дода мешаванд. Муносибатҳои заминистифодабарандагон оид ба иҷораи қитъаҳои замин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Моддаи 14(1). Истифодаи қитъаи замин дар асоси созишномаи шарикии давлат ва бахши хусуси

    (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1363)

    Қитъаи замин барои амалй намудани лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусй дар асоси созишномаи шарикй ба муҳлати муайяннамудаи созишнома ба шарики хусусй бо назардошти муқаррароти моддаи 25 Кодекси мазкур дода мешавад.

    Истифодаи қитъаи замин барои амалй намудани лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусй бетағйир додани таъиноти мақсадноки қитъаи замин анчрм дода мешавад.

    Муносибатҳои вобаста ба истифодаи қитъаи замин бо мақсади амалй намудани лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусй тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумхурии Точикистон ва созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусй ба танзим дароварда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1363).

    Моддаи 15. Бақайдгирии давлатии қитъаи замин ва хуқуқи истифодабарии қитъаи замин

    (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891)

    Бақайдгирии давлатии қитъаи замин ва хуқуқи истифодабарии қитъаи замин тибқи Қонуни Ҷумхурии Точикистон ”Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва хуқуқҳо ба он” амалй карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    Моддаи 16. Хориҷ карда шуд

    (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891)

    Моддаи 17. Муқаррар намудани хуқуқи истифодаи замин

    Хуқуқи истифодаи замин бо хуччатҳои зерин тасдиқ карда мешавад:

    а) хуқуқи бемӯҳлату мӯҳлатноки истифодаи замин ва хуқуқи истифодаи якумраи меросии қитъаи замин - бо Сертификати






    хукуқи истифодаи замин (Қонун аз 14 майи соли 1999 № 746, Конун аз 5.01.2008 № 357);

    б) хукуқи иҷораи қитъаи замин - бо шартномаи иҷора. Маълумоте, ки дар хучдатхри тасдиқкунандаи хукуқи истифодаи замин сабт гардидаанд, бояд ба маълумоти ба китоби бақайдгирии замин дохилгардида мутобиқ бошанд;

    в) созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусй, ки бо риояи талаботи Қонуни Ҷумхурии Точикистон ”Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусй баста шудаанд (Қонуни ЧТ аз 14.11.2016 № 1363);

    г) андозаи сақми замин бо Шахрдатномаи сақми замин муайян карда мешавад (Қонуни ДТ аз 5.01.2008 № 357, аз 01.08.2012 № 891);

    Хуччатхре, ки дар банди "а" ва ”б”, ҳамин модда оварда шудаанд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи моддаи 15 Кодекси мазкур бояд ба қайди давлати гирифта шаванд (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Хорич карда шуд (Қонуни ДТ аз 14.11.2016 № 1363).

    Моддаи 17(1). Асосҳо барои пайдо кардани хуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин бо хунуқи бегона намудани он

    (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891)

    Асосҳо барои пайдо кардани хуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин бо хуқуқи бегона намудани он инҳоянд (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012№891):

    -     додани қитъаи замин бо хуқуқи бегона намудани он дар асоси қарорҳои Хукумати Ҷумхурии Точикистон ё мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй;

    -          пайдо кардани хуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин дар бозори хуқуқи истифодаи замин тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Хукумати Ҷумхурии Точикистон;

    -          пайдо кардани хуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин бо хуқуқи бегона намудани он бо тартиби мерос ё бо роҳи хуқуққабулкунии умумй;






    -      дар натиҷаи ахдҳои хукуқии гражданй ва дигар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон пайдо кардани ҳукуқ ба истифодабарии қитъаи замин бо ҳукуқи бегона намудани он.

    Ҳангоми аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани шахс, ки дорои хуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо хуқуқи бегона намудани он мебошад, ин хуқуқ бояд ба шахсони воқей ва хуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон бегона карда шавад.

    Дар ҳолате, ки бо ин ё он сабаб бегона намудани хуқуқи истифодабарии қитъаи замин ғайриимкон аст ва ё бо хоҳиши шахсе, ки шаҳрвандиаш қатъ мегардад, хуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо хуқуқи бегона намудани он ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй бамузд баргардонида мешавад. Ҳангоми баргардонидани хуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо хуқуқи бегона намудани он ба соҳибхуқуқ арзиши бозории хуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо хуқуқи бегона намудани он пардохт карда мешавад (Қонуни ЧТ аз

    01.08.2012               № 891).

    Моддаи 17(2). Маҳдудиятҳо оид ба вогузоштани хуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо хуқуқи бегона намудани он

    (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891)

    Ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминҳое, ки таҳти объектҳои зерин қарор доранд, бегона карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз

    01.08.2012               №_891}:

    -     мамнӯъгохҳои табий ва боғҳои миллй;

    -      бино, иморат ва иншооте, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва идораи давлатй истифода бурда мешаванд;

    -     муассисаҳои давлатй;

    -     агар дар худудашон объектҳои об ҷойгир шуда бошанд;

    -      объектҳои осори пурарзиши таърихию фарҳангии халқҳои Ҷумхурии Тоҷикистон, мамнӯъгохҳои таърихию фарҳангй ва объектҳои меросии археологй;






    -      барои таъмини эҳтиёҷоти мудофиа ва амният, саноати мудофиавй, гумрукй, ташкилотҳои алоқа ва нақлиёт, аз чумла фурудгоҳҳо, ки дар қисми мазкур нишон дода нашудаанд.

    Хуқуқи истифодабарии қитъаҳои замини зерин дар гардиш маҳдуд карда мешавад:

    -      дар доираи ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда, ки дар қисми якуми ҳамин модда нишон дода нашудаанд;

    -      аз таркиби заминҳои фонди ҷангал.

    Бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замини ҳудуди назди соҳил, ки тибқи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, инчунин қитъаҳои замине, ки дар онҳо ҳавз ва кӯлҳо дар худуди мавзеи истифодаи умумй ҷойгир шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон амалй карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    Моддаи 18. Манъ будани истифодаи қитъаи замин то ба расмият даровардани хуқуқи истифодаи замин

    То худуди қитъаи заминро муқаррар намудани мақомоти дахлдори танзими замин ва додани ҳучдатҳое, ки хукуқи истифодаи заминро тасдиқ менамоянд, ба истифодаи қитъаи замин шурӯъ намудан манъ аст.

    Қисми дуюм хорич карда шуд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Моддаи 18(1). Қитъақои замини тақсимшаванда ва тақсимнашаванда

    (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891)

    Қитъаи замин метавонад тақсимшаванда ва тақсимнашаванда бошад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891):

    -      қитъаи замини тақсимшаванда қитъаест, ки бе тағйир додани таъиноти мақсаднокаш ва бе вайрон намудани ҳолати зиддисӯхторй, санитарй, экологй, сохтмонй ва дигар меъёрҳо ва қоидаҳои ҳатмй мумкин аст ба қисмҳо, ки ҳар кадоми онҳо баъд аз тақсимот қитъаи замини мустақилро ташкил медиҳад, тақсим карда шавад;






    -       қитъаи замини тақсимнашаванда қитъаест, ки бе тағйир додани таъиноти мақсаднокаш ва бе вайрон намудани ҳолати зиддисӯхторй, санитарй, экологй, сохтмонй ва дигар меъёрҳо ва қоидаҳои ҳатмй ба қитъаҳои замини мустақил чудо шуда наметавонад.

    Тақсимнашаванда будани қитъаи замин дар ҳучдате, ки ҳуқуқи истифодабарии заминро тасдиқ менамояд, нишон дода мешавад.

    Хуқуқи истифодабарии қисми қитъаи замини баъд аз тақсим чудокарда аз рӯзи бақайдгирии давлатии пайдо кардани ҳуқуқ ба он ба вучуд меояд.

    Андозаи ҳадди ақалли қитъаи замини тақсимнашаванда аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сохти маъмурй - ҳудудй, гурӯҳ ва таъиноти замин муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    БОБИ               II.               ҲУҚУҚ              ВА               ӮҲДАДОРИҲОИ

    ЗАМИНИСТИФОДАБАРАНДАГОН

    Моддаи 19. Хукуқи заминистифодабарандагони якумдараҷа

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Заминистифодабарандагони якумдараҷа ҳуқуқ доранд:

    -      мустақилона дар замин хоҷагидорй намоянд;

    -      молики маҳсулоти кишоварзию даромади фурӯш аз он бошанд;

    -      аз канданиҳои фоиданоки маъмул, торф, ҷангал, манбаъҳои оби воқеи қитъаи замин, инчунин аз дигар ҷиҳатҳои муфиди замин тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти хоҷагиашон истифода баранд;

    -      тибқи талаботи Кодекси мазкур манзил, иншооти истеҳсолй, маданию маишй ва дигар сохтмону иншоотро бунёд намоянд;

    -                молики кишт, зироатҳои кишоварзй ва ниҳолҳои шинонидашуда бошанд;

    -      мустақилона бе дахолати мақомоти давлатй дар мавриди ҳуқуқи истифодабарии замини бо ҳуқуқи бегона намудани он гирифташуда (ба даст овардашуда) аҳдҳои ҳуқуқии гражданй






    (хариду фуруш, туҳфа, иваз, гарав ва ғайра) банданд, ба истиснои муқаррароти Кодекси мазкур (Қонуни ҶТ аз

    01.08.2012                № 891);

    -       сервитути хусусиро (ба розигй асосёфтаро) ба қитъаи замин муқаррар намоянд (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891);

    -       сервитутҳоро мутобиқи шартнома муайян намуда, ба имзо расонанд;

    -       хукуқи истифодабарии қитъаи заминро ба гарав монанд;

    -       дар ҳолати гирифтани хуқуқи истифодаи қитъаи замин барои эҳтиёчрти давлатй ё ҷамъиятй мутобиқи моддаҳои 41 ва 43 Кодекси мазкур товони зарарро гиранд;

    -       ихтиёран аз қитъаи замин даст кашанд (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 20. Хуқуқи заминистифодабарандагони дуюмдарақа

    Заминистифодабарандагони дуюмдараҷа хуқуқ доранд:

    -       заминро мувофиқи шартҳои муайяншуда истифода баранд;

    -       бо розигии иҷорагир замини ба иҷора гирифташударо ба иҷораи фаръй (субаренда) диҳад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 №

    891);

    -       аз канданиҳои фоиданоки маъмул, торф, ҷангал, манбаъҳои оби воқеи қитъаи замин, инчунин дигар ҷиҳатҳои муфиди замин мувофиқи тартиби муқарраргардида истифода баранд;

    -       дар мавриди пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани шартномаи ичрра дуброни харочотеро, ки барои беҳтар намудани ҳолати замин аз ҳисоби худ сарф кардаанд, гиранд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23, аз 5.01.2008 № 357);

    -       дар мавриди пеш аз муҳлат бекор гардидани созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусй ба чуброн кардани зиёне, ки вобаста ба беҳтар намудани ҳолати замин ба заминистифодабарандаи дуюмдарача расидааст, агар созишнома аз чониби заминистифодабарандаи дуюмдарача бекор нагардида бошад (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1363).

    Моддаи 21 .Уҳдадориҳои заминистифодабарандагон






    Заминистифодабарандагон ухдадоранд:

    -      заминро мувофиқи мақсад ва шартҳои муайяншуда истифода баранд;

    -       замини додашударо самаранок истифода баранд ва аз технологияи барои ҳифзи табиат пешбинишудаи истеҳсолот истифода намуда, ба бад шудани вазъи экологии маҳал дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидори роҳ надиҳанд;

    -      барои ҳифзи замин маҷмӯи чорабиниҳоеро, ки дар моддаҳои 51, 52 ҳамин Кодекс пешбини шудаанд, амали намоянд;

    -      сари вақт андоз ва ичррапулии заминро супоранд;

    -      ҳукуқи дигар заминистифодабарандагонро вайрон накунанд;

    -               маълумоти дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаи оиди вазъу истифодаи заминро сари вақт ба мақомоти дахлдори давлатй пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз

    01.08.2012               № 891);

    -      барои беҳтар намудани ҳолати замин (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    БОБИ III. ДОДАНИ ЗАМИН Моддаи 22. Тартиби додани замин

    Қитъаҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқей ва хуқуқй аз чрниби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    Тартиби додани қитъаҳои заминро Хукумати Ҷумхурии Точикистон муқаррар менамояд.

    Андозаҳои ниҳоии (ҳадди ақал ва аксари) қитъаҳои замин аз заминҳои таъиноти гуногун, ки ба шахсони воқей ва хуқуқии Ҷумхурии Точикистон бо хуқуқи бегона намудани онҳо барои истифода дода мешаванд, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 71 Кодекси мазкур пешбинигардида, аз чониби Хукумати Ҷумхурии Точикистон муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз

    01.08.2012               №_891).



    Моддаи 23. Додани замин барои эҳтиёҷоти кишоварзи






    Заминҳое, ки барои эҳтиёҷоти кишоварзй мувофиқанд, барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзй ба шахсони воқей ва хуқуқй дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 01.08.2012 № 891);

    Хукуқи истифодабарии қитъаҳои замини таъиноти кишоварзй бо хуқуқи бегона намудани онҳо танҳо ба шахсони воқей ва хуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон, ки бевосита дар истеҳсолоти кишоварзй иштирок доранд, дода мешавад (Қонуни ҶТ аз

    01.08.2012              № 891).

    Барои эҳтиёчрти кишоварзи мувофиқ будани заминро мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақомоти он дар маҳалҳо дар асоси хуҷҷатҳои хокшиноси, тадқиқоти геоботаники, гидромелиоративи, агроиқтисоди ва дигар тадқиқотҳо муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    Моддаи 24. Додани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Барои эҳтиёчрти ғайрикишоварзй қитъаҳои замини барои истеҳсолоти кишоварзй номувофиқ ё қитъаҳои замини пастсифати кишоварзие, ки арзиши кадастриашон аз ҳисоби миёнаи ноҳия паст мебошад, дода мешаванд.

    Қитъаҳои замин барои сохтмони маҳалҳои аҳолинишин мутобиқи хулосаи мақомоти ваколатдори давлатй дар соҳаи геология дода мешаванд. Дар майдонҳои дорои канданиҳои фоиданок қитъаҳои замин барои сохтмон бо ризоияти мақоми назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорй дода мешавад (Қонуни ДТ аз 01.08.2012 № 891).

    Шахсони воқей ва хуқуқй, ки корҳои геологй, чустучӯй, геодезй ва дигар корҳои муваққатии тадқиқотиро дар асоси ичозатнома, ки мутобиқи қонунгузории Думхурии Точикистон дода шудааст, мегузаронанд, қитъаҳои заминро барои ичрои чунин корҳо, бе гирифтани ин қитъаҳои замин аз заминистифодабарандагон, бо                                        розигии

    заминистифодабарандагон ва мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй истифода мебаранд.






    Зарари расонидашуда ва хароҷотҳо барои барқароркунии заминҳои вайроншуда ҳангоми ишғоли муваққатии қитъаи замин аз тарафи шахсони воқей ва хуқуқие, ки ин қитъъаи заминро ишғол намудаанд, ба заминистифодабаранда тибқи талаботи Кодекси мазкур чуброн карда мешавад. Дар ҳолати қатъ гардидани хуқуқи коркарди канданиҳои фоиданок шахсони воқей ва хуқуқй ӯҳдадоранд, ки қитъаи заминро барқарор намуда, тибқи тартиби муқарраршуда ба заминистифодабаранда баргардонанд (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 25. Додани замин ба шаҳрвандони хориҷи ва шахсони хукуқии хориҷи

    Китъаҳои заминро ба шаҳрвандони хориҷи ва шахсони хуқуқии хориҷи ба истифодаи мӯҳлатнок ба мӯҳлати то 50 сол додан мумкин аст (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Заминҳои таъиноти кишоварзй ва заминҳое, ки таҳти муҳофизати махсус мебошанд, ба шаҳрвандони хориҷи ва шахсони хуқуқии хориҷи дода намешаванд (Қонуни ДТ аз

    01.08.2012              № 891).

    Ҳангоми ба шахси воқей ё хуқуқии хориҷй гузаштани хуқуқи истифодабарии қитъаи замини таъиноти кишоварзй бо хуқуқи бегона намудани он ин хуқуқ бояд дар давоми як соли баъди пайдо кардани хуқуқ ба қитъаи замин ба фоидаи шахси воқей ё хуқуқии Думхурии Точикистон бегона карда шавад (Қонуни ДТ аз 01.08.2012 № 891).

    Агар бо ягон сабаб бегона намудани хуқуқи истифодабарии чунин қитъаи замин ба фоидаи шахси воқей ё хуқуқии Чумхурии Точикистон ғайриимкон бошад, хуқуқи

    истифодабарии қитъаи замин ба мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй ба таври музднок, бо арзиши бозории хуқуқи истифодабарии қитъаи замин дода мешавад (Қонуни ДТ аз 01.08.2012 № 891).

    Дар сурати ичро нагардидани талаботи қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи мазкур гирифтани қитъаи замине, ки хуқуқи истифодабарии он ба шахси воқей ё хуқуқии хоричй гузаштааст, бо тартиби судй амалй карда мешавад (Қонуни ДТ аз 01.08.2012 № 891).






    Моддаи 26. Додан ва вобастакунии қитъақои замин аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, шахрқо ва вилоятҳо

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, шаҳрҳо қитъаҳои заминро бо мувофиқаи мақомоти маҳаллии заминсозй ба истифодаи бемӯҳлат, мӯҳлатнок, якумраи меросй ва ба иҷора аз чунин гурӯҳи заминро медиҳанд:

    а) аз гурӯҳи заминҳои таъиноти кишоварзй ва аз гурӯҳи заминҳои захираи давлатй барои эҳтиёҷоти кишоварзй, сарфи назар аз андозаи қитъаи замин ва барои эҳтиёчрти ғайрикишоварзй, ба ғайр аз намуди заминҳое, ки дар моддаи 29 ҳамин Кодекс барои ҳамин гурӯҳҳо муайян шудааст, ба андозаи то 10 гектар;

    б) аз гурӯҳи заминҳои фонди давлатии чангал ва аз гурӯҳи заминҳои фонди давлатии об, ба ғайр аз заминҳои чангали гурӯҳи якум барои эҳтиёчоти кишоварзй ба андозаи то 10 гектар ва барои эҳтиёчоти ғайрикишоварзй бо назардошти муқаррароти моддаи 97 ҳамин Кодекс, ба ғайр аз намуди заминҳое, ки дар моддаи 29 ҳамин Кодекс барои ҳамин гурӯҳҳо муайян шудааст, то 5 гектар;

    в) аз гурӯҳи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин (шаҳрҳо, шаҳракҳо ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот), ба ғайр аз намуди заминҳое, ки дар моддаи 29 ҳамин Кодекс нисбати ҳамин гурӯҳ муайян шудааст, барои эҳтиёчоти ҳамин гурӯҳ, то 10 гектар;

    г) аз гурӯҳи заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, мудофиа ва дигар намуди ҳамин гурӯҳ барои эҳтиёчоти ҳамин гурӯҳ, то 10 гектар;

    д) аз гурӯҳи заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонй, рекреатсионй ва таърихию фарҳангй, бе иваз намудани мақсади муайяншудаи замини ҳар як намуди ин гурӯҳ, ба андозаи то 5 гектар.”.

    Вобастакунии қитъаҳои заминро сарфи назар аз андозаи қитъаи замин амалй менамоянд.

    Мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо қитъаҳои заминро бо мувофиқаи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии






    ноҳияҳо (шаҳрҳо) ва мақомоти маҳаллии заминсозй ба истифодаи бемӯҳлат, мӯҳлатнок аз ҳамаи намудҳои гурӯҳҳои заминҳо, ба ғайр аз заминҳое, ки дар моддаи 29 ҳамин Кодекс оварда шудаанд, ба андозаи то 20 гектар медиҳанд (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 26.1. Додани қитъаҳои замин аз тарафи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми гурӯҳҳо ва намудҳои замин қитъаҳои заминро ба истифодаи бемӯҳлат, мӯҳлатнок ва ба иҷора бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо ва мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин, сарфи назар аз андозаашон медиҳад (Қонуни ЧТ аз 5.01.2008 № 357, аз 01.08.2012 № 891).

    Моддаи 27. Ба шахси дигар гузаштани хукуқи истифодаи қитъаи замин ва вобастакунии он

    Ҳангоми ба шахси дигар гузаштани хуқуқи моликият ба бино (иморат, иншоот) хуқуқи истифодаи қисмати қитъаи замин, ки ин бино (иморат, иншоот) дар он қарор дорад, ҳамчунин қисми ҳамшафати он қитъаи замине, ки барои хизматрасонии ин бино (иморат, иншоот) зарур аст, ба шахси ин бино (иморат, иншоот)- ро харида бемузд мегузарад. Қисми қитъаи замине, ки аз худуди барои истифодабарй ва хизматрасонии ин бино (иморат, иншоот) зарур зиёд мебошад, бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ба таври музднок мегузарад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    Зимнан қитъаи замини пештар мувофиқи тартиби муқарраргардида чудошуда, аз нав чудо карда нашуда, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақомоти он дар маҳалҳо ба шахсе, ки хуқуқи истифодаи қитъаи замин ба ӯ мегузарад, вобаста карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    Дар ҳолати тағйир ёфтани мақсади истифодаи қитъаи замине, ки дар он бино, сохтмону иншоот қарор доранд, аз чониби мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 9-9(1) Кодекси мазкур дар бораи






    тағйир ёфтани мақсади истифодаи ин қитъаи замин қарор қабул карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 704).



    Дар ҳолати пурра истифода набурдани қитъаи замине, ки чунин бино, сохтмону иншоотҳо дар он қарор доранд, ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини истифоданашуда қатъ гардонида мешавад.

    Ҳангоми ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқомати, дар баробари ин ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини наздиҳавлиги низ ба вай мегузарад (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Моддаи 27.1. Ба гарав гузоштани хукуқи истифодаи қитъаи замин

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Заминистифодабарандагони якумдараҷа ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро барои ба гарав мондан ҳуқуқ доранд.

    Мӯҳлати иҷрои ӯхдадорй, ки ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро бо гарав таъмин мекунад, наметавонад аз мӯҳлати истифодаи қитъаи замини ба гарав мондашуда зиёд бошад.

    Агар қисми қитъаи замин ҳамчун қитъаи замини алоҳида тақсим нагардида, ҳуқуқи истифодабарй бо ҳуқуқи бегона намудани он тибқи ҳучдати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатй тасдиқ нашуда бошад, гарави ҳуқуқи истифодабарии он иҷозат дода намешавад (Қонуни ДТ аз 01.08.2012 № 891).

    Тартиб ва хусусиятҳои ба гарав гузоштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ипотека" муайян карда мешавад (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 28. Муқаррар ва аниқ муайян намудани худуди қитъаҳои замин дар маҳал

    Ҳангоми чудо намудани қитъаи замин, корҳои вобаста ба муқаррар ва аниқ муайян намудани ҳудуди қитъаи замин дар маҳал аз чониби мақоми                               ваколатдори давлатии

    батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории          Думҳурии Точикистон

    гузаронида мешаванд (Қонуни ДТ аз 28 феврали соли 2004 № 23, аз 5.01.2008 № 357, аз 01.08.2012 №891).






    Моддаи 29. Хусусиятҳои додани намудҳои алоҳидаи замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзй

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Ҳангоми зарурат додани баъзе намудҳои замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзй аз гурӯҳҳои заминҳои зерин танҳо аз ҷониби Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон амалй карда мешавад:

    а) аз заминҳои таъиноти кишоварзй ва захираи давлатй (заминҳои корам, дарахтони бисёрсола, ниҳолпарваришгоҳҳо, заминҳои алафдарав ва чарогоҳҳо);

    б) аз заминҳои маҳалҳои аҳолинишин (боғҳои миллй, боғҳои фарҳангй ва истироҳатй, боғҳои ботаникй ва дигар намуди боғҳо, ҷангалзори гурӯҳи якум, ёдгориҳои табиат, иншооти солимгардонй, заминҳои таъиноти таърихию фарҳангй, майдончаҳои илмй-санҷишй, муассисаҳои илмй-тадқиқотй, ба истиснои сохтмонҳои сабук бе тағйир додани таъиноти мақсаднок барои хизматрасонии ҳамин заминҳо ва шаҳрвандон);

    в) аз заминҳои фонди давлатии ҷангал ва фонди давлатии об (заминҳои корам, дарахтони бисёрсола, плантатсияҳо, ниҳолпарваришгоҳҳо, заминҳои алафдарав, чарогоҳҳо ва заминҳои ҷангали гурӯҳи якум) (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 30. Тартиби додани қитъаи замин барои эхтиёчрти ғайрикишоварзй

    (Конуни ЧТ аз 25.03.2011 № 704)

    Додани қитъаи замин барои эҳтиёчрти ғайрикишоварзй дар як марҳила бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур амалй карда мешавад.

    Дар ҳолати рад намудани муроҷиат ҷиҳати додани қитъаи замин аризадиҳанда дар мӯҳлати се рӯзи пас аз қабули қарор оид ба рад намудани муроҷиат ба таври хаттй огоҳ карда мешавад.

    Ҳангоми беасос рад намудани муроҷиат ҷиҳати додани қитъаи замин, инчунин риоя нагардидани тартиби додани қитъаи замин ба мақоми дахлдор ё суд шикоят намудан мумкин аст (Конуни ЧТ аз 25.03.2011 № 704).






    Моддаи 31. хорич карда шавад (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    БОБИ IV. ПАРДОХТИ ЗАМИН Моддаи 32. Истифодаи пулакии замин

    Истифодаи замин дар Ҷумхурии Тоҷикистон пулаки мебошад. Пули замин ҳар сол дар шакли андози замин, иҷорапули дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ситонида мешавад (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Моддаи 33. Меъёр, тартиби андозбанди ва иҷорапулии замин

    Андози замин ва меъёри он бо Кодекси андози Чумхурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонун аз 12 майи соли 2001 № 15).

    Иҷорапулии заминҳои кишоварзи вобаста ба сифату ҷойгиршавии қитъаи замин бо дарназардошти арзиши кадастриаш муайян карда мешавад (Қонун аз 12 майи соли 2001 № 15).

    Меъёри пардохт барои истифодаи дигар навъҳои замин бо дарназардошти ҷойгиршавии онҳо, хусусияти истифодабари, ҷиҳатҳои экологи ва иҷтимоию иқтисодиашон муайян карда мешавад.

    Баҳои замин дар Чумҳурии Тоҷикистон барои муқаррар намудани нархи меъёрии замин бо мақсади андозбандии воқеи ва пардохти иҷора тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи баҳои замин” ба амал бароварда мешавад (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Арзиши бозории хукуқи истифодабарии қитъаҳои замин бо хукуқи бегона намудани онҳо ҳамчун объекти муносибатҳои хуқуқии гражданй дар Ҷумхурии Точқкистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии хуқуқии Думхурии Точикистон муайян карда мешавад (Қонуни ДТ аз 01.08.2012 № 891).

    Моддаи 34. Ворид кардани пули пардохти замин

    Андози замин мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Точикистон тақсим карда мешавад (Қонун аз 12 майи соли 2001 № 15).






    Иҷорапули мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи шартномаи иҷора ба заминистифодабарандаи аввал супурда мешавад. (Қонун аз 12 декабри соли 1997 № 498).

    Моддаи 35. Имтиёзҳо дар мавриди ситонидани андози замин

    Масъалақои вобаста ба муқаррар намудани имтиёзҳо дар мавриди ситонидани андози заминро Кодекси андози Ҷумхурии Тоҷикистон танзим менамояд. (Қонун аз 12 майи соли 2001 № 15).

    Моддаи 36. Истифодаи маблағи пардохти замин

    Маблағи пардохти замин, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон тақсим мешавад, барои маблағгузории чорабинихри ҳифзи замин ва баланд бардоштани маҳсулнокии он, ободонии заминҳои нав, иҷрои корҳои танзими замин (аз чумла корҳои муқаррару барқароркунии худуди замин дар маҳал, тартиб додани харита ва ё нақшаҳои онҳо, тачҳизонии техникии хадамоти давлатии танзими замин) пешбурди кадастри давлатии замин, анчом додани корҳо оиди мониторинги замин, назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ба кор бурда мешавад (Қонун аз 12 майи соли 2001 № 15).



    БОБИ V. КАТЬ ГАРДИДАНИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН

    Моддаи 37. Асосҳои қатъ гардидани хукуқи истифодаи қитъаи замин

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Хуқуқи истифодаи замин ё як қисми он дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

    а) даст кашидан аз қитъаи замин ба таври хаттй, ки аз тарафи заминистифодабарандагон имзо шудааст;

    б) қатъ гардидани фаъолияти заминистифодабарандагон;

    в) истифода набурдани қитъаи замин барои эҳтиёчоти кишоварзй дар давоми ду сол ва шурӯъ накардан ба сохтмон






    дар замини барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзи додашуда, дар давоми се сол;

    г) ғайри таъиноти мақсаднок истифода бурдани қитъаи замин, ки дар ҳучдати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин нишон дода шудааст;

    д) истифодаи қитъаи замин бо усулҳое, ки боиси паст шудани ҳосилхезии замин, заҳролудшавии он бо маводи кимиёвИ, радиоактивИ ва дигар мавод ва боиси бад шудани вазъи экологИ мегардад;

    е) ба охир расидани мӯҳлати истифодаи қитъаи замин;

    ж) гирифтани замин барои эҳтиёҷоти давлатИ ё ҷамъиятИ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    з) аз узвияти хочдгии деҳқонИ баровардан бо асосҳое, ки қонунгузории Ҷумхурии Точикистон пешбинИ менамояд (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 №891];

    и) пеш аз муҳлат қатъ гардидан ва ё ба анчом расидани муҳлати амали созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусИ (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1363).

    Дар ҳолати қатъ гардидани хукуқи истифодаи замин бо хукуқи бегона намудани он бо асосҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда муайян шудаанд, ба заминистифодабаранда нархи бозории хуқуқи истифодабарии қитъаи замини ӯ чуброн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    Моддаи 38. Гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятй

    (Конун аз 5.01.2008 № 35 )

    Гирифтани замин барои эҳтиёҷоти давлатИ ё ҷамъиятИ дар ҳолатҳои истисно ҳангоми мавҷуд набудани роҳҳои дигари ҷойгиронии иншоотҳо, дар ҳолатҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

    1)             иҷро кардани ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумхурии Тоҷикистон, ки тибқи тартиби муқарраршуда эътироф шудаанд;






    2)     таъсиси маҳалҳои нави аҳолинишин, васеъ кардани шаҳр ва маҳалҳои аҳолинишин;

    3)    ҷойгиронии иншоотҳои зерин:

    -иншоотҳои мудофиа ва амният;

    -иншоотҳои инфраструктураи нақлиётй: роҳҳои мошингард, кӯчаҳо, пулҳо, нақбҳо, эстакадаҳо ва дигар сохтмонҳои муҳандисию нақлиётй, иншоотҳои алоқа;

    -иншоотҳои таъминоти барқ, газ, гармй ва об, инчунин иншоотҳои равона кардани обҳои корезй;

    -мактаб, китобхона, беморхона, қабристон, боғҳои истироҳатй, майдончаҳои бозй ва варзишй ва дигар эҳтиёҷоти иҷтимой ва инчунин биноҳои давлатие, ки ба мақсадҳои давлатй ва ҷамъиятй хизмат мекунанд;

    4)     кашф шудани канданиҳои фоиданок;

    5)     ҳифзи иншоотҳо ва ёдгориҳое, ки арзиши археологй, таърихй ва илмй доранд, дар ҳолатҳое, ки онҳо хавфи нобудшавй доранд ё гирифтори харобшавй мебошанд (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 38.1 Қабули санад оид ба гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёчрти давлатй ё ҷамъиятӣ

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Қарорро дар бораи гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёчрти давлатй ё чамъиятй мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо ва Хукумати Ҷумҳурии Точикистон қабул мекунанд.

    Дар сурати бо қарор дар бораи гирифтани қитъаи замин розй набудани заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар ҳукуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба қитъаи замин, вай ҳукуқ дорад ба суд бо даъво мурочиат намояд.

    Асос барои қабул намудани қарор дар бораи гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёчоти давлатй ё чамъиятй ҳуччатҳои шаҳрсозии бо тартиби муқарраргардида тасдиқшуда, дигар лоиҳаҳое, ки зарурат ва ҳисоботи техникй-иктисодии гирифтани қитъаи заминро асоснок мекунанд, ба ҳисоб меравад.






    Қарор дар бораи гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатй ё ҷамъиятй баъд аз тасдиқи лоиҳаҳои мувофиқ қабул карда мешавад (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 38(2). Асосҳо ва тартиби ихтиёран даст кашидани шахс аз хукуқи истифодабарии қитъаи замин

    (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891)

    Ихтиёран даст кашидан аз хуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо роҳи додани ариза аз ҷониби заминистифодабаранда дар бораи даст кашидан аз хуқуқи истифодабарии қитъаи замин ба мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй амалй карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    Мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй қарори қатъ гардидани хуқуқи истифодабарии қитъаи заминро дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи додани ариза аз чониби заминистифодабаранда қабул менамояд.

    Қарори қабулшуда оид          ба қатъ      гардидани хуқуқи

    истифодабарии қитъаи замин ба аризадиҳанда ва ба мақомоти ваколатдори давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва хуқуқҳо ба он дар мӯҳлати се рӯз барои бақайдгирии давлатй фиристонида мешавад.

    Агар хуқуқи истифодабарии қитъаи замини зикргардида бо хуқуқи бегона намудани он дода шуда бошад, ба заминистифодабаранда дар мӯҳлати як моҳ аз чониби мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй хуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо нархи бозорй чуброн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    Моддаи 39. Қарор дар бораи қатъ гардонидани хуқуқи истифодаи қитъаи замин

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Қарор дар бораи қатъ гардонидани хуқуқи истифодаи қитъаи замин бо асосҳои пешбининамудаи бандҳои ”а”, ”б”, ”е” ва "ж" моддаи 37 Кодекси мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) қабул карда мешавад.






    Иҷрои қарор дар бораи қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо асосҳои пешбининамудаи бандҳои "е" ва ”ж” моддаи 37 Кодекси мазкур баъд аз анҷом ёфтани мавсими кишоварзй амалй карда мешавад.

    Маҷбурй қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо асосҳои дар бандҳои ”в”, ”г” ва ”д” моддаи 37 Кодекси мазкур пешбинишуда танҳо дар асоси қарори суд амалй карда мешавад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй ё мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ҳукуқ доранд ба суд бо аризаи даъвогй дар бораи маҷбурй қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин танҳо баъд аз андешидани чораҳои ҷавобгарии маъмурй ва огоҳкунии хаттии заминистифодабаранда оид ба бартараф намудани камбудиҳо дар мӯҳлати на камтар аз се моҳ муроҷиат намоянд. Бақайдгирии давлатии бегонакунии ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ҳангоми маҷбурй қатъ гардидани ин ҳуқуқ дар асоси қарори суд бо чуброн намудани нархи бозории ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин амалй карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    Огоҳномаи қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи замин бояд ба ҳамаи заминистифодабарандагон аз чониби мақомоте, ки қарорро қабул намудааст, мутобиқи қонунгузории Чумҳурии Точикистон пешниҳод карда шавад.

    Қитъаҳои замине, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо қатъ гардидааст, ба фонди махсуси замини ноҳия (шаҳр), заминҳои захираи нохдя (шаҳр) дохил карда мешаванд ё ба заминистифодабарандагони пештара баргардонида мешаванд.

    Ба фонди махсуси заминҳои ноҳия (шаҳр), асосан заминҳои кишоварзие, ки хуқуқи истифодаашон қатъ гардидааст, дохил карда мешаванд.

    Ба заминҳои захираи ноҳия (шаҳр) заминҳое, ки барои истифодаи ғайрикишоварзй дода шудаанду хуқуқи истифодаашон қатъ гардонида шудааст, дохил карда мешаванд (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 40. Шартқои гирифтани замин барои эҳтиёҷоти давлатй ё чамъиятй



    (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 01.08.2012 № 891)






    Заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар хукуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин бояд на дертар аз як сол то гирифтани қитъаи замин дар бораи он аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй ба таври хаттй огоҳ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    Заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқукҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин, ки дар бораи гирифтани қитъаи заминаш барои эҳтиёҷоти давлатй ё ҷамъиятй қарор қабул карда шудааст, то аз тарафи суд қабул шудани қарор аз рӯи даъво ҳуқуқи ба замин доштаашро амалй менамояд, истифодабарии қитъаро мувофиқи таъиноташ таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 01.08.2012 № 891).

    Моддаи 40.1. Хабардор кардан дар бораи гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатй ё қамъиятӣ

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Раванди гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатй ё ҷамъиятй шаффоф мебошад.

    Тамоми қарорҳо дар бораи гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатй ё ҷамъиятй дар рӯзномаҳои чумҳуриявй ба забонҳои давлатй ва русй дар давоми панч, рӯзи корй аз тарафи мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй, ки қарор қабул намудааст, интишор карда мешаванд.

    Тамоми қарорҳо дар бораи тасдиқ намудани ҳуччатҳои шаҳрсозй бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда интишор карда мешаванд. Лоиҳаҳои дорои хусусияти меъморй- шаҳрсозидошта, аз чумла нақшаҳои генералии сохтмон барои шиносоии умум озод буда, дар шакли макетҳои алоҳида дар ҷойҳои дастраси мардум, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй муайян кардааст, дар тамоми давраи амалишавии онҳо гузошта мешаванд. Ин макетҳо барои шиносой дар давоми 10 рӯз баъди тасдиқ шудан то рӯзи охирони амалй шудани онҳо пешниход карда мешаванд (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    БОБИ Ш.Ҷуброни товони зарари заминистифодабарандагон ва чуброни талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш



    (Конун аз 5.01.2008 № 357)






    Моддаи 41. Чуброни зарари заминистифодабарандагон ва ё истифодабарандаи дигар хукуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин ҳангоми гирифтани китъаи замин барои эҳтиёқоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятй аз заминистифодабарандагон ва ё истифодабарандагони дигар хуқуқҳои бақайдгирифташуда вобаста ба замин мумкин аст баъд аз амалҳои зерин анҷом дода шавад:

    а) баъди бо хоҳиши онҳо қудо кардани қитъаи замини баробарарзиш;

    б) дар маҳали нав аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқй, ки барои онҳо қитъаи замин чудо карда мешавад бо тартиби муқарраргардида сохтани манзил, корхонаҳои истеҳсолй ва дигар сохтмонҳои аз рӯи таъинот монанд ва баробарарзиш ё ин ки дар шакли пулии арзиши он;

    в) мутобиқи қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон чуброни ҳаҷми пурраи ҳамаи зарарҳои расонидашуда, ҳамчунин фоидаи аздастрафта.

    Ҳангоми гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёчрти давлатӣ ё ҷамъиятӣ тамоми зарар бо нархҳои бозорӣ баҳо дода шуда, бо назардошти чойгиршавии қитъаи замин ҳисоб карда мешавад ва аз чониби шахсоне, ки ба манфиати онҳо замин гирифта мешавад, пардохт мегарданд.

    Бекор кардани хуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо хуқуқи бегона намудани хуқуқи истифодабарии он барои эҳтиёчоти давлатӣ ё чамъиятӣ метавонад баъди ба заминистифодабаранда чудо намудани қитъаи замини баробарарзиш бо хуқуқи бегона намудани он ва чуброни товони зарарҳои дигаре, ки дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, амалӣ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    Дар ҳолати норозӣ будан ба андоза ва шартҳои чуброни зарар, заминистифодабаранда хуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 42. Чуброни талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш






    (Конун аз 5.01.2008 № 357)



    Талафот вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш аз ҷониби шахсони воқей ва хукуқй, ки ба онхр ин намудҳои замин бо мақсадҳои ғайрикишоварзй дода мешаванд, қуброн карда мешавад.

    Ҳангоми ҳисобкунии талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш меъёрҳои арзиши азхудкунии заминҳои нав ва беҳтар намудани ҳолати заминҳои мавқуда бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзй ба андозаи на камтар аз маҳсулоти истеҳсолшуда дар қитъаҳои замини гирифташуда ё истеҳсоли маҳсулоти пеш аз пастшавии сифати ин қитъаҳо истеҳсолшуда истифода мешаванд (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 43. Тартиби чуброни зарари заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар xукук;ҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин ва талаф вобаста ба гирифтани қитъаи заминҳо аз гардиш

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Ҷуброни зарари заминистифодабарандагон ва ё истифодабарандаи дигар хуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин ва талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш дар ҳолати гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёчрти давлатй ё ҷамъиятй то гирифтани замин аз ҳисоби шахсони воқей ва хуқуқй, ки фаъолияташон зарурати гирифтани заминро ба миён овардааст, ба амал бароварда мешавад.

    Тартиби чуброни зарари заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар хуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин ва талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш ҳангоми гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёчоти давлатй ё чамъиятиро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 44. Истифодаи маблагқое, ки дар натиҷаи чуброни талаф вобаста ба гирифтани қитьаҳои замин аз гардиш ворид мешаванд

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Маблағҳое, ки дар натичаи чуброни талаф вобаста ба гирифтани қитъаҳои замин аз гардиш ворид мешаванд, ба ҳисобномаи






    махсуси буҷети чумхури ворид карда шуда, мутобиқи моддаи 36 ҳамин Кодекс сарф карда мешаванд (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 45. Озод кардан аз чуброни талафи истеҳсолоти кишоварзи ва хоҷагии ҷангал

    Талаф вобаста ба гирифтани заминхр аз гардиш ва хоҷагии ҷангал, ба истиснои хуқуқи истифодабарии қитъахри замин бо хуқуқи бегона намудани онхр дар мавриди гирифтани қитъахри замин барои мақсадҳои зайл чуброн намешавад (Қонуни ҶТ аз

    5.01.2008              № 357, аз 01.08.2012 № 891):

    -      барои қитъаҳои замини наздиҳавлиги (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23);

    -      барои қабристонҳо;

    -       барои иншооти хоҷагии об ва мелиоративи ҳангоми ободонии заминҳои нав ва ё аз нав танзим кардани шабакаҳои обёрию заҳбурҳо;

    -       барои мактабу интернатҳо, хонаҳои бачагон ва муассисаҳои тибби;

    -      дар дигар ҳолатҳое, ки Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    БОБИ VII. Ҳифзи хукуқ оид ба замин

    Моддаи 46. Ҳифзи хукук оид ба замин

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Ҳифзи хуқуқи оид ба замин тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории шаҳрванди, ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар амали мегардад, аз чумла бо роҳи (Конун аз 5.01.2008 № 357):

    а) эътироф кардани хуқуқи оид ба замин;

    б)     манъ кардани мудохила ба фаъолияти заминистифодабарандагон аз тарафи давлат ва заминистифодабарандагони дигар, ба ғайр аз мавридҳои вайрон кардани қонуни замин аз тарафи заминистифодабарандагон;






    в) дар қонун муқаррар кардани номгӯи мукаммали ҳолатҳои манъ ва ё маҳдуд кардани хуқуқи оид ба замин аз тарафи давлат;

    г) дар қонун муқаррар кардани кафолатҳои ҳифзи хуқуқи оид ба замин ҳангоми манъ ё маҳдуд гардидани онҳо.

    Моддаи 47. Баррасии баҳсҳо оид ба замин

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Баҳсҳо, ки аз муносибатҳои вобаста ба замин бармеоянд, аз ҷониби суд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасй карда мешаванд (Конун аз

    5.01.2008              №№ 357).

    Моддаи 48.хорич карда шуд

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Моддаи 49. Эътирофи хукуқ ба қитъаи замин

    (Конуни ЧТ аз 25.03.2011 № 704)

    Эътирофи хуқуқ ба қитъаи замин ҳангоми мавчуд набудани хуҷҷати тасдиқкунанда дар асоси қарори суд оид ба эътирофи соҳибмулкии амволи ғайриманқули дар ин қитъаи замин ҷойгирбуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин дар маҳалҳо бо риояи талаботи Кодекси мазкур амалй карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 704, аз 01.08.2012 № 891).

    Моддаи 50. Барқарор кардани хуқуқи вайроншуда оид ба замин

    Хуқуқи вайроншуда дар мавридҳои зайл барқарор карда мешавад:

    а) аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин беэътибор дониста шудани санаде, ки ба қ,онунгузори мутобиқ нест ва хуқуқи оид ба замин ва манфиатҳои    қонунан           муҳофизашавандаи

    заминистифодабарандагонро вайрон мекунад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891);



    б) худсарона ишғол намудани қитъаи замин;






    в) дар мавридҳои дигаре, ки бо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии хуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон пешбини шудаанд.

    БОБИ VIII. ҲИФЗИ ЗАМИН

    Моддаи 51. Мақсаду вазифаҳои ҳифзи замин

    Ҳифзи замин системаи чорабиниҳои хуқуқи, иқтисоди ва дигар чорабиниҳоро дар бар мегирад, ки мақсад аз онҳо ҳифзи замин ҳангоми истифода, муҳофизати ҳосилнокии хок, пешгирии харобшавии онҳо ва беасос аз истифодаи кишоварзи хориҷ намудани заминҳои пурқимат, инчунин барқарор намудан ва баланд бардоштани ҳосилнокии замин мебошад (Конун аз

    5.01.2008              № 357).

    Ҳифзи замин дар асоси муносибати комплекси ба замин чун ба воҳидҳои мураккаби табий (системаҳои экологи) бо дарназардошти хусусиятҳои минтақавию ноҳиявии онҳо сурат гирифта, мақсадҳои зайл дорад:

    -      пешгири намудани харобшавию вайроншавии замин ва дигар оқибатҳои номусоиди фаъолияти хоҷагидори;

    -       таъмини беҳтару барқароршавии заминҳое, ки дучори харобшавию вайроншави гардидаанд;

    -      ба вучуд овардани механизми баҳисобгири ва санҷиши вазъи экологии замин, инчунин бо меъёрҳои экологи таъмин намудани заминистифодабарандагон, ки бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон тасдиқ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    Моддаи 52. Чорабиниҳо оид ба ҳифзи замин

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Заминистифодабарандагон оид ба ҳифзи замин чорабиниҳои зеринро амалй менамоянд (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891):

    -      ташкили дурусти қаламрав;

    -       барқарор кардан ва баланд бардоштани ҳосилнокии хок, ҳамчунин хусусиятҳои дигари замин;

    -      ҳифзи замин аз бодлесии (эрозияи) обу шамол, сел, обзеркуни, ботлоқшави, сахту шӯршави ва олудашави бо партовҳои






    истеҳсолот, моддаҳои кимиёию радиоактиви ва аз дигар протсессҳои харобшави;

    -     ҳифзи заминҳои кишоварзи аз пайдоиши буттазор, чакалакзор ва дигар равандҳои бадшавии ҳолати техникии киштукори замин;

    -           рекултаватсияи заминҳои харобшуда, барқарор кардани ҳосилнокии онҳо ва дигар хосиятҳои фоиданоки заминҳо ва сари вақт барои истеҳсолоти кишоварзи истифода бурдани онҳо;

    -           ҳангоми иҷрои корҳои вобаста ба харобшавии замин гирифтан, истифода бурдан ва нигоҳ доштани қабати ҳосилхези замин (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Агар дар кӯтоҳтарин фурсат барқарор намудани ҳосилнокии заминҳои кишоварзии харобгардида, ҳамчунин заминҳои бо моддаҳои кимиёи ва радиоактиви зиёда аз меъёри чризи заҳролудшави олудашуда ғайриимкон бошад, ба тартиби муқарраргардидаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи онҳо муваққатан манъ карда мешавад.

    Моддаи 53. Талаботи экологи оид ба ҷобаҷогузорӣ, лоиҳакашй, сохтмон ва ба истифода додани иншоотҳо, сохтмону иморатх,о

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Ҷобачргузорй, лоиҳакашй, сохтмон ва ба истифода додани иншоотҳои нав ва таъмиркардашуда, сохтмонҳо ва иморатҳо, инчунин чорй намудани технологияи наве, ки ба ҳолати замин таъсири манфй мерасонад, бояд чорабиниҳоро доир ба ҳифзи замин, риояи талаботи экологй, санитарию гигиенй ва вобаста ба дигар талаботҳои махсуси муқаррарнамудаи қонунгузорй пешбинй намуда, бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Ҷумҳурии Точикистон амалй карда шаванд (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 54. Ҳавасмандгардонии иқтисодии истифодаи дуруст ва ҳифзи замин

    Ҳавасмандгардонии иқтисодии истифодаи дуруст ва ҳифзи замин ба афзоиши ҳавасмандии заминистифодабарандагон барои нигоҳдори ва барқарор кардани ҳосилнокии қабати хок,






    ҳамчунин ба ҳифзи он аз оқибатҳои манфии фаъолияти истеҳсоли нигаронида шуда, инҳоро дар бар мегирад:

    а) чудо кардани маблағҳои буҷети давлати ва маҳалли, ҳамчунин истифодаи маблағҳои ба тариқи ҷарима ба суратҳисоби махсус дохилшаванда барои барқарорсозии заминҳое, ки ба вайроншавии онҳо шахсони истифодабарандаи ин заминҳо гунаҳкор нестанд, инчунин барои анҷом додани корҳои агротехники, мелиоратсияи ҷангал ва дигар тадбирҳои ҳифзи қабати хок;

    б) озод кардан аз пардохти пули қитъаҳои замине, ки мувофиқи лоиҳаи иҷрои корҳо дар марҳалаи ободонии кишоварзи ё беҳбуди тарккунии ҳолаташон қарор доранд;

    в) додани қарзҳои имтиёзнок барои чорабиниҳои беҳбуди ҳолат ва ташкили истифодаи замин;

    г) қисман аз маблағҳои буқет талофи намудани камшавии

    даромад дар натиҷаи муваққатан манъ кардани истифодаи қитъаҳои замине,                     ки ба харобшавии он

    заминистифодабарандагон гунаҳкор нестанд;

    д) ҳавасмандгардони барои беҳтар намудани сифати замин, баланд бардоштани ҳосилнокии замини фонди ҷангал, истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологи пок.

    БОБИ IX. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ РИОЯИ КОНУНГУЗОРИИ ЗАМИН, ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАМИН

    Моддаи 55. Мақрмоте, ки назорати давлатии риояи истифода ва ҳифзи заминро анҷом медиҳанд

    Назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин аз тарафи мақоми ваколатдори батанзимдарории муносибатҳо вобаста ба замин ва сохторҳои маҳаллии он ва мақоми ваколатдори давлатй оид ба ҳифзи муҳити зисти Ҷумхурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 01.08.2012 №891).

    Тартиби анҷомдиҳии назорати давлатии риояи қонунгузории замин, истифодаю ҳифзи замин ва тақсими вазифаҳо дар байни мақомоте, ки назорати давлатиро анҷом медиҳанд ва риояи низомномаҳои онҳо аз тарафи Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ карда мешавад.






    Моддаи 56. Вазифақои назорати давлатии риояи қонунгузории замин, истифода ва ҳифзи замин

    Вазифаи назорати давлатии риояи қонунгузории замин, истифодаи дуруст ва ҳифзи замин аз тарафи тамоми заминистифодабарандагон, мақомоти давлати, шахсони воқей ва хукуқи, сарфи назар аз тобеият ва шакли моликияташон, шахсони мансабдор аз таъмини ичрои қонунгузории замин, риояи талаботи (қоидаю меъёрҳои) махсус ва иҷрои чорабиниҳои оид ба истифодаю ҳифзи замин иборат мебошанд (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    БОБИ Х. ЗАМИНСОЗИ, КАДАСТРИ ДАВЛАТИИ ЗАМИН ВА МОНИТОРИНГИ ЗАМИН

    (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23)

    Моддаи 57. Мафхуми заминсози

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Заминсози мач,мӯи чорабиниҳоест, ки танзими худудии муносибатҳои вобаста ба замин, омӯзиш, банақшагири, ташкили истифода ва ҳифзи заминҳо, таъсиси заминистифодабарии нав ва танзими заминистифодабарии мавчуда, фондҳои замин, воҳидҳои марзию маъмури ва дигар объектҳои заминсози бо нишон додани сарҳадҳо дар мақал, ободонии қаламрави ташкилотҳои кишоварзи ва бехдошти манзарақои табиатро таъмин мекунад.

    Ба танзимдарории муносибатҳо вобаста ба заминсози тибқи Қонуни Чумхурии Тоҷикистон "Дар бораи заминсози" ба амал бароварда мешавад (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Моддаи 58 хориҷ карда шуд

    (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23)

    Моддаи 59 хориҷ карда шуд

    (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23)

    Моддаи 60 хорич; карда шуд

    (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23)






    Моддаи 61. Мафхум ва таъиноти кадастри давлатии замин

    Кадастри давлатии замин ягонагии чудонашавандаи системаи автоматикунонидаи маълумоти кадастри замин ва раванди кадастри замин мебошад.

    Мақсади кадастри давлатии замин аз дастрас шудани маълумоти боэътимод оид ба ҷойгиршавии заминҳои фонди ягонаи давлатии замин аз чиҳати табий, ҳуқуқй ва хоҷагидорй иборат мебошад.

    Кадастри давлатии замин маълумоти оид ба ташкили истифодаи дурусту ҳифзи замин, ба низом овардани муносибатҳои вобаста ба замин, асоснок кардани андозаи пардохти пули замин, танзими замин ва арзёбии фаъолияти хочагидориро дар бар мегирад. Вай яке аз самтҳои идоракунии фонди давлатии замини чумҳури ба хдсоб меравад.

    Кадастри давлатии замин бо системаи ягонаи дар чумхури буда аз ҳисоби воридшавии пули замин аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва сохторҳои маҳаллии он бурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    Тартиби амали кардани кадастри давлатии заминро Хукумати Чумхурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Мақомот ва шахсони мансабдор, ки кадастри давлатии заминро ҷори менамоянд, вазифадоранд дурустии маълумоти ба хуҷҷатҳои кадастри дохилшаванда, ҳамчунин ба шахсони хукуқии манфиатдор дастрас шудани ин маълумотро таъмин намоянд.

    Моддаи 62. Раванди кадастри замин

    Раванди кадастри замин ба мақсади давра ба давра ё пай дар пай аз нав кардани маълумоти кадастри замин ба роҳ монда мешавад.

    Раванди кадастри замин аз қисмҳои таркибии зайл иборат мебошад:

    -     бақайдгирии давлатии истифодаи замин;

    -     баҳисобгирии миқдор ва сифати замин;

    -     бонитировкаи (муайянсозии сифати) хок;






    - арзёбии иқтисодии замин.

    Амалисозии раванди кадастри замин дар натаҷаи бароҳмонии корҳои аэрокайҳонй, топографию геодезй, картографй, хокшиносй, геоботаникй, мелиоративй ва навъҳои дигари корҳои қустуқӯю таҳқиқот таъмин карда мешавад (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Моддаи 63. Мониторинги замин

    Мониторинги замин мушоҳидаи мунтазами (корҳои аксбардори ва таҳқиқоту қустуқӯи) ҳолати замин, муайян кардани тағйироти воқеъшаванда ва арзёбии онҳо мебошад. Вазифаҳои мониторинги замин аз инҳо иборат аст:

    а) сари вақт маълум кардани тағйироти ҳолати замин, арзёбии ин тағйирот, ояндабини ва таҳияи тавсияҳо оиди пешгирию бартараф кардани оқибатҳои равандҳои манфи (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23);

    б) таъмини иттилоотии пешбурди кадастри давлатии замин, истифодаи дурусти замин, заминсози, назорати истифода ва ҳифзи замин ва дигар вазифаҳои идоракунии давлатии заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

    БОБИ XI. ЗАМИНХОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗИ

    Моддаи 64. Мафхум ва таркиби заминҳои таъиноти кишоварзи

    Заминҳои таъиноти кишоварзи тамоми заминҳое ба ҳисоб мераванд, ки барои эҳтиёҷоти кишоварзи истифода мешаванд.

    Заминҳои таъиноти кишоварзи аз заминҳои корам, дарахтони бисёрсола, заминҳои партов, заминҳои алафдарав ва чарогохҳо, заминҳое, ки дар онҳо рохҳои дохилихоҷаги, коммуникатсияҳо, обанборҳо, иншоотҳои гидротехники ва биною иморатҳо воқеъ буда, барои истеҳсол, нигохдори ва коркарди аввали маҳсулоти кишоварзи истифода мешаванд, ҳамчунин дигар заминҳои ғайрикишоварзии дар дохили гурӯҳи мазкури заминҳо чрйгиршуда иборат мебошанд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23, аз 5.01.2008 № 357).

    Қисми сеюм хорич, карда шуд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).






    Моддаи 65. Додани заминқои таьиноти кишоварзи

    Заминҳои таъиноти кишоварзи ба инҳо дода мешаванд:

    -       ба шахсони воқеи ва ҳукуқи барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзи (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23);

    -       ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи барои боғдорию полезкори (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23);

    хорич карда шуд (Конун аз 18.06.2008 № 405);

    -             ба муассисаҳои таҳқиқоти илми, таълими ва дигар муассисаҳою корхонаҳои кишоварзи, омӯзишгохҳои истеҳсолию техникии деҳот ва мактабҳои таълимоти умуми барои мақсадҳои тадқиқоти, таълими, тарғиби таҷрибаҳои пешқадам ва барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзи;

    -             ба корхона, ташкилоту муассисаҳои ғайрикишоварзи, ташкилотҳои дини барои бароҳмонии хоҷагии ёрирасони кишоварзи.

    Додани заминҳои таъиноти кишоварзй бо тартиби заминсозии байнихоҷагй мутобиқи Қонуни Думҳурии Тоҷикистон "Дар бораи заминсозй" ба амал бароварда мешавад (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 66. Додани замин ба хочагии деҳқони (фермери)

    Китъаи замин ба шаҳрвандони Думҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташкили хоҷагии деҳқони (фермери) ба истифодаи якумраи мероси тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи хоҷагии деҳқонй (фермерй)" дода мешавад (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23, аз

    5.01.2008               № 357).

    Моддаи 67. хорид карда шуд

    (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23)

    Моддаи 68. хориҷ карда шуд

    (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23)

    Моддаи 69. хорич, карда шуд






    (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23)

    Моддаи 70. хориҷ карда шуд

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Моддаи 71. Додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон

    (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 01.08.2012 № 891)

    Қитъаҳои замини наздиҳавлигй ба шаҳрвандон аз ҷониби раисони шаҳрҳо, ноҳияҳо, вилоятҳо ва Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ваколаташон, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, қудо карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 405, аз 01.08.2012 № 891).

    Қитъаи замини наздиҳавлигй ба андозаи то 0,12 гектар аз заминҳои обй ва ба андозаи то 0,25 гектар аз заминҳои обёринашаванда, дар ноҳияҳои навкорам ва кӯҳй ба андозаи то 0,15 гектар аз заминҳои обй ва ба андозаи то 0,40 гектар аз заминҳои обёринашаванда, ки масоҳати сохтмонҳо ва ҳавлй ба хамин ҳисоб дохил мешаванд, дода мешавад.

    Андозаи мушаххаси қитъаҳои замини наздиҳавлигй дар доираи меъёрхои нишондодашуда бо назардошти фонди замини мавчуда ба зичии аҳолй дар асоси нақшаи кулли тараққиёт ва дигар нақшаи тараққиёти маҳалҳои аҳолинишин муайян карда мешавад.

    Меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандонро маҷлиси вакилони халқи ноҳия, шаҳр муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).

    Эзоҳ:

    ”Қисми дуюми моддаи мазкур ба қитъаҳои замини наздиҳавлигии пештар додашуда, татбиқ карда намешавад.

    Барои гирифтани қитъаҳои замини наздиҳавлигй, бо назардошти фонди замини мавчуда, шаҳрвандон роҳбарони оилаҳои нопурра, инчунин шахсони танҳои болиғе, ки дар никоҳ қарор надоранд ва дар якчоягй бо хешовандонашон зиндагй намекунанд, хуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 891).






    Моддаи 71.1 Тартиби додани қитъаҳои замини наздиҳавлиги ба

    шаҳрвандон



    (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 01.08.2012 № 891)

    Шаҳрвандон барои гирифтани қитъаҳои замини наздиҳавлигй ба мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлати муроҷиат менамоянд (Конун аз 5.01.2008 № 357, аз 18.06.2008 № 405) .

    Додани қитъаҳои замини наздиҳавлигй ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатй дар ҳолати мавқуд будани фонди замини наздиҳавлигй амалй карда мешавад (Конун аз 5.01.2008 № 357, аз 18.06.2008 № 405) .

    Раисони ноҳияҳо, шаҳрҳо дар ҳолати мавчуд набудани фонди замини наздиҳавлигй рӯйхати шаҳрвандони ба онҳо мурочиаткардаро тартиб дода, бо мақоми болой оид ба чудо намудани заминҳо барои ин мақсад, агар чудо намудани замин ба салоҳияти онҳо дохил набошад, муроҷиат менамоянд (Конун аз 5.01.2008 № 357, аз 18.06.2008 № 40)5) .

    Шаҳрвандоне, ки дорои қитъаи замини наздиҳавлигй мебошанд, ба онҳо дар ҳамин ноҳия, шаҳр дуюмбора қитъаи замини наздиҳавлигй дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки зарурияти кӯчонидани оилаҳоро талаб мекунанд (Қонуни ҶТ аз

    5.01.2008             № 357, аз 01.08.2012 № 891).

    Тақсим шудани оилаи шаҳрвандон боиси тақсими қитъаи замини наздиҳавлиги намегардад.

    Дар мавридҳои алоҳида, агар қитъаи замини наздиҳавлиги аз меъёри муайяншуда зиёд бошад, онро ба оилаи навташкил ва ё ба дигар оила тақсим кардан мумкин аст.

    Агар оилаи навташкил мувофиқи тартиби муқарраргардида дар ҷамоат ба қайд гирифта шуда бошад, тибқи тартиби умуми бо қитъаи замини наздиҳавлиги таъмин карда мешавад (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Моддаи 71.2 Додани замин барои ташкили хоҷагии иловагии ёрирасони шахси



    (Конун аз 5.01.2008 № 357)






    Ба шаҳрвандон барои ташкили хоҷагии иловагии ёрирасони шахсй бо розигии заминистифодабарандагони якумдараҷа қитъаҳои замин тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудо карда мешаванд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23, аз 5.01.2008 № 357).

    Қитъаи замин барои ин мақсадҳо аз заминҳои обй то 0,15 гектар ва аз заминҳои обёринашаванда то 0,50 гектар дода мешавад (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 71.3 Додани қитъаҳои замин ба шаҳрвандон барои чаронидани чорво ва алафдарави

    Ба шаҳрвандон, ки дар моликияти шахсиашон чорво доранд, барои чаронидани чорво ва алафдаравй бо дархости ҷамоатҳо аз заминҳои захиравй, фонди ҷангал, заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, инчунин аз заминҳои хоҷагиҳои кишоварзи ва дигар ташкилотҳое, ки дар истифодаашон заминҳои кишоварзи доранд, қитъаҳои замин бо тартиби зерин чудо карда мешаванд:

    а) аз заминҳои хочагиҳои кишоварзи ва дигар ташкилотҳое, ки дар истифодаашон заминҳои кишоварзи доранд - бо қарори мачлиси умумии ин хочагиҳо ва ташкилотҳо;

    б) аз заминҳои захираи давлатй - бо қарори раисони ноҳияҳо (шаҳрҳо);

    в) аз заминҳои фонди давлатии чангал - бо қарори раисони ноҳияҳо (шахрҳо) дар мувофиқа бо мақомоти хочагии чангал.

    хорич карда шуд (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 72. Додани қитъаҳои замин барои боғдорию полизкории коллективй

    Китъаҳои замин барои боғдорию полизкории коллективй ба шахсони воқей ва хукуқй аз заминҳое, ки қаблан дар истеҳсолоти кишоварзй истифода намешуданд, дода мешавад. Ба шахсони воқей ва хуқуқй қитъаҳои замин барои боғдорию полизкории коллективй аз рӯи ҳисоби то 0,06 гектари ба ҳар як аъзои коллектив дода мешавад. Тартиби додани қитъаи замин барои боғдорию полизкории коллективй аз чониби Хукумати Ҷумҳурии Точикистон муқаррар карда мешавад (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).






    Моддаи 73. Шартҳои тағйир додани худуду андозақои заминистифодабари

    Худуду андозаҳои заминистифодабарии корхонаю ташкилот ва муассисахри кишоварзи ҳангоми калон ё хурд кардани хоҷагиҳо бо назардошти мавқеи ҷойгиршави, шумораи аҳоли, кормандон, саҳмдорон дар асоси қарори маҷлиси умуми ё маҷлиси намояндагони онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории замини Ҷумхурии Тоҷикистон тағйир дода шуда, хуқуқи истифодаи замин аз нав ба қайд гирифта мешавад.

    Моддаи 74. Чрйгиркунии объектҳои сохтмони дохилиходагӣ

    Объектҳои сохтмони дохилихоҷагии корхонаҳои кишоварзӣ мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи заминсозӣ, лоиҳаҳои дохилихоҷагии заминсозӣ ё лоиҳаҳои тарҳрезию сохтмони маҳалҳои аҳолинишини деҳот ҷойгир кунонида мешаванд.

    Ҷойгиркунии иншоот барои сохтмони дохилихоҷаги дар заминҳои дар моддаи 29-и ҳамин Кодекс зикршуда танҳо дар ҳолатҳои махсус бо қарори Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

    Тартиби додани қитъаҳои замин барои сохтмони дохилихоҷагӣ аз ҷониби Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

    Моддаи 75. Тартиб ва шартҳои додани заминҳои таъиноти кишоварзӣ

    Заминҳои таъиноти кишоварзӣ бо тартиби заминсозии байнихоҷагӣ ба шахсони воқеӣ ва хуқуқӣ бо мувофиқаи заминистифодабарандагон мутобиқи Кодекси мазкур дода мешаванд.

    Додани заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба корхонаҳои кишоварзӣ дар худуди барои фаъолияти хоҷаги мувофиқ сурат мегирад. Ба порчадармиёнӣ, рахнашавии заминҳо ва дигар норасоиҳо дар заминистифодакунии онҳо роҳ дода намешавад.

    Барҳамдиҳии порчадармиёнӣ, рахнашавии заминҳо ва дигар норасоиҳо дар заминистифодабарии корхонаҳои кишоварзӣ бо ризояти тарафайн аз чрниби мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва сохторҳои маҳаллии он, бо тартиби заминсозии байнихоҷагӣ тибқи Қонуни






    Ҷумхурии Тоҷикистон ”Дар бораи заминсози" ба амал бароварда мешавад (Қонуни ДТ аз 01.08.2012 № 891).



    Ба корхона, ташкилоту муассисақои ғайрикишоварзИ, ҳамчунин ба ташкилоти дини қитъаҳои замин барои пешбурди хоҷагии кишоварзии ёрирасон ба мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзИ барои таъмини кормандону хизматчиёни корхона, ташкилоту муассисаҳои мазкур, ошхонаҳои мактабҳо, муассисаҳои бачагона, беморхонаҳо, хонаҳои пиронсолону маъюбон, шифохонаҳо ва истироҳатгоҳҳо дода мешавад.

    БОБИ XII. Заминқои маҳалҳои аҳолинишин (шаҳрҳо, шаҳракҳо ва маҳалҳои ақолинишини деҳот)

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Моддаи 76. Замини шақр

    Ба замини шаҳр ҳамаи заминҳои ҳудуди маъмурии шаҳр дохил мешаванд. Замини шаҳр дар ихтиёри ҳокимияти маҳалии шаҳр мебошад (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Моддаи 76.1 Ҳудуди маъмурии шаҳр

    Худуди маъмурии шаҳр сарҳади заминҳои шаҳр мебошад, ки онро аз дигар гурӯҳҳои замин чудо мекунад (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Худуди маъмурии шаҳр аз тарафи Маҷлиси миллии Мачдиси Олии Думҳурии Точикистон муқаррар ва тағйир дода мешавад.

    Ба худуди маъмурии шаҳр дохил намудани қитъаҳои замин боиси қатъ гардидани хукуқи истифодаи ин қитъаҳо аз тарафи заминистифодабарандагони пештара намегардад ва гирифтани ин заминҳо барои эҳтиёчоти шаҳр мувофиқи нақшаи генералии шаҳрсозИ бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Чумхурии Точикистон ба амал бароварда мешавад (Конун аз

    5.01.2008              № 357).

    Моддаи 77. Таркиби заминҳои шахр

    Ба таркиби заминҳои шаҳр инҳо дохил мешаванд:

    а) заминҳои минтақаҳои истиқоматии шахрҳо (Конун аз

    5.01.2008              № 357);






    б) заминҳои истифодаи умумй;

    в) заминҳои истифодаи кишоварзй;

    г) заминҳои зери боғҳо ва ҷангалу буттазорҳо (Конун аз

    5.01.2008               № 357);

    д) заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, қубурҳои магистралй ва заминҳои таъиноти дигар;

    е) заминҳои зери об ва обанборҳо (Қонун аз 5.01.2008 № 357);

    ж) заминҳои захираи шаҳрҳо (Қонун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 77.1 Истифодаи замини шаҳр

    Замини шаҳр мувофиқи нақшаҳои генералии шаҳр, лоиҳаҳои муфассали тарҳрезию сохтмонй, инчунин нақшаҳои сохтмони замину хоҷагидории ҳудуди шаҳр истифода бурда мешавад (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Моддаи 77.2 Додани қитъаҳои замин дар шаҳр

    Китъаҳои замин дар шаҳр барои истифодаи бемӯҳлат, мӯҳлатнок ва ичрра мутобиқи моддаи 26 ҳамин Кодекс дода мешаванд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23, аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 77.3. Заминҳои захираи шаҳрҳо

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Заминҳои захираи шаҳрҳо қитъаҳои замине мебошанд, ки дар ҳудуди шаҳр ба шахсони воқей ва ҳукуқй барои истифода дода нашудаанд, инчунин қитъаҳои заминҳое, ки нисбати онҳо ҳуқуқи истифода тибқи моддаи 37 Кодекси мазкур қатъ гардидааст (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 77.4. Заминҳои минтақаҳои истиқоматии шаҳрҳо

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Заминҳои минтакаҳои истиқоматии шаҳрҳо, заминҳое мебошанд, ки дар онҳо биноҳои истиқоматй ва ҳамчунин қитъаҳои замини наздиҳавлигй ҷойгир шудаанд (Конун аз

    5.01.2008               № 357).






    Моддаи 77.5 Додани қитъаҳои замин барои сохтмон дар шахр



    (Конун аз 5.01.2008 № 357)



    Ба шахсони воқей ва хукуқй қитъахри замин барои сохтмони саноатй, манзилй, маданию маишй ва дигар намуцхри сохтмони асосй дода мешаванд

    Андозаи қитъахри замин ва шартҳои ба мақсади мазкур истифода бурдани онҳо мувофиқи Кодекси мазкур ва қонунгузории Чумхурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23, аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 77.6 Заминҳои истифодаи умуми дар шаҳр

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Заминҳои истифодаи умумй аз заминҳои роҳҳо, роҳравҳо, боғҳои истироҳатй, гулгаштҳо, майдонҳо, заминҳои таъиноти маданию маишй, қабристонҳо ва дигар заминҳои истифодаи умуми иборат мебошанд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Моддаи 77.7 Додани заминҳои истифодаи умуми барои сохтмони бино ва иншоотҳои сабук

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Китъаҳои замин аз заминҳои истифодаи умумй ба шахсони воқеию хуқуқй ба истифодаи бемӯҳлат ва мӯҳлатнок барои сохтмонҳои навъи сабук (хаймаҳои савдо, дӯконҳо, иншооти рекламавй ва ҳоказо) бидуни расонидани зарар барои истифодаи умумй дар асоси қарори раиси шаҳр дода мешаванд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Моддаи 77.8 Заминҳои истифодаи кишоварзй дар шаҳр

    Ба заминҳои истифодаи кишоварзй дар шаҳр заминҳои корхонаю ташкилотҳои кишоварзй, ки дар худуди заминҳои маъмурии шаҳр воқеанд, дохил мешаванд.

    хорич карда шуд (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Моддаи 77.9 Заминҳои зери боғҳо ва дангалу буттазорҳо

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)






    Ба заминҳои зери боғҳо ва ҷангалу буттазорҳои шаҳр заминҳое дохил мешаванд, ки дар онҳо ҷангал ва буттазорҳо ҷойгир шуда бо мақсади беҳбуди вазъи муҳити зист, қонеъ гардонидани талаботи маданию эстетикии аҳолй, ҳифзи замин аз бодлесшавии обу шамол хизмат мекунанд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23, аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 77.10 Заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, кубурҳои магистралй ва заминҳои таъиноти дигари шаҳрҳо

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Ба заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, қубурҳои магистралй ва заминҳои таъиноти дигар дар шаҳр заминҳое дохил мешаванд, ки онҳо барои истифода ба роҳҳои нақлиёти автомобилй, роҳи оҳан, роҳҳои обй ва ҳавой, қубурҳо, хатҳои интиқоли барқ, алоқа, заминҳои саноатии коркарди канданиҳои фоиданок ва ғайра дода шудаанд.

    қисмҳои дуюм ва сеюм хориҷ карда шуданд (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 77.11 Заминҳои зери об ва обанборҳо

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Ба заминҳои зери об ва обанборҳо заминҳои зери обанборҳо, зери кӯлҳо, дарёҳо, каналҳо, ботлоқ, иншоотҳои гидротехникй ва дигари дар зери об қарордошта дохил мешаванд (Конун аз

    5.01.2008              № 357).

    Моддаи 77.12 Заминҳои шаҳрак

    Тамоми заминҳои дохили худуди шаҳрак ба заминҳои шаҳрак дохил мешаванд.

    Заминҳои шаҳрак дар ихтиёри мақомоти худидоракунии шаҳрак мебошад.

    Ба заминҳои шаҳрак муқаррароти моддаҳои 76-80 ҳамин Кодекс ба ғайр аз моддаҳои 77.2 ва 77.7 паҳн мегарданд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23, аз 5.01.2008 № 358).



    Моддаи 77.13 Заминҳои маҳали аҳолинишини деҳот






    Ба заминҳои маҳали аҳолинишини деҳот ҳамаи заминҳое тааллуқ доранд, ки дар дохили сарҳадҳои муқарраршудаи ин маҳали аҳолинишин воқеъ мебошанд (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Заминҳои маҳали аҳолинишини деҳот дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти маҳалли мебошанд.

    Заминҳои маҳали аҳолинишини деҳот мувофиқи лоиҳаҳои сохтмон ва нақшаи хоҷагидори барои заминҳои наздиҳавлиги, сохтмони биноҳои истиқоматй, маданию маишй, иншооти истеҳсолй ва дигар мақсадҳо истифода бурда мешаванд.

    Худуди маҳали аҳолинишини деҳот бо пешниҳоди мақомоти худидоракунии деҳот аз тарафи мақомоти дахлдори ҳокимияти маҳаллй дар доираи салоҳияти он муқаррар ва тағйир дода мешавад (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Моддаи 78. Заминҳои минтақаи наздишаҳрию сабзазорҳо

    Заминҳои берун аз худуди шаҳр, ки манбаи васеъшавии худуди шаҳр, маҳали ҷойгиронй ва сохтмони иншооти зарури марбут ба ободонию фаъолияти мӯътадили хоҷагии шаҳр мебошанд, инчунии замини ҷангалу бешабоғ ва дигар дарахту буттазор, ки вазифаи муҳофизави ва санитарию гигиениро иҷро менамоянду ҷои истироҳати омма мебошанд, мутобиқан ҳамчун заминҳои минтақаи наздишаҳрию кабудизори шаҳр истифода мешаванд.

    Моддаи 79. Тартиби чудо кардани минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо

    Минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо бо қарори Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон бо муайян кардани андозаю худуди минтақа, инчунин тартиби заминистифодабари дар онҳо қудо карда мешаванд.

    Ба минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо дохил намудани қитъаҳои замин боиси гирифтан қитъаҳои замин намегардад ва заминистифодабарандагон хукуқи худро ба ин қитъаҳо нигоҳ медоранд (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 80. Ҳифзи заминҳои минтақаи наздишаҳрию кабудизорҳо






    Заминҳои минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо таҳти муҳофизати махсус мебошанд. Дар ин заминҳо сохтани иншоот, ки ба корҳои муҳофизатй, санитарию гигиении минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо ва ба мақсади ташкили истироҳати омма алоқаманд намебошанд, манъ аст.

    БОБИ XIII. ЗАМИНҲОИ САНОАТ, НА(ЛИЁТ, АЛОКА, МУДОФИА ВА ТАЪИНОТИ ДИГАР

    Моддаи 81. Заминҳои саноат

    Заминҳои саноат заминҳое мебошанд, ки ба корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои саноатй барои сохтмон, истеҳсолоти саноатй, ҳамчунин барои эҳтиёҷоти хоҷагидорй ва дигар эҳтиёҷоти махсус дода шудаанд.

    Моддаи 82. Заминҳои истихроч; ва коркарди канданиҳои фоиданок

    Заминҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок қитъаҳои замине ба ҳисоб мераванд, ки ба шахсони воқеию ҳуқуқй барои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Шахсони воқеию ҳуқуқй ҳангоми ичрои корҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок ӯхдадоранд, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии заминистифодабарандагони ҳамсояро вайрон накунанд ва тамоми тадбирҳои зарурии таъмини истифодаи дурусту ҳифзи заминро андешанд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Моддаи 83. Қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини барои коркарди канданиҳои фоиданок додашуда

    Баробари қатъ гардидани ҳуқуқи коркарди канданиҳои фоиданок аз рӯи асосҳои пешбининамудаи қонунгузори дар бораи сарватҳои зеризамини ҳуқуқи шахсони воқеию ҳуқуқи барои истифодаи қитъаи замини барояш чудокардашуда низ қатъ мегардад (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Дар ин маврид шахсони воқей ва ҳуқуқй ӯҳдадоранд, ки заминро ба ҳолати аввала барқарор намуда, мувофиқи тартиби муқарраршуда ба заминистифодабарандаи якумдарача баргардонанд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).






    Моддаи 84. Заминҳои нақлиёт

    Тамоми заминҳое, ки барои эҳтиёҷоти навъи нақлиёти дахлдор дода шудаанду бо нигохдошт, таддид, тараққию такмили рохҳои алоқа вобастаанд, заминҳои нақлиёт дониста мешаванд.

    Ин заминҳо ба заминҳои нақлиёти автомобилй, роҳи оҳан, обй ва ҳавои дудо мешаванд.

    Моддаи 85. Заминҳои кубурҳои магистралй

    (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23)

    Заминҳои қубурҳои магистралй (қубурҳои газ, нафт) қитъаҳои замине ҳисоб мешаванд, ки ба шахсони воқей ва ҳуқуқй барои ҷойгиронии биною иншоотҳои ёрирасон, хизматрасонй ва дигар иншоотҳои таъминкунандаи истифодаи меъёрии ин соҳа мутобиқи лоиҳаҳои техникй дода шудаанд. (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Шахсони воқей ва ҳуқуқй, ки ба онҳо қитъаҳои замин барои истафодаи мӯҳлатнок ҷиҳати гузаронидани қубурҳои магистралй чудо шудаанд, пас аз анҷом додани корҳои сохтмони вазифадоранд ин қитъаҳоро ба ҳолати пештараашон баргардонанд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Моддаи 86. Заминҳои хати алоқа, радио ва барқ

    Ба заминҳои хати алоқа, радио ва барқ заминҳое мансубанд, ки ба корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои истифодабарандаи ин хатҳо мувофиқи меъёр ва лоихаҳои техникй барои сохтани пояҳои хати ҳавоии алоқа, радио ва интиқоли барқ, сохтани иморату иншоот ва дигар дастгохҳо дода шудаанд.

    Моддаи 87. Заминҳо барои эҳтиёҷоти мудофиа

    Заминҳо барои эҳтиёҷоти мудофиа заминҳое ба хдсоб мераванд, ки барои ҷойгир кунондан ва фаъолияти доимии қисмҳо ва муассисаҳои ҳарбй, мактабҳои таълимии ҳарбй, ташкилоту корхонаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадй ва дохилй дода шудаанд.

    БОБИ XIV. ЗАМИНҲОИ ҲИФЗИ ТАБИАТ,_ СОЛИМГАРДОНӢ, РЕКРЕАТСИОНИИ ВА ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

    Моддаи 88. Заминҳои ҳифзи табиат






    Ба заминҳои ҳифзи табиат заминҳои мамнуъгоҳҳо, боғҳои миллию дендрологй, боғҳои ботаникй, парваришгоҳҳо (ғайр аз парваришгоҳҳои шикорй) ва ёдгориҳои табиат мансубанд.

    Дар заминҳои мазкур фаъолияти хилофи таъиноти мақсадноки онҳо маиъ аст.

    Барои таъмини режими мамнуъгоҳҳо, боғҳои миллию дендрологй, боғҳои ботаникй, парваришгоҳҳо (ғайр аз парваришгоҳҳои шикорй), ёдгориҳои табиат минтақаҳои муҳофизати таъсис дода, дар заминҳои ин минтақаҳо машғул шудан бо фаъолияте, ки ба риояи режими онҳо таъсири манфи мерасонад, манъ карда мешавад.

    Тартиби истифодаи заминҳои ҳифзи табиатро қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон муайян менамояд.

    Моддаи 89. Заминҳои солимгардонй

    Ба заминҳои солимгардонй қитъаҳои замине дохил мешаванд, ки омилҳои табиии муолиҷавй (чашмаҳои оби маъданй, гили шифобахш, шароити иқлим ва дигар шароит) дошта, барои ташкили профилактикаю табобат мусоид мебошанд.

    Заминҳои курортҳо бояд махсус муҳофизат шаванд. Ба мақсади ҳифзи омилҳои муолиҷавии табиат дар ҳамаи курортҳо минтақаҳои муҳофизати санитарй муқаррар карда мешавад. Қитъаҳои замине, ки дар онҳо минтақаҳои мазкур муқаррар мегарданд, аз заминистифодабарандагон гирифта намешаванд. Дар доираи ин минтақаҳо ба корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо муҳофизати хусусиятҳои муолиҷавии табий ва шароити мусоиди истироҳати аҳоли номувофиқанд, барои истифода додани қитъаҳои замин манъ аст.

    Тартиби истифодаи заминҳои солимгардониро қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон муаяйн менамояд.

    Моддаи 90. Заминҳои рекреатсионй (истироҳатӣ)

    Заминҳои рекреатсионй заминҳое мебошанд, ки барои истироҳати муташаккилонаи оммавй, туризми аҳолй пешбинй ва истифода мешаванд.






    Ба онҳо қитъаҳои замини хонаҳои истироҳатй, пансионатҳо, санаторияҳо, кемпингҳо, базаҳои туристй, лагерҳои туристию солимгардонии статсионарию хаймавй, хонаҳои моҳигирон ва шикорчиён, бошишгоҳҳои туристии бачагона, боғҳои истироҳатй, лагерҳои пионерй ва варзишии берун аз заминҳои солимгардонй ҷойгиршуда мансуб мебошанд.

    Дар заминҳои рекреатсиони фаъолияте, ки барои истифодаи мақсадноки заминҳо монеъ мешаванд, манъ аст.

    Тартиби истифодаи заминҳои мазкурро қонунгузории Ҷумхурии Точқкистон муайян мекунад.

    Моддаи 91. Заминҳои таьиноти таърихию фарҳангӣ

    Ба заминҳои таъиноти таърихию фарҳангй заминҳои мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангй, боғҳои ёдгорй, мақбараҳо ва ёдгориҳои бостонй дохил мешаванд.

    Дар ин заминҳо ҳар гуна фаъолияти хилофи таъиноти мақсадноки онҳо манъ аст. Тартиби истифодаи чунин заминҳоро қонунгузории Думхурии Точикистон муайян мекунад.

    БОБИ XV. ЗАМИНҲОИ ФОНДИ ДАВЛАТИИ ҶАНГАЛ

    Моддаи 92. Заминҳои фонди давлатии ҷангал

    Заминҳои фонди давлатии чангал заминҳои чангалзор, инчунин заминҳои бедарахте, ки барои эҳтиёчоти хочагии чангал дода шудаанд, ба ҳисоб мераванд.

    Заминҳои фонди давлатии чангал бояд аз дигар гурӯҳҳои заминҳо ба воситаи нишонаҳои марзии намунаашон муқарраршуда чудо карда шаванд.

    Моддаи 93. Истифодаи заминҳои фонди давлатии ҷангал

    Заминҳои фонди давлатии ҷангал мувофиқи мақсади асосии таъиноташон барои ташкили хоҷагии ҷангал ва эҳтиёҷоти хоҷагии халқ истифода мешаванд.

    Истифодаи заминҳои фонди давлатии ҷангалро барои ташкили хоҷагии ҷангал (барқарор ва парвариш намудани ҷангалзор ва ғайра) ва ҷамъоварии неъматҳои табиат мақомоти хоҷагии ҷангал, инчунин дигар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои






    давлатию ҷамъиятие, ки заминҳои фонди ҷангал ба онҳо вобаста карда, шудааст, таъмин менамоянд.

    Моддаи 94. Додани заминҳои фонди давлатии ҷангал барои эҳтиёҷоти кишоварзй ва ғайрикишоварзй

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Заминҳои фонди давлатии ҷангал, ки барои эҳтиёчрти хоҷагии ҷангал ва саноатй он истифода намешаванд, тибқи тартиби муқарраргардидаи Кодекси мазкур ба истифодаи шахсони воқей ва хуқуқй барои эҳтиёҷоти кишоварзй ва ғайрикишоварзй дода мешаванд.

    Қисмҳои дуюм ва сеюм хориҷ карда шаданд (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    БОБИ XVI. ЗАМИНҲОИ ФОНДИ ДАВЛАТИИ ОБ Моддаи 95. Заминҳои фонди давлатии об

    Ба заминҳои фонди давлатии об заминҳои обанборҳо, пиряхҳо, тармаҳо, ботлоқу иншооти гидротехникй ва дигар иншооти хоҷагии об, инчунин заминҳое, ки барои соҳили обанборҳо, каналҳо ва заҳбурҳои асосй ва байнихоҷаги чудо шудаанд, мансубанд.

    Моддаи 96. Таъинот ва истифодаи заминҳои фонди давлатии об

    Заминҳои фонди давлатии об ба мақсади таъмини истифодаи оқилонаи тамоми захираҳои об ва инчунин барои мақсадҳои хочагии об, моҳидори, чангал, дигар соҳаҳои хочагии халқ, нақлиёги обй, гузаронидани корҳои тадқиқотй ва мақсадҳои дигар истифода бурда мешаванд.

    Дар заминҳои фонди давлатии об корҳои зайл анчом дода мешаванд:

    -      сохтмони нншооте, ки эҳтиёчоти аҳолй ва хочагии халқро бо оби нӯшокй ва ғайринӯшокй пурра таъмин менамоянд;

    -      бунёд ва азнавсозии иншооти гидротехникй барои обшор ва обёри кардани заминҳои кишоварзй:

    -      сохтмони иншооти муҳофизати соҳилҳо, садду дарғотҳо ва дигар объектҳои пешгирикунанда ё барҳамдиҳандаи таъсири






    бади об (обхези, обзеркуни, зери об мондан, ботлоқзору шӯршавй, бодлесии хок, пайдошавии ҷарҳо, ярч, сел ва ғайра);

    - истифодаи қитъақои замини мавзеъҳои назди соҳилҳо барои кишоварзИ, полизкорИ ва заминҳои саҳмии хизматИ.

    Тартиби истифодаи заминҳои фонди давлатии обро қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон муайян менамояд.

    Моддаи 97. Махдуд кардани истифодаи қитъаҳои замини назди соҳили обанборҳо

    Дар доираи замини қудокардаи соҳили обанборҳо сохтани иншооте, ки ба истифодаи заминҳои фонди давлатии об мувофиқи таъиноташон монеъ мегардад, ичрзат дода намешавад (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    Моддаи 98. Минтақаи муҳофизатии заминҳои фонди давлатии об

    (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23)

    Барои таъмин намудани ҳолати зарурии тозагии обе, ки барои нӯшокИ ва таъминоти маишИ, инчунин барои эҳтиёчрти табобатИ, маданию солимгардонии аҳолИ истифода бурда мешавад, минтақаҳои муҳофизатИ муқаррар мегарданд.

    Андозаи минтақаҳои муҳофизатиро қонунгузории Ҷумхурии Точикистон муқаррар менамояд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).

    БОБИ XVII. ЗАМИНҲОИ ЗАХИРАИ ДАВЛАТӢ Моддаи 99. Заминҳои захираи давлатй

    Ҳамаи заминҳое, ки ба истифода дода нашудаанд, заминҳои захираи давлатИ буда, захира барои истеҳсолоти кишоварзИ, саноат, нақлиёт ва дигар эҳтиёчоти хочагии халқ ба шумор мераванд. Ба ин намуди заминҳо инчунин заминҳое, ки хуқуқи истифодаи онҳо мувофиқи моддаи 37 ҳамин Кодекс қатъ гардидааст ва фонди махсуси ташкилшудаи замин дохил мешаванд.

    Заминҳои захираи давлатии дар ихтиёри мақомоти ичроияи маҳаллии ҳокимияти давлатИ буда чиҳати ба истифода ва ичора






    додан бештар барои истеҳсолоти кишоварзи пешбини шудаанд (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357, аз 01.08.2012 №891).

    Моддаи 100. Хорич карда шуд

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    БОБИ XVIII. Мукаррароти хотимавӣ

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Моддаи 101. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Кодекси мазкур

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Шахсоне, ки талаботи Кодекси мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ба ҷавобгарИ кашида мешаванд (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 102. Таъиноти маблағҳое, ки аз вайронкунандагони қонунгузории замин ситонида мешаванд

    Маблаги ҷаримаи аз шахсони воқеию хуқуқи воридгардида бо таъиноти мақсаднок барои мақсадхри зайл истифода мешавад:

    а) обод кардани заминхри нави дар соҳаи кишоварзи истифодашаванда, барқарор кардан ва баланд бардоштани ҳосилнокии хок;

    б) барқарор кардани заминҳои харобгардида, рекултиватсияи заминҳои ифлосшудаю вайронгардида ва чорабиниҳои дигари бехдошти замин;

    в) ҳифзи замин ва дигар захираҳои табиИ;

    г) анҷом додани корҳои арзёбии замин ва инвентаризатсияи замин;

    д) анчрм додани корҳои кадастрии замин;

    е) анҷом додани корҳои заминсозИ;

    ж) таъминоти моддию техникии мақомоте, ки назорати давлатии истифодаю ҳифзи заминро ич,ро менамоянд;






    з) тартиб ва татбиқ намудани лоиҳахр, гузаронидани корҳои илмию тадқиқоти барои беҳдошти ҳолати замин (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23, аз 28.07.2006 № 199).

    Моддаи 103. Хориҷ карда шуд

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Моддаи 104. Баргардонидани қитьаҳои замини худсарона ишғолкардашуда

    (Конун аз 5.01.2008 № 357)

    Қитъаҳои замини худсарона ишғолкардашуда бе қуброни хароҷоте, ки дар муддати ғайриқонунй истифодабарй сарф шудааст, мувофиқи таъиноташон баргардонида мешаванд. Ба ҳолати барои истифодаи мувофиқ баргардонидани қитъаҳои замин, аз чумла барҳам додани сохтмон аз ҳисоби шахсоне, ки қитъаҳои заминро худсарона ишғол намудаанд, амалй карда мешаванд.

    Қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) баргардонида мешаванд (Конун аз 5.01.2008 № 357).

    Моддаи 105. Шартномаҳои байналмилалй

    Агар дар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумхурии Тоҷикистон нисбат ба Кодекси замини Ҷумхурии Тоҷикистон қоидаҳои дигар пешбинй шуда бошанд, қоидаҳои шартномаҳои байналмилали мавриди истифода қарор мегиранд (Қонун аз 28 феврали соли 2004 № 23).



     


    Файл:  Загрузить

    Бозгашт