Тоҷикӣ      Русский      English
«Нам нужно решать вопросы защиты окружающей среды,
вселенной. Флора и фауна, серьезно относятся к экологической
ситуации показать и пересмотреть для этой цели
Мы улучшили законодательство в этой сфере ».
Эмомали Рахмон
Меню
  • ГЛАВНАЯ
  • О КОМИТЕТЕ
  • ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ
  • МЕЖДУНАРОДНОЕ СОТРУДНИЧЕСТВО
  • ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВА
  • НОВОСТИ
  • ОБЪЯВЛЕНИЯ
  • Комитет охраны окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан

    Проведение экологических акций в районе Рудаки
    Новости

    Проведение экологических акций в районе Рудаки                   

                             


    Тибқи нақшаю чорабиниҳои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷамоати деҳоти Зайнабобод аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 80 нафар шаҳрвандон иштирок намуда, 500 метр тоза карда шуда, 8,0 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуд.

    Дар ҷамоати деҳоти Султонобод ва шаҳраки Мирзо Турсунзода бо иштироки 185 нафар сокинон аксияи “Тозагии маҳал” баргузор гашт, ки дар натиҷа масофаи 1500 метр аз партовҳо ва буттаҳои худрӯй тоза карда шуда, 11 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуд.

    Инчунин, дар ҷамоатҳои деҳоти Чоргултеппа ва Султонобод аксияи “Тозагии роҳ” баргузор гардид. Дар аксия 165 нафар сокинони ҷамоатҳои мазкур иштирок намуда, 2200 метр аз алафҳои бегона ва партовҳои гуногун тоза карда шуда, 7 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуд.

    Баҳри беҳдошти муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз ҷониби мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода ва кормандони Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Куктош”-и ноҳия доир ба “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.

    мэ (2).jpg мэ куктош.jpg 


    Вернуться