Семинари байналмилалӣ оид ба таҳияи барномаи идоракунии гӯсфанди кӯҳии Марко Поло(архар) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
15-16 октябри соли 2024 дар китобхонаи миллии Тоҷикистон семинари байналмилалӣ оид ба таҳияи Барномаи идоракунии гӯсфанди кӯҳии Марко Поло(архар) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Семинарро бо сӯхани ифтитоҳи муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ ва Муратов Рустам Шарифович, намояндаи Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар кори семинар намояндагони мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъияти, олимон ва мутахассисони хориҷӣ иштирок намуданд.
Вобаста ба муҳимият ва ҳифзи гӯсфанди кӯҳии Марко Поло(архар) намояндаи АМИТ бо рӯйнамо баромад намуд.
Дар қисмати дигари семинар вобаста ба таҳияи Барномаи идоракунии гӯсфанди кӯҳии Марко Поло(архар) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ровӣ тариқи рӯйнамо сӯханронӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо иштирокчиёни семинар барои баррасии нақша чорабиниҳои он пешниҳоду мулоҳизаҳо баргузор гардид.
Бояд ёдрас кард, ки Барномаи идоракунии гӯсфанди кӯҳии Марко Поло(архар) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ба нақша гирифта шудааст.