Продовольственная помощь республиканской специальной школе в городе Душанбе
Дар арафаи соли нави мелодӣ ва дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони яккаву танҳо ва аз ҷиҳати саломатӣ нуқсондошта аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе кумаки маводи ғизоии навбатӣ расонида шуд.
Маводи ғизоӣ, аз 200 кг орд, 200 кг шакар, 200 кг картошка, 200 кг пиёз ва 60 литр равған сабзӣ иборат буд.
Чунин кумакҳо аз ҷониби Кумита ва сохторҳои тобеи он дар ҷойҳо ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа пайваста расонида мешавад.